Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Файзинисо Воҳидова, адвокати маҳбус Садриддин Тошев, маъруф ба Қорӣ Садриддин, аз гуруснанишинӣ эълон кардани зерҳимояаш хабар дода, ба президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фаъолиятҳои ғайриқонунии масъулини ниҳодҳои қудратӣ ва ҳодисаҳои латукӯбу шиканҷаи маҳбусон дар Хуҷанд нақл кардааст.
Вай дар ин муроҷиатнома менависад: "Чун Шумо кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони кишвар мебошед ва давлат ин арзишҳои олии инсонро эътироф, риоя ва ҳифзи онҳоро кафолат додааст, бароям қарзи шаҳрвандӣ мешуморам, то ки муроҷиатномаи як маҳбуси оддӣ, ки имрӯз бо кӯшиш ва мусоидати баъзе аз масъулини ниҳодҳои интизомию қудратӣ ба маҳбуси «ашаддӣ» табдил ёфтааст, ирсол намоям.
- То имрӯз ман хомӯширо интихоб намуда будам, зеро мақомоти тафтишотӣ пешакӣ аз оғози кор, яъне аз лаҳзаи бедор намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати маҳбуси муассисаи рақами 1-и шаҳри Душанбе Тошев Садриддин, ки бевосита шоҳиди воқеии ба марг расонидани маҳбус Ҳамза Икромзода буд, аз ман дастхат дар бораи фош накардани маълумоти тафтиши пешакиро гирифта буданд.
Дар ин муроҷиатнома ҳарфе дар бораи тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ, ки бо он Тошев С. айбдор карда шудааст, намеравад. Танҳо ба хотири он ки, аз ҷониби Тошев С., ки ман ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯро дифоъ мекунам, даҳҳо арзу дархостҳо дар хусуси муроҷиат кардан ба унвони Шумо, прокурори генералӣ, ваколатдори ҳуқуқи инсон, ба Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи Башари дохилӣ ва байналмилалӣ, ба шахсиятҳои бонуфузе, ки вобаста ба фаъолиятҳои хидматии касбӣ ё ҷамъиятиашон ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон машғуланд, ворид шудааст, дигар илоҷе надорам ва маҷбурам ба хотири дифои ҳуқуқхои зерҳимояам дархости Тошев С.-ро расонам.
Аз арзу дархостҳои Тошев С. бармеоянд, ки чӣ тавр шахсони мансабдори боломақом, ки Шумо ба онҳо бовар карда курсӣ ва вазифаро супоридед, бо сохтакорию суиистифода аз мансаб машғул шуда, ба Шумо оморҳои бардурӯғ пешниҳод намуда, обрую нуфузи кишвари азизамонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва институтҳои ҳуқуқи башар паст мезананд. Чӣ тавр аз генерал сар карда, то масъулини мақомоти прокуратура, ки худ назорат аз болои қонун вазифаи аввалиндараҷаашон мебошад, даст ба дуруғгӯӣ мезананд. Оё ба генерал дурӯғ гуфтану тақаллубкорӣ зебанда аст?
Ба ҳама маълум аст, ки шоҳидони воқеии марги Ҳамза Икромзода санаи 5-уми ноябри соли 2012 дар асоси маълумотномаҳои бо роҳи сохтакорӣ ва супориши сардори СРИЧЧ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал майори адлия Шарипов Иззатулло тартибдодашуда, ки мувофиқи онҳо маҳз шоҳидони ҳодисаро ҳамчун маҳбусоне, ки Қоидаҳои тартиби дохилии муассисаҳои ислоҳиро вайрон кардаанд ва ҳамчунин, барои рӯйпӯш кардани мақсади аслии худ як қатор маҳбусонро аз муассисаи ЯС 3\2-и ш.Ваҳдат ҳамроҳ карда, ба муассисаи ислоҳии рақами 3\3-и ш. Хуҷанд интиқол доданд.
Ҳангоми ворид шудан ба муассисаи зикргардида ин маҳбусонро бо супориши И.Шарипов масъулини РКИ-и вилояти Суғд интизор буданд ва дар саҳни ҳавлии муассиса пешвоз гирифта, ҳамзамон, ҳамаи маҳбусонро ба бинои мутобиқгардонии муассиса равон карда, маҳз Тошев С.-ро гирифта мемонанд, ҳол он ки қаблан шахсияти ӯ ба касе ошно набуд. Маълум буд, ки ин «заказ»-и И.Шарипов буд. Баъди ворид шудан ба бинои мутобиқгардонии муассиса Тошев С. зери шиканча ва латукӯби ҷадиди кормандони муассиса қарор мегирад.
