Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Духтур Абдулҳаким Тугаев мегӯяд, ки аз куҷо пайдо шудани ҷароҳатҳо дар тани Икромзодаро намедонад.
Пизишки 37-сола Абдулҳаким Тугаев таҷрибаи даҳсолаи кори терапевтӣ дорад. Ӯ мегӯяд аввалин нафарест, ки барои наҷоти ҷони Икромзода дар маҳбаси рақами 1-и пойтахт талош кардааст. Хабарнигорон бо истифода аз фурсати муносиб оид ба сабабҳои ба марг расидани Ҳамза Икромзода бо ӯ сӯҳбат намуданд. Посухҳои пизишк тазодомез садо медоданд ва ҳоло ин суолу ҷавобро ба қазовати хонанда пешниҳод мекунем:
- Қабл аз муоина дар бадани Икромзода Шумо ягон хел ҷароҳат мушоҳида кардед?
- Не, набуд.
- Дар аксҳо омадааст, ки бадани Икромзода пӯсткан шудааст…
- Ҳеҷ чиз набуд, намедонам аз куҷо пайдо шуданд.
- … он аз ҳисоби чӣ баъд ба вуҷуд омад?
- Намедонам.
- Изи сим дар дасту пойи ӯ аз куҷо пайдо шуд?
- Изи сим пештара будагӣ аст. Ягон чӣ набуд дигар.
- Барои чӣ баъд баданашро буридед?
- Баданаш ва сарашро суд экспертиза бурид, барои муайян кардани ҳодиса.
- Дар шарҳҳо шунавандаҳои радиои «Озодӣ» навиштанд, ки истифодаи электрошок из намегузорад, аммо инҷо изҳои зиёд ҳастанд. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
- Кӣ гуфт электрошок из намегузорад? Сад фоиз из мегузорад.
- Ҳамон изи таги каши Икромзода изи электрошок аст?
- Не, вай изи баклашка аст. Баклашкаро барои он гузоштем, ки гардиши хун лахта нашавад. Хунук нашавад. Тайи каш, таги пойҳояшба мондем…
- Дар гирди ҳамон ҷойи ба гуфтаи Шумо баклашкамондагӣ гӯшти баданаш метобад. Он аз ҳисоби чӣ аст?
- Ваяша намедонам, ягон ҷароҳат надошт.
- Баклашкаи гармро мондед ва билохира сӯзондед? Чаро пӯсти бадани вай канда шуд?
- Сӯхтанашро дидагӣ нестем мо.
- Чӣ хел баъд ин из дар бадани Икромзода пайдо шуд?
- Вай из баъд хоҳӣ-нахоҳӣ пайдо мешавад.
- Дар бадани Икромзода изе буд даврашакл ва кабуд. Онро дидед?
- Не, надидам.
- Ба ҳар ҳол, метавонед аз назари тиббӣ тасмими худро фаҳмонед, чаро зарур шуморидед, ки зарфи гарм монанд дар бадани Икромзода?
- Ман омадам, вай овезон буд, дар дасти чапаш набзаш кор мекард. Тарафи дасти ростда набуд, бад ман ба ӯ нафаси сунъӣ додам, даҳон ба даҳон. Баъди он набз дар сараш пайдо шуд. Гирифта сӯзандору гузаронидам, глюкоза ва аскарбинка. Фишораш ба 0 баробар шуда буд. Набз дар дасти росташ ҳам пайдо шуд, чашмаш кушода буд. Ман гуфтам, ки ёрии таъҷилӣ даъват кунед, то омадани онҳо ман ба баданаш қатра гузаронидам. Дидам, ки дасту пояш хунук мешавад, ман ба хотири лахта нашудани хун гуфтам баданшро гарм нигоҳ доред. Ман супориш додам, ки зарфҳои оби гармро биёранд. То давраи зарф мондан дар баданаш изи сӯхтагӣ набуд.
- Хешовандони Икромзода даъво доранд, ки ӯ бар асари латукӯб ҳалок шуд. Шумо чӣ мегӯед?
- Ҳеҷ кас вайро латукӯб накардааст.
- Бисёре одамон аз он дар шубҳаанд, ки бадани Икромзода пурра чок шудааст. Баъзеҳо ишора мекунанд, ки шояд аз зарби латукӯб аъзои бадани вай зарб хӯрда буд ва онро ба хотири пинҳон кардани осори шиканҷа берун овардаанд. Шумо чӣ мегӯед?
- Онро суд экспертиза ҳал мекунад. Ба ғайри халонидани сӯзан мо бо вай ҳеҷ кор накардем. Онро суд экспертиза буридаст, ҷавобашро худашон гӯянд. Сару баданашро суд экспертиза буридааст, мо не.
- Модари Икромзода гуфт, ки ҷинси мардонаи писараш низ сӯхтагӣ буд…
- Набуд, ягон чиз набуд, баъди баклашка шояд пайдо шудааст.
- Дар олоти ҷинсии Икромзода ҳам зарфи оби гарм мондед?
- Не он ҷо намондем, аслан ба олоти ҷинсии ӯ мо нарасидем.
- Баъд чӣ гуна сӯхт олоти ҷинсии Икромзода?
- Ман ба ӯ танҳо ёрии авалинро расонидам, то мондани баклашка дар баданаш пайи сӯхтагӣ набуд.
- Шумо кай фаҳмидед, ки вай худашро ба дор овехтааст?
- Соати 4-и бегоҳ, баъд аз назорат.
- Ташаккур.
(Дар ин сӯҳбат пурсишҳо ҳамчунин аз тарафи хабарнигорони "Тоҷнюс" ва "Озодагон" матраҳ шуданд).