Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Кормандони созмони хайриявии «Дасти ёрӣ» ният доранд, ки аз болои афсарони пулис ва нозирони роҳ ба додситонӣ ва амнияти дохилии ВКД шикоят баранд.
Комрон Асозода, як корманди созмони хайриявии “Дасти ёрӣ” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, рӯзи 27-уми сентябр, бо ду ҳамкори дигараш, Тоҳир Холов ва Камил Арешев ҳангоми бурдани сандуқи хайриявӣ ба яке аз мағозаҳои маркази савдои “Садбарг” аз ҷониби кормандони ВКД мавриди латукӯб қарор гирифтанд.
Асозода нақл кард, ки “аз ҷониби маркази савдои “Садбарг” ба ҷониби мағозаи “Тоҷик-Кристал” гаштанӣ будем, ки як нафар корманди БДА ишора кард, ки мумкин нест, рост ҳаракат кунед. Мо гапи ӯро гӯш карда, рост ҳаракат кардем. Баъди камтар ҳаракат автомобил манъ кард ва ману Камил сандуқро гирифта аз мошин берун шудем ва Тоҳир бошад ҳаракатро идома доданӣ буд. Дар ин лаҳза як нозири роҳ давида автомашинаро боз дошта рақамҳояшро гирифт. Камил бошад аз нозир хоҳиш кард, ки рақамҳоро диҳад, зеро мошин аллакай рафта истода буд. Аммо нозир ба сари мо дод зада, дашномро оғоз кард. Баъди чанд лаҳза полковник ва капитани милитсия ҷониби мо омада Камилро якеаш дошта дигараш зада ба овози баланд суханҳои қабеҳ гуфта, таъкид кард, ки "Ту ...... қатии началники милиса чӣ хелӣ гап задестӣ?".
Камил Арешев, роҳбари созмони хайриявии «Дасти ёри» ба “Озодагон” гуфт, “аз намуди зоҳирии ин ду корманди милитсия маълум буд, ки нушидагӣ ҳастанд. Баъдан ман аз онҳо хоҳиш кардам, ки дастонашонро аз ман гиранд. Боз ду корманди дигари милитсия омада, як мушти дигарро аз онҳо хурдам. Комрон дид, ки кормандони милитсия маро зада истодаанд сандуқро ба замин гузошта ба назди мо омад ва хоҳиш намуд, ки ин корҳояшонро бас кунанд. Баъди хоҳиши Комрон ӯро низ ду корманди милитсия боздошта, ба назди автомашина бурда латукӯб карданд. Тоҳир хост Комронро аз дасти онҳо халос кунад, ки дар натиҷа худаш мушт хурд ва ҳуҷҷатҳояшро аз дасташ гирифта ба дохили мошин шинонданд”.
Дар идомаи суҳбат Камил афзуд, ки “се нафари моро маҷбуран ба шуъбаи милитсияи Сино-1 бурда, аз як утоқ ба утоқи дигар бурда бозпурсӣ мекарданд. Баёнотро навишта баъд аз чанд корманди милитсия шунидем чихел мо онҳоро қадрдонӣ намекунему хуб забони тоҷикиро намедонем ва мо пантурк ҳастем. Дар шуъбаи милитсия мо тақрибан 5 соат бе об ва бе иҷозат ба ҳоҷатхона нишастем. Баъдан гуфтанд, шиносномаҳои худро гузореду пагоҳ соати 10-00 дар ҳамин ҷо шавед.”
Кормандони созмони хайриявии “Дасти ёрӣ” бар инанд, ки маъмурини пулис дар муносибат бо онҳо худсариҳо карда, аз салоҳияташон баромада, ҳуқуқҳояшонро поймол намудаанд. Онҳо мегӯянд, барои дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ба додситонӣ ва раёсати амнияти дохилии ВКД муроҷиат хоҳанд кард, то дастандаркорон муҷозот шаванд.
Дар мақомоти пулиси шаҳри Душанбе касе ҳозир нашуд, ки ин ҳодисаро шарҳ диҳад.