Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид сохтааст. Бо муроҷиат ба аъзои Эътилоф, аз онҳо пурсон шудем, ки барои чӣ узви Эътилоф шудаанду кадом вазифаҳоро бар уҳда доранд ва дар замони пандемияи Covid-19 кадом корҳоро барои Эътилоф анҷом доданӣ ҳастанд? Инак, назари роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» Гулчеҳра Холматова дар ин маврид:
- Аз замони таъсиси Эътилоф ман бисёр вақт ҳамчун адвокат ҷалб мешудам ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии қурбониёни шиканҷаро ҳимоя мекардам. Баъдтар ҳамчун шарики инфиродӣ ба Эътилоф дохил шудам ва айни замон ташкилоти мо узви Эътилоф аст. Яке аз сабабҳои ворид шудани ман ба Эътилоф мусоидат намудан ба пешбурд ва риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба шумор меравад. Баҳри ноил гардидан ба мақсади пешгузошта амалӣ намудани фаъолиятҳои барои пешгириву қатъи нақзи ҳуқуқи инсон, рушд додани ҷомеаи демократӣ, инчунин риояи волоияти қонун, дастгирӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон равонагардида зарур аст.
Ман ҳамчунин роҳбари Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилоф ба шумор меравам. Эътилоф ҳамеша ба масоили расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекард. Дар натиҷаи ин, соли 2011 яке аз аввалин гуруҳҳои корӣ, ки дар назди Эътилоф таъсис ёфт, Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ (ГКҲ) буд. Ба ҳайати гуруҳ намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносон ва адвокатҳое дохил мешаванд, ки таҷрибаи амалии расонидани кумаки ҳуқуқиро доранд. Дар сурати дастрас кардани иттилоъ оид ба ҳолати истифодаи эҳтимолии шиканҷа аз хешовандон, ВАО ё дигар манбаъҳо, мо ҷиддан маълумотро ҳуҷҷатгузорӣ мекунем, бо дарназардошти заминаҳое, ки ташкилотҳо доранд, санҷиши аввалияро мегузаронем.
Ҳолатҳое мешаванд, ки таъхирро намепазиранд ва дар он сурат фавран қарор бароварда мешавад. Агар иттилоот кофӣ бошад, ки эҳтимол шиканҷа ҷой доштааст, пас мо мустақилона кумаки ҳуқуқӣ мерасонем ё адвокат даъват мекунем.
Мо ба муроҷиаткунанда қоидаву тартиби корамон, инчунин хатарҳоеро, ки метавонанд дар ҷараёни расонидани кумак пеш оянд, шарҳ медиҳем. Миёни ӯ, ташкилот ва адвокат оид ба расонидани кумаки ҳуқуқии ройгон шартномаи сеҷониба баста мешавад. Ҳамзамон, қайд кардан зарур аст, ки кумаки ҳуқуқӣ танҳо аз рӯи далели шиканҷа ва муносибати бераҳмона расонида мешавад. Аз рӯи айби эълоншуда мо адвокат пешниҳод намекунем.
Фаъолияти ГКҲ як қатор чорабиниҳоро дар бар мегирад, аз ҷумла, ҳуҷҷатгузории иттилоот оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона; расонидани кумаки ҳуқуқӣ, бо шумули роҳнамоии ҳуқуқӣ ва намояндагии манфиатҳо дар мақомоти давлатӣ ва суд; ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба расонидани кумаки ҳуқуқӣ бо дигар ташкилотҳо, адвокатҳо, коршиносон, ВАО; ҳамкорӣ бо адвокатҳои амалкунанда дар масоили боло бурдани донишҳо дар самти стандартҳои милливу байналмилалии мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона; истифодаи механизмҳои байналмилалии ҳимоя, аз ҷумла, пешниҳоди шикоятҳои инфиродӣ ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон. Ба ғайр аз ин, ГКҲ таҳлили матолиби вобаста ба хабарҳо оид ба шиканҷа ё муносибати бераҳмона дар ВАО-ро анҷом дода, омори далелҳои аз ҷониби Эътилоф ба қайд гирифташударо пеш мебарад.
Албатта, пандемияи COVID-19 ба фаъолияти мо ва ба фаъолияти Эътилоф дар умум таъсири худро гузошт. Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои назди Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ гузошташуда ва иҷрои фаъолияти худ, пешниҳод мекунам, ки аз ҳисоби мутахассисон оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, адвокатҳо, кормандони иҷтимоӣ бо роҳи сафар кардан ба вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва НТМ бо риояи ҳамаи чораҳои бехатарӣ, барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ, ки ба нақзи ҳуқуқҳояшон дучор шудаанд, гуруҳи мобилӣ таъсис дода шавад. Пеш бурдани фаъолияти васеи фаҳмондадиҳӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва чора андешидан баҳри роҳандозии корҳои самаранок зарур аст.
ТҶ «Дунёи ҳуқуқ»