Маҳрумияти ноболиғон аз озодӣ: додгоҳҳо баъзеҳоеро маҳкум кардаанд, ки набояд мекарданд

Маҳрумияти ноболиғон аз озодӣ: додгоҳҳо баъзеҳоеро маҳкум кардаанд, ки набояд мекарданд

Дар ҳоли ҳозир дар Муассисаи тарбиявии кӯдаконаи шаҳри Душанбе, ягона муассисаи кӯдаконаи ислоҳии пӯшидаи Тоҷикистон, наздики 60 нафар кӯдакони аз 14 то 18 сола адои ҷазои ҷиноӣ мекунанд. Ин кӯдакон, ки ба таъбири ҳуқуқӣ аз эшон кӯдакони бо қонун мухолифат дошта ном бурда мешавад, барои анҷом додани ҷиноятҳои начандон сангин, сангин ва ниҳоят сангин маҳкум шудаанд. Маълумоти мазкурро яке аз ходимони ҳуқуқӣ ба шарти ифшо нашудани исмаш дар ихтиёри “Ормон” гузошт. Аммо шумори маҷмуи атфоли бо қонун мухолифат дошта, ки ба ҷуз аз Муассисаи тарбиявӣ, дар мактабҳои махсус тарбият мешаванд, пайдо нагардид.

Миёни кӯдакони маҳкум ба маҳрумият аз озодӣ афроде низ ҳастанд, ки дуздӣ, авбошӣ ва дигар ҷиноятҳои начандон вазнинро анҷом додаанд. Бино бар боварии Гулҷаҳон Умарова, корманди дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, агар меъёрҳои қонунгузорӣ дуруст амал мекард, қисме аз кӯдакони маҳкумшуда намебоист дар муассисаҳои ислоҳӣ мебуданд.

Зимни як мизи мудаввар дар Душанбе 30-юми апрел роҳҳои пешгирии бесабаб равонаи зиндон шудани кӯдакон ва риояи адолати судӣ нисбати атфол баҳс шуд. Дар зимн, Гулҷаҳон Умарова гуфт, дар пайи як мониторинг дастгоҳи Ваколатдор муайян кардааст, ки дар Муассисаи ислоҳӣ ва мактабҳои махсуси кӯдакони бо қонун мухолифат дошта, асосан, атфол аз хонаводаҳои камбизоат ва носолим нигаҳдорӣ мешаванд.

- Умуман, бо сабабҳое кӯдакон ба ин маконҳо равона шудаанд, ки ба ақл рост намеояд. Яке аз тарбия дур мондааст, якеро сатҳи маърифати падару модар паст аст, дигар камбизоат аст, дар баъзе маврид ба иллати хунукназарии нафароне, ки дар навоҳӣ вазифаи кор бо ноболиғонро соҳиб шудаанд кӯдакон маҳкум ба маҳурият аз озодӣ мешаванд, - илова мекунад хонум Умарова.

Умарова мегӯяд, кӯдаконе, ки ҷинояти начандон сангин, аз қабили дуздӣ, авбошӣ ва дигар қонунвайронкуниҳои камаҳамиятро анҷом додаанд, набояд паси панҷара раванд. Бо созиши тарафҳо; ҷабрдида ва волидайни ноболиғ баҳсро бояд то ба додгоҳ расидан ҳал кард, пешниҳод мекунад ин корманди дастгоҳи Ваколатдор.

Гулчеҳра Раҳмонова, сарвари Ташкилоти ҷамъиятии "Маркази ҳуқуқи кӯдак"Аммо дастрасӣ надоштан ба ҳимоятгар (адвокат) аз омилҳои дигари ба муассисаҳои ислоҳии пӯшида равона шудани кӯдакон арзёбӣ гардид. Дилшод Аминов, судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мегӯяд, ба ин далел, ки қонунгузорӣ барои афроди ноболиғ хидмати ройгони ҳуқуқиро пешбинӣ кардааст, бархе ҳолат ҳимоятгарон аз ҳозир шудан дар чунин баҳсҳо худдорӣ меварзанд. Аминов меафзояд, дар баъзе маврид ҳимоятгарон танҳо дар рӯзи эълони ҳукм дар додгоҳ ҳозир мешаванд ва бо имзо гузоштан дар санадҳои ҳуқуқӣ масъулияти худро хатм шуда медонанд.

- Ҳангоми мурофиаи судӣ ошкор карда мешавад, ки баъзеи онҳо дар рафти тафтишоти пешакӣ ширкат надоштаанд. Ҳимоятгарон, аз баски бояд ҳуқуқҳои ноболиғонро ройгон ҳимоят кунанд, аз ширкат дар рафти тафтишот ва ҷаласаҳои додгоҳӣ худдорӣ мекунанд. Аммо ин парвандаҳо ройгон нестанд. Қонун дар бораи адвакатура муайян кардааст, ки ҳаққи ҳамон рӯзаи кории ҳимоятгар аз ҳисоби буҷаи мақомоти давлатӣ рӯёнида шавад, - илова мекунад судяи суди Синои шаҳри Душанбе.

Вале Баҳодур Саидов, ҳимоятгар аз Коллегияи адвакатҳои ҷумҳурӣ мегӯяд, на ҳамеша мақомоти давлатӣ ҳозир мешаванд, ки ҳаққи ҳимоятгаронро пардохт намоянд. Саидов меафзояд, биноан бархе ҳолат ҳимоятгарони ботаҷриба ҳимояи ҳуқуқҳои ноболиғонро бар душ намегиранд.

-Танҳо аз 1-уми марти соли ҷорӣ то миёнаҳои моҳи апрел 97 парванда ба коллегияи мо ворид шудааст, ки нисфи ин шумора парвандаҳои марбут ба ноболиғон аст. Мебояд мо аз ин парвандаҳо пардохт талаб накунем. Он маблағеро ҳам ки бо талошҳои зиёд баъзан аз мақомот меситонем, хеле ночиз аст. Вале дар иваз мо ҳич имтиёз надорем. Мо пешниҳод мекунем, ки андоз аз даромадҳои мо кам карда шавад, барои мо идораҳоро бо нархи арзон ба иҷора диҳанд ва дигар имтиёзҳоро дар ихтиёрамон гузоранд. Дар он сурат хизмати бо сифат хоҳем расонид, - меафзояд Баҳодур Саидов.

Қарор аст ин пешниҳодҳо барои баррасӣ дар лоиҳаи нави Қонуни ҶТ “Дар бораи адвакатура” ворид гарданд. Гулчеҳра Раҳмонова, сарвари Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи кӯдак”, аз ташкилкунандагони мизи мудаввар, мегӯяд, ҳамаи пешниҳодҳо дар ниҳоят ба Вазорати адлия ирсол мешаванд. Салоҳияти ворид кардани пешниҳодҳо ба лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи адвакатура” дар ихтиёри Вазорати адлия аст.

Сомонаи хабарӣ-иҷтимоии Ташкилоти ҷамъиятии "Ормон" (www.ormon.tj)