Ногуфта намонад, ки ҳангоми ворид шудан ба муассиса Тошев С. аввалин сухане, ки аз масуълин мешунавад, ин буд: «Дигар ба ту Созмонхои ҳуқуқи башар, Хуан Мендез – гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканча, О. Бобоназарова ва дигар рафиқонат кӯмак карда наметавонанд, ин ҷо Хуҷанд аст, ООН-ат омада, санҷиш карда рафт, дигар намеояд, ин созмонро мо фиреб дода, хушрӯй қабул ва гусел кардем». Маҳз ҳамин суханҳоро Тошев С. дар муассисаи рақами 1-и Душанбе аз суханони И.Шарипов пеш аз интиқол шуданаш ба ш. Хуҷанд шунида будааст. Азбаски Тошев С. назар ба дигарон бештар тахти латукӯби шадиди кормандони муассиса қарор гирифта буд, ӯ худи ҳамон шаб ҷароҳатҳои худро ба навор гирифтааст. Он наворҳое, ки дар расонаҳои хабарӣ чоп шуданд, ҳеч иртиботе ба он навор надоранд ва ин наворро мо ба прокурори вилояти Суғд супоридем.
Баъди дар расонаҳои хабарӣ пайдо шудани навори сабти ҷароҳатҳои ҷисмонии маҳбусон ба ш. Хуҷанд аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиш омада, талаб мекунанд, ки телефони мобилие, ки аз он навор сабт шудааст, дарёфт карда супорида шавад. Маҳбусон зери таъсиру иръоби масъулини муассиса қарор гирифта, маҷбур мешаванд, ки аз як корманди ҳамон муассиса бо арзиши 200 сомонӣ як адад телефони мобилӣ харидорӣ намуда, ба санҷишгарон супоранд.
Бо ҳамин масъулин вазифаи худро иҷрошуда вонамуд карда, ба мақомоти марбута ҳисобот доданд, ки маҳбусон бо мақсади номураттаб сохтани фаъолияти муассисаи ислоҳӣ дар назди сардори муассиса шартҳо гузошта, бо мақсади бадном кардани онҳо ба худ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонида, даст ба расонидани хабарҳои бардурӯғ задаанд. Дар асоси ин маълумоти бардурӯғ нисбати Тошев С. ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҳоло дар марҳилаи баитмомрасии тафтиши пешакӣ мебошад.
Яъне сардори Саррёсати корҳои ислоҳӣ генерал-майори адлия И.Шарипов, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори РКИ дар вилояти Суғд, сардори муассисаи ислоҳии рақами 3-и ш. Хуҷанд ва дигар масъулин бо пешниҳод намудани омори бардурӯғ ва хулосаи нодурусти санҷиш роҳбари давлат, прокурори генералиро бовар кунониданд, ки гӯё маҳбусон ба тариқи сунъӣ ба якдигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонида, бо ин мақсад доштанд, ки фаъолияти муътадили муассисаро халалдор созанд.
Ҷаноби Президент! Дар тӯли ин 4 моҳи тафтиш ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки дар муассисаҳои ислоҳии кишвар шиканҷа ҷой дорад. Дар зиндони рақами 1-и ш. Душанбе маҳбус Ҳамза Икромзодаро ба қатл расонида, шоҳидони воқеиро ба ш.Хуҷанд интиқол дода, супориш доданд, ки онҳо дар ин ҷо латукӯб карда шаванд, яъне ин афсарони муассисаҳои ислоҳии кишвар, ки ба ҷойи тарбия намудан даст ба латукӯби маҳбусон ва шиканҷаи онҳо мезананд, ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки дар ниҳодҳои интизомӣ фаъолият баранд. Маҳз ин афсарон имиҷи кишвари моро паст зада, дар назди ҷомеи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари зулмпарвар муаррифӣ менамоянд. Шояд, вақти он расидааст, ки мақомот аз чунин ашхоси тасодуфӣ тоза карда шавад?
Тошев Садриддин аз ҳамин рӯз даст ба гуруснанишинӣ задааст, ки ба нишони эътироз мебошад, зеро ӯ дигар роҳи ҷустуҷӯи адолатро надорад. Ин мақомоту ин масъулин, аслан, ба адолат коре ҳам надоранд.
Файзинисо Воҳидова, адвокат