Конфронси ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ

Конфронси ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ

Имрӯз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар толори Китобхонаи миллӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ чун яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳимояи ҳуқуқи инсон» доир гардид.

Дар кори конференсияи мазкур намояндагон аз Маҷлиси Олӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, Вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, мудофиа, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Гвардияи миллӣ, Хадамоти гумрук, раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ректорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, шарикони иҷтимоӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва олимони шинохтаи ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Дар рафти конференсия мубодилаи афкор сурат гирифта, маърӯзачиён дар мавзӯъҳои проблемаҳои ҳимояи ҳуқуқҳои шахсон дар мурофиаи ҷиноятӣ, инчунин ҳаллу фасли дуруст ва саривақтии онҳо суханронӣ карданд.

Дар оғози конференсия муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Назира Ғаффорова, Бахтиёр Худоёрзода роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода, Роҳбари Дафтари САҲА дар ҶТ Маркус Мюллер, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Саймумин Ятимов, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Абдуфатоҳи Ғоиб ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода фикру мулоҳизаҳои худро оид ба ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи судӣ иброз доштанд.

Сипас Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар мавзӯи «Стратегияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ» маърӯза карда, якчанд моддаҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ (120, 328, 329, 332, 345, 350, 353, 356)-ро шарҳ дод ва оид ба механизми идораи равандҳои банақшагирии чораҳои амниятӣ ибрози назар кард. Ӯ дар хотимаи суханрониаш ҷиҳати андешидани чораҳо ва татбиқи амнияти иштирокчиёни мурофаи судӣ як қатор таклифҳо пешниҳод кард.

Дар идомаи конференсия Раиси Суди Олии ҶТ Нусратулло Абдуллозода дар мавзӯи «Татбиқи одилонаи химояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судӣ» суханронӣ карда, оид ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз қабили Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судӣ» ва чораҳои андешидашуда маълумот дод.

Баъдан прокурори калони Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратураи Прокуратураи генералии ҶТ Сайфиддин Сироҷзода дар мавзӯи «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва мушкилот ҳангоми татбиқи он» суханронӣ кард.

Қисми аввали конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ чун яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳимояи ҳуқуқи инсон» бо суханронии Муовини аввали Вазири адлияи ҶТ Абдуманон Холиқов дар мавзӯи «Нақши мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар таъмин намудани ҳимояи давлатии айбдоршавандагон ва маҳкумшудагон» ва Вашанка Васил, коршиноси байнулмилалӣ ва мушовири САҲА дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ дар мавзӯи «Ҳимояи шахсон дар мурофиаи судии ҷиноятӣ: татбиқи таҷрибаи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» анҷом пазируфт.

Дар қисми дуюми конференсия роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Перспектива+» Ойниҳол Бобоназарова оид ба масъалаҳои ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи судӣ суханронӣ ва якчанд таклиф пешниҳод кард.

Сипас Раиси Президиуми адвокатҳои ҶТ Наимҷон Амирбеков ва адвокат Алишер Маҷидов фикру мулоҳизаҳои худро оид беҳтар кардани иштироки адвокатҳо дар марҳилаи тафтишот иброз доштанд.

Ҳамчунин Раиси ноҳияи Ҷиргатол Умедхоҷаи Зоир дар мавзӯи «Нақши мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ» суханронӣ карда, оид ба татбиқи адолати судӣ дар рафти тафтишот андешаҳои худро иброз дошт.

Дар навбати худ сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ Сафиало Девонаев оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҷрибаи давлатҳои пешқадам ба монанди ИМА, Фаронса ва Олмон дар самти дахлнопазирии шоҳидон ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судӣ ибрози назар кард. Ӯ дар хотимаи суханрониаш ҷиҳати ҳамоҳангсозии ҳимояи шоҳидон ва иштирокчиёни мурофиаи судӣ як қатор таклифҳо пешниҳод кард.

Сипас муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оид ба илм Каримҷон Солиев дар мавзӯи «Такмили қонунгузорӣ дар соҳаи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ» суханронӣ карда, оид ба самти мурофиаи судии иқтисодӣ ва гражданӣ бо баррасии парвандаҳое, ки мавзӯи баҳс дар онҳо маблағҳои махсусан калон мебошанд, ибрози андеша намуд.

Ҳамчунин сардори Раёсати молиявӣ-иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ Шералӣ Маҳмадшоев дар мавзӯи «Батанзимдарории ҳуқуқии чораҳои дастгирии иҷтимоӣ нисбат ба иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ» суханронӣ кард.

Дар хотимаи конференсия иштирокчиён ва маърӯзачиён ба суолу ҷавоб, мубоҳиса ва мубодилаи афкор шурӯъ карда, фикру андеша ва таклифу пешниҳодҳои худро доир ба мукаммалсозии қонунгузорӣ оид ба муҳофизати иштирокчиёни мурофиаи судӣ иброз доштанд.

Дар фарҷом муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Бузмаков кори конференсияро ҷамъбаст намуда, ба тамоми ҳозирин ва маърӯзачиён барои иштироки фаъолона дар муҳокимаи масъалаҳои баррасишаванда изҳори миннатдорӣ кард.

