Мендес: Шиканҷа дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Мендес: Шиканҷа дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Хуан Мендес, маърӯзачии махсус оид ба масъалаҳои шиканҷа дар Созмони Милали Муттаҳид дар ҷамъбасти сафараш ба Тоҷикистон гуфт, аз қазия марги Умедҷон Тоҷиев дар беморхонаи зиндони Хуҷанд ва муносибатҳои ғайриқонунии масъулини маҳбас огоҳӣ пайдо кардааст.

Вай дар суҳбат бо хабарнигори TojNews дар бораи сафари ахираш ба Тоҷикистон ва хулосабардорияш аз вазъи маҳбусон ва шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳӣ нақл кард.

TojNews: - Дар бораи Умедҷон Тоҷиев чӣ медонед? Оё ба назари Шумо вай қурбонии шиканҷа шудааст? 

- Мо ба маълумоти таҳқиқот ва далелҳои қазияи марги Тоҷиев такя карданием. Ҷароҳатҳои бадани вай далели шиканҷа шудани ӯянд. Чаро Умедҷон Тоҷиев худро аз ошёнаи сеюм ба замин партофт? Чаро худро ба ин ҳолат овардааст ва чаро саривақт расидагӣ нашуд? Албатта, ин суолҳо аз тафтишот посух мехоҳанд. 

Ба ҳар ҳол ман ба намояндаҳои Тоҷикистон ва Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ маълумот пешниҳод мекунам...

TojNews: - Як сол қабл омада будед ва изҳорот дода будед, ки шароити маҳбусон дар Тоҷикистон аз истироҳагоҳ кам фарқ мекунад. Ё ман хато мекунам? 

- Як сол қабл вақте омада будам, дар Тоҷикистон ман низоми маҳбасҳоро воқеан хуб дарёфта будам. Дар ин бора маълумот ҳам додам. Бахусус, бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо дар дохили маҳбас - ман ба ин кор баҳои мусбат дода будам. Аммо шароити маҳбусони якумраро мавриди интиқод қарор додам. Онҳо дар воқеъ шароити баде доранд. Инро ба ҳукумати Тоҷикистон расонида будам.

Он даъфа ҳам ман инфиродӣ як ба як бо маҳбусон суҳбат доштам ва онҳо тасдиқ карданд, ки мавриди шиканҷа қарор мегиранд. Тавсияҳое, ки мо дода будем, қисме аз онҳоро амалӣ кардаанд, қисми дигарашро тамоман амалӣ накардаанд. Ба назар ҳам нагирифтаанд. Ҳамчунин зимни ин сафарам фаҳмидам, ки навъи шиканҷа дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон зиёд шудаанд. Дар ҳоли афзоишанд.

TojNews: - Ҳоло чӣ назар доред? Аз маргумири маҳбусон, аз қазияҳое, ки дар расонаҳо буданд, хабар доред? 

- Ман аз қазияҳои марги Икромзода ва Садриддин Тошеву Суннатулло Ризоев хабар дорам.

Он маълумот, аксу наворҳоеро, ки вуҷуд доштани шиканҷаро дар маҳбасҳо тасдиқ мекунанд, дастрас кардам. Ман онҳоро меомӯзам ва ба Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ пешниҳод хоҳам кард.

Аз ҳукми иловагии суд нисбат ба Сунатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, ки аз 7 то 9 cолӣ барои ошкор кардани шиканҷаи Икромзода ва шоҳидӣ доданашон ба ҳукмашон зам шудааст, хабар дорам.

Ин масъалаи ҷиддӣ аст. Ман маълумот гирифтам, ки ба наздикони онҳо фишор овардаанд ва ҳатто суиқасд ба куштор ҳам сурат гирифтааст. Ин мансабдорон бояд аз вазифаҳо ронда шаванд. Нисбат ба онҳо бояд тафтишот сурат гирад.

TojNews: - Шумо вақте мегӯед, ки ман ин маълумотро ба намояндагони ҳукумат, СММ мерасонам, савол пайдо мешавад, ки шумо ба онҳо чӣ мегӯед, барои мисол, бо Президент Эмомалӣ Раҳмон суҳбат хоҳед кард, ба ӯ чӣ мегӯед?

- Ҳукумат бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи инсон бояд пеши роҳи шиканҷаро бигиранд.

Фарҳанги эътироф карданро бояд биомӯзанд ва истифода кунанд. Шиканҷа ва истинтоқи инсон набояд фарҳанги кории мақомоти милиса ва прокуратура, ё масъулони маҳбас бошад.

Ман ҳамчунин зимни ин сафар ба хулоса омадам, ки васоити ахбори оммаи Тоҷикистон дар пайгирии ҳолатҳои шиканҷа ва нақзи ҳуқуқи инсон хеле пешрафт кардаанд, фаъол шудаанд.

TojNews, 13-уми феврали соли 2014