Ду назар. Марги Тоҷиев далели мавҷудияти шиканҷа аст?

Ду назар. Марги Тоҷиев далели мавҷудияти шиканҷа аст?

Марги Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вокунишҳои мухталифро дар ҷомеа ба бор овардааст. Рӯзи 23 январ Ахиран Созмони Авфи Байналмилал низ аз мақомоти тоҷик хостори таҳқиқи ҳарчӣ зуд ва мунсифонаи марги Тоҷиев шудааст. “Озодагон” аз як вакили Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон пурсид, ки оё марги Тоҷиев далели мавҷудияти шиканҷа аст?

Маҳмадшариф НОЗИМОВ, вакили парлумони Тоҷикистон:

“Ростӣ, дар мавриди марги Умедҷон Тоҷиев чизе гуфта наметавонам. Аммо барои бартараф кардани мушкили шиканҷа дар Тоҷикистон давоми солҳои охир мо чанд тағйиру илова ба қонунгузорӣ ворид кардем. Шиканҷа ҳам агар вуҷуд дошта бошад, аз тарафи шахсиятҳои алоҳида вуҷуд дорад. Мо ҳам тағйиру иловаҳоро барои он ворид мекунем, ки ин падидаи номатлуб аз байн биравад. Қонунҳоро мо қабул мекунем ва барои мавриди амал қарор гирифтани он бояд, ки раёсати ислоҳӣ, вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти марбута талош кунад”.

Наргис ЗОКИРОВА, роҳбари Бюро оид ба ҳуқуқи башар ва риояи қонунгузорӣ:

“Ҳукумати Тоҷикистон ҷой доштани шиканҷаро эътироф карда, корҳоеро низ дар ин маврид ба сомон мерасонад. Барои мисол, Тоҷикистон дар соли 2012 дар Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа гузориш дода, ҳамзамон гузоришгари махсуси ин созмонро низ даъват намуд. Агар мо атрофи мизони мавҷудияти шиканҷа ва афзоиши ин ҳолат аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ бигӯем, инҷо ҳукумати Тоҷикистон бо мо розӣ намешавад. Ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ҳолатҳои ҷой доштани шиканҷа аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афзоиш намеёбад. Вале ман комилан зидди ин мавқеъгирӣ ҳастам. Танҳо вакилони дифоъи мо давоми 2 соли охир 3 парвандаи марбут ба шиканҷаи шаҳрвандон аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доштанд, ки ин кам нест. Ҳоло атрофи парвандаҳои дигар чизе намегӯям. Дар мавриди марги нобаҳангоми Умедҷон Тоҷиев, аъзои ҲНИТ дар натиҷаи латту кӯб шуданаш аз кормандони пулис мо хабар ёфтем. Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии зидди шиканҷа ин падидаро маҳкум карда, изҳороте пахш хоҳанд кард. Тазод ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон аз як тараф эътироф кард, ки зидди шиканҷа тамоми чораҳоро меандешад, то дигарон мавриди шиканҷа қарор нагиранд ва ин ҳам дар ҳолате, ки худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин даст мезананд. Гузашта аз ин, моҳи феврали соли ҷорӣ, Хуан Мендес, гузоришгари махсуси Созмони Милал оид ба масоили шиканҷа аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард”.

Озодагон