Ассотсиатсияи мушовирони халқии ҶТ: дар давраи пандемияи COVID-19 мо ба ҳимояи ҳуқуқҳои фаъолони шаҳрвандӣ таваҷҷуҳ додем

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид сохтааст. Бо муроҷиат ба аъзои Эътилоф, аз онҳо пурсон шудем, ки барои чӣ узви Эътилоф шудаанду кадом вазифаҳоро бар уҳда доранд ва дар замони пандемияи Covid-19 кадом корҳоро барои Эътилоф анҷом доданӣ ҳастанд? Инак, назари узви Эътилоф - Ассотсиатсияи мушовирони халқии ҶТ дар ин маврид:

- Эътилоф - командаи ҳуқуқҳимоякунандагони маълумотнок аст, ки мақсаду вазифаҳои яксон доранд. Ҳамин тавр, баҳрабарандагони асосии Ассотсиатсияи мушовирони халқии ҶТ машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистонанд ва онҳо, дар навбати худ, ҳамчун аъзои ҳайати судӣ, метавонанд дар таъмини баррасии судии шаффоф, ҳаматарафа ва адолатнок, инчунин дар ошкор намудани далелҳои шиканҷа нақши муҳим бозанд. Барои ҳамин, қарори дохил шудан ба Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон қабул карда шуд.

Ассотсиатсияи мушовирони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Гуруҳи расонаӣ ба шумор меравад. Дар давраи аъзогӣ дар Эътилоф Ассотсиатсия лоиҳаи «Нақши машваратчиёни халқӣ дар амалисозии адолати судӣ»-ро амалӣ намуд, ки дар доираи он тренингҳо, вохўриҳои иттилоотӣ ва барномаҳои телевизионӣ оид ба боло бурдани сатҳи иттилоотӣ-ҳуқуқии машваратчиёни халқӣ, инчунин маълумотноксозии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди муҳимият ва самаранокии корҳои касбии Институти мушовирони халқӣ оид ба мубориза бо далелҳои истифодаи шиканҷа ва пешбурди онҳо дар рафти мурофиаҳои судӣ дар вилояти Суғд гузаронида шуданд.

Инчунин, дар ин давра аз ҷониби Ассотсиатсияи мушовирони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи шарикии ҷумҳуриявии «Ҳуқуқ ба саломатӣ - арзиши муҳими инсон» бо дастгирии молиявии OSIAF-Tajikistan телефони боварии (+992) 98 333 8757 ташкил ёфтаву фаъолият мекунад, ки ба расонидани машварати ҳуқуқӣ ҳам ба мизоҷон ва ҳам ба кормандони соҳаи тандурустӣ машғул аст. Ҳар моҳ тариқи ин телефони боварӣ то 20 адад зангҳо аз ҷониби муроҷиаткунандагон ворид мешаванд.

Дар се шаҳри вилояти Суғд - Исфара, Хуҷанд, Панҷакент оид ба баланд бардоштани маълумотнокии ҳуқуқии мизоҷон дар мавриди ҳимояи ҳуқуқҳояшон ҳангоми расонидани хидматгузории тиббӣ семинарҳои иттилоотӣ гузаронида шуданд, ки дар онҳо 300 нафар иштирок карданд. Моҳи январи соли 2021 гузаронидани чунин семинарҳо дар ноҳияҳои Деваштич ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин, моҳи июни соли 2020 дар доираи лоиҳаи ҷории Ассотсиатсияи мушовирони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Озодии ВАО - кафолати шаффофият» барномаи ток-шоу бо иштироки намояндагони фаъоли ВАО саббт карда шуд, ки дар он нақши ВАО дар рушди ҷомеаи демократӣ, ҳамзамон нақши беамсоли он барои паҳнсозии иттилооти дақиқ дар замони пандемия дар Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳокима гардид. Онҷо ҳамчунин зарурияти дастрасии озоди ВАО ба манбаъҳои боэътимоди иттилоот оид ба масоили пандемия, муҳимияти ҳамкории ВАО бо мақомоти давлатӣ дар ин масъала зикр гардид.

Ассотсиатсияи мушовирони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро дар самти фаҳмонидани ҳуқуқҳои мизоҷони худ барои таъмини дастрас намудани хизматрасонии босифати тиббӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандони тиббӣ дар сурати нақзи ҳуқуқҳояшон идома медиҳад.

Аз моҳи июл то декабри соли 2020 Ассотсиатсия лоиҳаи «Хонаи бидуни зўроварӣ»-ро амалӣ намуд, ки дар доираи он баҳри боло бурдани маълумотнокии ҳуқуқии занон / қурбониёни имконпазири хушунати хонаводагӣ дар шаҳрҳо / ноҳияҳои вилояти Суғд тренингҳо гузаронида шуданд. Дар ВАО дар мавзуи лоиҳа се мақола ба нашр расонида шуд.

Чун дар замони пандемия худи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳояшон ниёз пайдо карданд, барои ҳамин, моҳи ноябри соли 2020 бо ташаббуси ду узви Эътилоф - Ассотсиатсияи мушовирони халқии ҶТ ва ТҶ «Отифа» лоиҳаи шарикии «Дастгирии иттилоотӣ-ҳуқуқии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҒД, фаъолон)» ба фаъолият оғоз намуд, ки ба боло бурдану таъмини амнияти бехатарӣ таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. Қайд кардан зарур аст, ки ба чорабиниҳои лоиҳавӣ на танҳо аъзои Эътилофи зидди шиканҷа дар вилояти Суғд, инчунин аъзои дигар шабакаву эътилофҳо, амсоли Шабакаи ТҶ «Иттифоқи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар самти тандурустии ҷамъиятӣ», Шабакаи «Дастрасӣ ба адолати судӣ» ва дигар фаъолон ҷалб шудаанд.

Айни замон силсилаи тренингҳо гузаронида мешаванд, телефони боварии (+992) 92 9409494 фаъол аст, нашри матолиби иттилоотиву паҳнсозии онҳо миёни намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар бораи фаъолияти Ассотсиатсия метавонед тариқи суроғаи https://www.facebook.com/publicassessors/ маълумоти бештар ба даст оред.

Ассотсиатсияи мушовирони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон