Бояд таҳаммулпазирии "сифр"-ро нисбат ба шиканҷа дар Тоҷикистон ва дастгирии татбиқи ин сиёсатро дар амал тасдиқ кунем

Чаро Рӯзи ҳуқуқи инсон муҳим аст?

То имрӯз ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки дар матни Эъломия инъикос ёфтаанд, дар он чун риштаи сурх мегузарад ва бетағйир боқӣ мондааст, инро ҳомиёни ҳуқуқи башари тоҷик, ки дар самтҳои гуногун ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро дар Тоҷикистонр тарғиб ва ҳимоя мекунанд низ мегӯянд. Инак назари онҳоро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон пешкаши шумо менамоем...

Холматова Гулчеҳра, директори Ташкилоти чамъиятии "Дунёи ҳуқуқ": «Дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ёдовар намудани масъалаи мубрами мубориза бар зидди шиканҷаро, ки бо тамоми зуҳуроташ ғайри қобили қабул аст, зарур мешуморам. Дар бораи ин масъала аз минбарҳои олӣ, дар сатҳи мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сухан меравад ва дар бораи зарурати боз ҳам такмил додани қонунгузории миллӣ оид ба мубориза бо шиканҷа қайд мегардад. Дар Рӯзи ҳуқуқи инсон мо бояд бори дигар таҳаммулпазирии "сифр"-ро нисбат ба шиканҷа дар Тоҷикистон ва дастгирии татбиқи ин сиёсатро дар амал тасдиқ кунем».

Рақамҳои телефони боварии Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон:

Вилояти Суғд: 98 787 33 33

Вилояти Хатлон ва ВМКБ: 98 787 66 66

Шаҳри Душанбе ва ШНТҶ: 98 708 76 76

Почтаи электронӣ: Notorturetjk@gmail.com

Сомона: www.notorturetj.org

Оид ба масъалаҳои поймолшавии ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон тариқи телефонҳои (+992) 933331703, (+992) 933331803 муроҷиат намоед. Телефонҳо инчунин берун аз соатҳои корӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат ва ид дастрасанд.

NoTorture.Tj