Файзулло Насруллоев: Набояд аз ҳимояи қурбониёни шиканҷа даст кашем

Дар як чорабинӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳуқуқи инсон - 10-уми декабр, ки рўзи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, як қатор адвокатҳо барои саҳми арзандаашон дар рушди ҳуқуқи инсон аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. Адвокат Файзулло Насруллоев, ки аз ҷумлаи қадршудагон буд, назарашро оид ба фаъолияти адвокатӣ ва ҳимояи қурбониёни шиканҷа чунин иброз дошт:

- Ман қаблан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекардам. Баъд ба нафақа баромадаму хостам таҷрибаамро барои ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон истифода барам. Ҳамин чиз оғози адвокатии ман буд.

Ман махсус барои қурбониёни шиканҷа кор набурдаам, лекин дар раванди фаъолияти адвокатиам парвандаҳое пайдо мешаванд, ки дар онҷо ҳолатҳои расонидани шиканҷа дида мешавад. Барои ҳамин, дар рафти фаъолиятам ҳам ҳимоя мекунам ва ҳам корҳои вобаста ба шиканҷаро пеш мебарам. Албатта, набояд аз ин чизҳо даст кашем.

Шахсоне, ки зери шиканҷа қарор дода мешаванд, албатта, бисёр хуб мешуд, ки ҳимояи ҳуқуқу озодии онҳо таъмин карда шавад. Зеро ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дорои ҳуқуқҳои конститутсионӣ мебошад. Лекин, мутаассифона, ҳамин чиз ҳоло на он қадар дар сатҳи дилхоҳ аст. Мехоҳем, ки дар оянда ҳамин чизҳо аз тарафи давлат ба инобат гирифта шаванду ҳуқуқҳои шаҳрвандон риоя гарданд.

NoTorture.Tj