Дурӯғ

Дурӯғ

Дар остонаи соли нави мелодӣ як талоши чандсолаи ҳукумати кишвар, ба вижа бахши идеологии он ба бор нишаст. Бидуни таоруф бояд масъулини ин соҳаро табрик кард. Ҳарчанд ин барнома дар асли худ бо меъёрии аслии давлатдории мо дар ин бахш, яъне ҷудо будани дин аз давлат таноқузи ошкоро дошту дорад, намешавад ҳосили заҳмати дастандаркоронро нодида гирифт. Гузашта аз ин, меъёру усулҳо барои мардуми оддӣ аст, онҳо, масъулини болоӣ аз масунияту имтиёзҳои зиёде бархурдоранд ва нодида гирифтани меъёрҳо низ дар зумраи имтиёзҳои онҳост. Беш аз ин дар ҳама давру замон чунин буда, ки ғолибонро муҳокима намекунанд. Агар мехоҳед ҳарфатонро ҳама гӯш кунад, беш аз ин ба гуфтаҳоятон бовар кунанд ва ё худро боваркарда нишон диҳанд, бояд ғолиб бошед. Вақте ғолибеду аҳроми қудрат дар дастатон аст, қонунитарин амали рақибатон низ комилан ғайриқонунӣ ва гуноҳ хонда хоҳад шуд.

Албатта дар бораи рақибон сухан гуфтани дастнишондаҳои ҳукумат шояд як амри табиӣ бошад, ки дар ин маврид як каме баъдтар суҳбат мекунем. Ҳоло мехоҳам як ишораи Абдуқодирзода ном муллоеро ёдрас шавам, ки бидуни ҳеч масъулият расонаҳои кишварро иғвогар хондааст. Ин нафар шояд аслан надонад, ки дар Тоҷикистон чи расонаҳо вуҷуд дорад ва бовари комил дорам, ки матолиби расонаҳо дар мавриди шиканҷа шудан ё нашудани маҳбусон дар маҳбасҳои кишварро нахондааст. Гузашта аз ин аз Худо шарм надоштаву дигаронро туҳмат задааст. Шояд дар асл мабдаи парастиши ин нафар на холиқи якто, балки мавҷуди заминист. Зеро касе Худоро мепарастад ва боз масъулияте инчунинӣ (муфтӣ будан!) бар дӯшаш ҳаст, ба ҳеч ваҷҳ ноҳақ ҳеч бандаи Худоро туҳмат намезанад. Охир расонаҳо барои чӣ иғво кунанд? 

Агар шиканҷа дар зиндонҳо вуҷуд надошта бошад, чаро расонаҳо онро вуҷуд дошта бихонанд? Аз ин амал чӣ манфиате барояшон мерасад? Ҳар кадом аз рӯзноманигорону масъулони расонаҳои кишвар аз Абдуқодирзодаву зиндонбонҳо ватанашро садҳо баробар бештар дӯст медорад. Ба ҳеч ваҷҳ розӣ намешавад, ки ба номи ватанаш дар рӯйхати манфии ниҳоду созмонҳои байналмилалӣ ҷой дошта бошад. Агар хабаре дар мавриди ин ё он нуқсон пахш мекунанд, фақат ва фақат ба хотири бартараф шудани ин нуқсон асту бас!  Беш аз ин агар Абдуқодирзодаву зиндонбонҳои таҳти ҳимояи ӯ намедонанд, вале рӯзноманигорон хеле хуб медонанд, ки дурӯғ ва тӯҳмат зуд ошкор мешаваду ҷавобгарӣ дорад. 

Маъмулан инсонҳои заъиф барои ҷуброни заъфи худ дигаронро санги туҳмат мезананд. Бар ин боваранд, ки бо бад гуфтани шахсе ё гурӯҳе ба шахс ё гурӯҳи ҳоким хидматкарда маҳсуб мешаванду дасти силии онҳо ба сарашон кашида хоҳад шуд. Воқеан ҷои афсӯс дорад, ки муфтии кишвар чунин як инсони заиф ва сатҳинигар бошад. 

Охир агар мехоста аз зиндонбонҳо ҳимоя кунад, мешуд бо лаҳне дигартар ва бо чанд далели муътамад ва ё ҳадди аққал бо овардани як ривоятеву ҳадисе ин корро мекард. Чун бунёди иддаоҳояш суст аст, кутоҳназаронаву бидуни ҳеч далел санг ба сӯи дигарон меандозанд…

Зафари Суфӣ, «Озодагон»