Ҷуброни зарар воситаи муассири барқарорсозии ҳуқуқҳои ҷабрдидагон аст

Ҷуброни зарар воситаи муассири барқарорсозии ҳуқуқҳои ҷабрдидагон аст

Ҳар як кишвари узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ӯҳдадор аст, усули муассири ҳимояти ҳуқуқиро барои он шахсоне таъмин кунад, ки ҳуқуқ ва озодиашон поймол шудааст. Дар ин замина пешниҳоди ҷуброни зарар яке аз воситаҳои асосии ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон мебошад.

Моддаи 9-и Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки Тоҷикистон онро пазируфтааст, чунин муқаррар мекунад: «Ҳар фарде, ки гирифтори ҳабси ғайриқонунӣ шудааст, ҳуқуқи рӯёнидани ҷубронро дорад».

Ҳамин гуна талабот дар моддаи 14-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф низ ҷой дода шудааст: «Ҳар як Давлати узв дар системаи ҳуқуқии худ таъмин мекунад, ки ҷабрдидаи шиканҷа ҷуброн гирад ва ба талофии одилона ва муносиби қонунан муқарраршуда ҳақ дошта бошад, аз ҷумла, маблағ барои офияти (реабилитатсияи) пурратар. Дар сурати марги ҷабрдида дар натиҷаи шиканҷа ҳуқуқ ба талофӣ ба нонхӯрони ӯ дода мешавад».

Дар мавриди рӯёнидани ҷуброни зарар барои ҷабрдидагон сардори Раёсати судҳои дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Раҷабов чунин ибрози назар кард: «Дар Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ пешбурд оид ба рӯёнидани зараре, ки дар натиҷаи амали ғайриқонунии суд ва мақомоти анҷомдиҳандаи пешбурди тосудӣ доир ба парвандаи ҷиноятӣ расидааст, дар боби 47 ҷой дода шуда, асосҳо ва шартҳои товони зараре, ки бояд рӯёнида шавад, яъне рӯёнидани товони зарари молумулкӣ, барҳам додани оқибатҳои зарари маънавӣ, барқарор намудани ҳуқуқҳои меҳнатӣ, нафақавӣ, манзилӣ ва ғайра нишон дода шудааст. Вобаста ба парвандаҳои марбут ба шиканҷа ва ба ҳалокат расидан дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қонунгузории мурофиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло қоидаҳои алоҳидаи ҷуброни зарарро пешбинӣ накардааст. Марбут ба чунин парвандаҳо ҳамин қоидаҳое, ки номбар кардем, истифода бурда мешаванд».

Дар робита ба ин мавзӯъ ҳуқуқшиноси Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният Гулчеҳра Холматова гуфт, ки дар моддаи 21-и Сарқонуни ҶТ чунин муқаррар гардидааст: «Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи суд ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад».

Номбурда афзуд: «Пешниҳод кардани даъво дар бораи баррасӣ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ танҳо дар он ҳолат қабул мешаванд, агар аз ҷониби мақомоти давлатӣ шикоят дар бораи шиканҷа дуруст санҷида шуда, дар натиҷа гунаҳгорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда бошанд. Агар тафтиши муассири даъвоҳои қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо гузаронида нашавад, онҳо аз пешниҳоди ин гуна даъвоҳо маҳрум мегарданд. Мушкилоти дарёфти ҷуброни таъиншуда аз норасоиҳои механизми татбиқи қонунҳои амалкунанда оид ба иҷроиши қарорҳои судӣ мебошад».

Зараре, ки ба шаҳрванд дар натиҷаи шиканҷа ё муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф расонида шудааст, бояд бо тартиби пешбиникардаи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва Кодекси гражданӣ ҷуброн карда шавад.

Дар робита Абдухалил Раҷабов аз таҷрибаҳои судие ёдовар шуд, ки зимнан парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба шиканҷа ва ё ба марг расонидани маҳкумшудагон ва рӯёнидани ҷуброни зарар баррасӣ шудаанд: «Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Яъқубов А.А. ва Ҳасанов К.С. бо моддаи 322, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, ки вобаста ба ҳалокат расидани Сангов Сафаралӣ бо таъиноти суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шуда буд, баъдан аз ҷониби мақомоти таъқиби ҷиноятӣ бо татбиқи санади авф қатъ карда шудааст. Ҳамсари ҷабрдида Ҳикматова Д.Ҳ. ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои аз ҳисоби Вазорати корҳои дохилии ҶТ рӯёнидани ҷуброн, ки айбдоршавандагон кормандони ин мақомот буданд, муроҷиат кардааст. Бо ҳалномаи суд аз 5-уми марти соли 2013 даъво қисман қонеъ ва аз ҳисоби ҷавобгар 6300 сомонӣ маблағи зарари моддӣ ва 40 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ рӯёнида шудааст. Бо қарори колегияи касатсионӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе аз 30-юми майи соли ҷорӣ ҳалномаи суд бетағйир мононда шудааст».

Мавсуф инчунин дар бораи ҳолате, ки дар натиҷаи тафтишоти дубора сафед карда шудани яке аз гумонбарон дар истифодаи шиканҷа ҷой доштааст, иттилоъ дод: «Дар суди шаҳри Турсунзода судшаванда Қурбонов Ҷ. бо моддаи 319, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии ҶТ бинобар дар ҳаракатҳояш набудани таркиби ҷиноят сафед карда шудааст. Баъдан сафедшуда Қурбонов Ҷ. ба суд бо даъвои гражданӣ муроҷиат кардааст, ки бо ҳалномаи суд ӯ ба ҷойи кори пештарааш - Раёсати минтақавии гумруки шаҳри Турсунзода барқарор карда шуда, музди меҳнати дар давраи ноилоҷ ба кор набаромаданаш ба фоидаи вай пурра рӯёнида шудааст».

Ба гуфтаи муовини вазири адлияи ҶТ Ҳаким Мирсаев, мушкилот на танҳо дар муайян кардани ҷуброни зарар, балки дар марҳилаи иҷро, яъне пардохти он ҳам вуҷуд дорад:

«Имрӯз аз ҷониби мо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати рӯёнидани ҷуброни зарар ва аз он ҷумла, маблағҳо вобаста ба ҳама гуна намудҳои даъво омода шуда истодааст. Яке аз ин амалҳое, ки мо дар ин лоиҳа пешбинӣ мекунем, дидани чораҳои ҳабси пешакӣ барои таъмини даъвост. Вобаста ба қарору ҳалномаи ҳукми баровадашуда, ба фурӯши оммавӣ баровардани молу амвол ва мулки ҷавобгар дар лоиҳа аз рӯйи принсипҳои ошкоро да назар дошта шудааст. Минбаъд даъво то давраи баррасӣ ва дар вақти баррасӣ таъмин карда мешавад ва мо аз ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла, савдои оммавӣ истифода мебарем».

Коршиносон бар ин назаранд, ки дар марҳилаи кунунӣ зарурати созмон додани гурӯҳи корӣ дар назди Шӯрои адлияи ҶТ оид ба масоили таъмини ҷуброни зарар, инчунин омода кардани қарори нав дар пленуми Суди олии ҶТ вобаста ба ҷуброни зарар вуҷуд дорад.

Гурдофариди Соҳибназар, «Азия-Плюс»