Маҳбуба Гулова, майори милитсия, торнамои ВКД ҶТ

Кунферонси ҳимоят аз ҳуқуқи ширкаткунандагони парвандаҳои кайфарӣ

Дар Тоҷикистон як кунферонси илмӣ зери унвони “Ҳимояти давлат аз ҳуқуқи ширкаткунандагони мурофеъаҳои додгоҳӣ" оғоз ба кор кард.

Ин ҳамоиш рӯзи ҷумаъи 14 март дар Китобхонаи миллиии Тоҷикистон бо суханронии ифтитоҳии Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи ин кишвар, шурӯъ шуд.

Дар ин нишаст масъулони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, намояндагони порлумон ва созмонҳои байналмилалии мутсақар дар ин кишвар ширкат доранд.

Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш муъайян кардани истротежии давлат дар заминаи ҳимоят аз афроде аст, ки дар ҷараёни мурофеъаҳои додгоҳӣ ба унвони шоҳид, муттаҳам ва маҳкум ширкат мекунанд.

Қонун дар мавриди ҳимояти давлат аз ширкаткунандагон дар парвандаҳои кайфарӣ дар Тоҷикистон дар соли 2012 ба тасвиб расида буд.

Суханронон дар ин ҳамоиш дар мавриди иҷрои мунсифонаи ин қонун ва таҷрубаи бархе аз кишварҳои хориҷӣ дар ин заминаро матраҳ карданд. Ин нишаст то охири имрӯз дар шаҳри Душанбе идома дошт.

Кунферонси илмии ҳимоят аз ширкаткунундагони парвандаҳои кайфарӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле доир мешавад, ки намояндагони бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва мудофеъони ҳуқуқи башар ҳамвора аз мавориди зиёди нақзи ҳуқуқи шоҳидони парвандаҳои ҷиноӣ ва дигар ширкаткунандагони парвандаҳои ҷиноӣ ва мурофеъаҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ба гуфтаи иддае аз ҳуқуқдонҳо, давлати Тоҷикистон бештар аз манофеъи кормандони ниҳодҳои интизомии дахил дар парвандаҳои ҷиноӣ ва мурофеъаҳои додгоҳӣ ҳимоят мекунад, вале ширкаткунандагони дигар, аз ҷумла муттаҳамон ва шоҳидон ва ҳатто вукалои мудофеъи онҳо, дар бисёрое авқот дар баробари хатароти ношӣ аз таҳдид ва таъқиб шудан осебпазиранд.

Иддае аз ҳуқуқдонҳо баъид медонанд, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон замина барои ҳимоят аз афроди муттаҳам ва ширкаткунандагони дигари парвандаҳои кайфарӣ фароҳам шавад.

Бархе аз онҳо номукаммал будани бархе аз қонунҳо, мавҷудияти фасоди молӣ ва ришваситонӣ, қавмпарастӣ ва озод набудани қозиҳо ба ҳангоми эъломи ҳукмҳо дар муҳокимаҳои додгоҳӣ дар Тоҷикистонро аз авомиле медонанд, ки аз иҷрои қонуни ҳимояти давлат аз манофеъи ширкаткунандагони парвандаҳои кайфарӣ дар инк ишвар монеъ мешавад.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони саршинос, низ аз чанд омил ёдовар шуд, ки ҳимояти ширкаткунандагони мурофеъаҳои додгоҳиро халалдор месозанд.

Оқои Ҳакимов гуфт, ки нахуст ширкаткунандагони парвандаҳои ҷиноӣ дар мурофеъаҳо озод ва баробар набуда ва авлавият дар муроҷеъаҳо ба додситон ироа шуда ва қозӣ низ зимни эъломи ҳукм бештар натиҷагирии додситонро ба назар мегирад.

Ҳамчунин, ба ақидаи ӯ, паст будани сатҳи таълим дар донишгоҳҳо ва паст будани сатҳи баррасии парвандаҳо аз авомили дигарест, ки ҳимояти ҳуқуқи ширкаткунандагони парвандаҳои кайфарӣ дар ин кишварро мухтал месозад.

Вай афзуд: “Тазмини амнияти шоҳидон низ дар Тоҷикистон камтар ба назар мерасад. Аз сӯйи дигар, чун аксари мардум эътиқод ва эҳтиром ба мақомоти ниҳодҳои қудратӣ ва интизомӣ надоранд, гумон мекунанд, ки бешар ҷиноятро мардуми наздик ба кормандони мухталифи ҳокимияти давлатӣ ё вакилон ва ё ҷинояткорони аршаде, ки таҳти назорати давлат нестанд, муртакиб мешаванд, ки эҳтимоли иҷрои қонун нисбат ба онҳо камтар аст. Ва аз ин хотир шоҳидон аз амнияти шахсӣ нигарон буда ва аз додани шавоҳид худдорӣ мекунанд.”

Аммо оқои Ҳакимов мегӯяд, ки амнияти кормандони додситонӣ ва ниҳодҳои дигари интизомӣ дар Тоҷикистон ба қадри кофӣ таъмин аст.

Аз сӯйи дигар, мавҷудияти мавориди истифода аз шиканҷа алайҳи боздоштшудагон ва зиндониён аз сӯйи иддае аз кормандони интизомӣ мунҷар ба он шудааст, ки шоҳидон аз додани шавоҳиди ҳақиқӣ даст мекашанд.

Би-би-сӣ

Би-би-си