Гардиши нав дар мурофиаи маҳбусони Хуҷанд

Гардиши нав дар мурофиаи маҳбусони Хуҷанд

Яке аз шоҳидон дар мурофиаисудии Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ки ба паҳни навори бардурӯғ, бо роҳи сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ, бо истифода аз воситаҳои ахбори омма айбдор мешаванд, шоҳидӣ дода гуфтааст, маҳбусонро бо супориши Изаттуло Шарипов, сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон латукӯб кардаанд ва ин наворҳо сохта набуданд. 

Илҳом Рустамов, ба ҳайси шоҳид дар мурофиаи дирӯза, ки дар маҳбаси №3-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, гуфтааст, наворҳое, ки ба расонаҳо роҳ ёфтаанд, сохта нашудаанд, балки маҳбусонро ҳангоми интиқол ба Хуҷанд дар ҳақиқат латукӯб намуда буданд.

Дар ин бора Файзиниссо Воҳидова, вакили дифои Садриддин Тошев, маъруф ба Қорӣ Садриддин хабар дод.

Бино ба гуфтаи вакили дифоъ, Илҳом Рустамов, гуфтааст, рӯзи 5-уми ноябри соли гузашта, ҳангоми интиқоли маҳбусоне, ки ба қазияи марги Ҳамза Икромзода, шоҳидӣ доштаанд, ба маҳбасхонаи Хуҷанд интиқол ёфта, мавриди латукӯби кормандони маҳбасхона қарор гирифтаанд.

-Дар мурофиаи қаблӣ Илҳом Рустамов бино ба надоштани вакили дифоъ, аз шоҳидӣ додан даст кашида буд ва танҳо баъд аз он ки Суд ба вай вакил таъмин намуд, дар мурофиаи дирӯза вай чанд ҷузъиёти онрӯзаро ошкор кард.

Бино ба гуфтаи Илҳом Рустамов, рӯзи 5-уми ноябр як гурӯҳ маҳбусон бо роҳбарии Изатулло Шарифов, Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Тоҷикистон бурда шуда, ҳангоми расидан ба маҳбасхонаи шаҳри Хуҷанд, Изатулло Шарифов Садриддин Тошевро ҳамроҳи худ бурдааст.

Маҳбус шоҳидӣ дод, ки онҳоро ба утоқи мутобиқгардонӣ (карантин) бурда, ҳангоми кофтукоби либос ва моли дар даст будаашон латукӯб кардаанд.

Илҳом Рустамов гуфт, вақте Садриддин Тошев наздамон омад, аҳволи моро дида хандид ва гуфт, ки чаро ба мисли гусфандон дар як ҷой ҷамъ шудед?! Баъд аз ин вайро низ бурда латукӯб карданд. Дар ин байн, касе ин корҳоро навор гирифт. Наворҳоро онҳо на ба падари маҳбус Тошев, балки ба омбудсмен Ҳусниддин Нидоев, супоридаанд, - мегӯяд вакили дифоъ.

Бино ба гуфтаи вакили дифоъ, имрӯз низ мурофиа баргузор гардида, дар назар аст ҷузъиёти дастрас намудани навор гуфта шавад.

Ёдрас мешавем, Прокуратура нисбати Тошев ва Ризоев тибқи моддаи 346, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, маҳбусонро ба дидаву дониста, расонидани хабари бардурӯғ, бо роҳи сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ, бо истифода аз воситаҳои ахбори омма гунаҳкор мекунад. Дарр расонаҳо сабти видеоие паҳн гардид, ки дар он маҳбусон ба назди дурбин омада, пас аз шиносондани худ осори зарбу латро дар баданашон нишон медоданд. Тошев ва Ризоев дар паҳн кардани ин навор гумонбар дониста мешаванд.

Ҳусниддин Нидоев, аз маҳбусон дастрас кардани наворҳои видеоиро, ки дар онҳо маҳбусон осори шиканҷа шуданаонр аз ҷониби масъулини маҳбасхона намоиш дода буданд, рад кард.

Наздикони маҳбусон мегӯянд, сабаби интиқоли Тошев ва Ризоев аз Душанбе ба Хуҷанд шикастани руҳияи онҳо будааст, ки дар қазияи марги Ҳамза Икромзода шоҳидӣ дода, гуфтаанд, ахирӣ аз ҷониби масъулини маҳбаси №1-и пойтахт латукӯб шуда, ба ҳалокат расидааст.

Ҳамза Икромзода, маҳбуси 28-солаи маҳбаси шаҳри Душанбе, ки 21-уми сентябр ба наздиконаш ҷасади пур аз осори шиканҷааш супурда шуд, ҳудуди 50 нафар ба зиндони Хуҷанд интиқол ёфтанд.

Ин боиси гирдиҳамоии наздикони маҳбусон ва марҳум Ҳамза Икромзода назди бинои Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар пойтахт шуда буд, ки ба иддаои онҳо, мақомот барои ҷазо додани шоҳидони қазияи Ҳамза Икромзода маҳбусонро ғайриқонунӣ ба Шимоли кишвар интиқол доданд.

Мақомот сабаби марги Ҳамза Икромзодаро худкушӣ номиданд.

Изатулло Шарипов, Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Тоҷикистон гуфт, шиканҷаи маҳбусон дар муассисаҳои ислҳӣ ҷо надорад. Чанде аз масъулини маҳбаси рақами 1-и пойтахт, барои хунукназарӣ огоҳӣ ва танбеҳ гирифтаанд.

Наздикони марҳум мегӯянд пеш аз марги Ҳамза Икромзода аз онҳо телефонӣ ду ҳазор доллар барои аз ҳуҷраи ҷаримавӣ берун кардани марҳум талаб карда буданд. Мақомот ин иддаоро рад карда, осори шиканҷаро дар бадани маҳбус пайи баклажкаҳои гарм унвон карданд, ки барои ба кор даровардани дил гӯё духтури муассисаи ислоҳӣ истифода кардааст.

Миёни гумонбарони қатли Ҳамза Икромзода, раҳбари муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт номи Рустам Тоштемировро мегирифтанд, аммо Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ танҳо як нафар аз гумонбарони ин қазия - Маҳмуд Исмоиловро, ки шаби ҳалокати Ҳамза Икромзода навбатдор будааст, муҳлати 5,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Наздикони маҳбусон ва қурбониёни шиканҷа ба президент Эмомалӣ Раҳмон, СММ ва ҷомеаи байналмилалӣ бо мактуби шикоятӣ аз роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии назди Вазорати адлия, Суди Олӣ ва Прокуратураи назоратӣ муроҷиат карданд ва истеъфои Иззатулло Шарипов, Нусратулло Абдуллоев ва Толиб Азимовро талаб карданд. Зери ин мактуб беш аз 300 нафар имзо гузоштаанд.

 

Tojnews