Модари сарбоз: Пул медоштам, писарам намемурд

Модари сарбоз: Пул медоштам, писарам намемурд

Сӯҳбати Комрони Аслон бо Раҳматова Дилором, модари сарбозе, ки ба қавли наздиконаш, санаи 7-уми июли соли равон зери латукӯби сарбозон ё бар асари “дедовщина” аз олам даргузашт.

- Пеш аз ба хизмати ҳарбӣ рафтанаш, муносибати писаратон бо дӯстону наздиконаш чӣ гуна буд?

- Писари ман дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров дар  факултети телекоммуникатсия ва иттилоот мехонд. Ӯ бо ҳама як хел муносибат мекард. Як бачаи чаққон, зирак, ҳушёр ва дидадаро буд. Фирдавс ҳам кор мекарду ҳам мехонд, чун ман бо маоши давлат зиндагӣ мекунам. Дар оила 5 нафар зиндагӣ мекунем ва маоши ман намерасид. Фирдавс ба мо кӯмак мекард.

- Писари Шумо бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафт, ё “облава” карда бурданд?

- Ӯро 5 нафари бе либоси низомӣ дар паҳлуи бинои истиқоматиамон “облава” карданду ба хизмат бурданд. Чун бародари Фирдавс - Фирӯз дар хизмати Ватан буд, ман ба корманди комиссариати ҳарбӣ Баротов Ҳикматулло гуфтам, ки барои писарам як вақти муайян диҳанд, то писари дигарам аз хизмат баргардад. Ва Фирдавс ҳам донишгоҳро хатм мекунаду ҳатман ба хизмат меравад. Аммо Баротов ин корро накард, чунки пул надодам. Мардум мегуфтанд, ки барои ба як вақти муайян гузоштан камаш 200 ё 300 долар даркор. Фирдавс гуфт, ки «ман хизмат мекунам, ҳеҷ гап нест, пул надиҳед». Агар ман пул медоштам, писарам намемурд.

- Бояд Фирдавс берун аз ҳудуди вилояти Суѓд хизмат мекард. Чӣ сабаб шуд, ки ӯ дар шаҳри Конибодом хизмат кард?

- Азбаски ман шароити хуб надоштам, хостам писарам дар ягон қисми ҳарбии вилоят хизмат кунаду бароям осон шавад хабаргирӣ. Чун ӯ дар курси 4-уми шӯъбаи ѓоибонаи ДДХ мехонд, мехостам вақти имтиҳонҳояш омада супорад онҳоро. Зеро, ӯро дар вақти супоридани имтиҳонҳо дастгир карданд. Ӯ ҳатто имтиҳонҳояшро насупорида, “облава” шуд.

Ҳар бор Фирдавс мегуфт, ки «як илоҷ кунед, маро аз инҷо ба дигар қисми ҳарбӣ гузаронанд, чун дар инҷо хизмат хело душвор, мезананд, гапҳои пасту баланд мегӯянд, дашном медиҳанд ман намехоҳам аз пушти ман шумо ҳақорат шунавед».

- Аз марги писаратон ба шумо кӣ хабар дод?

- Писарам Фирӯз он вақт даҳрӯза рухсатӣ омада буд. Бояд рӯзи 8-уми июл ба ҷои хизматаш бармегашт. Бо ҳамсинфонаш дар даромадгоҳи бино нишаста будаанд, ки аз комиссариати ҳарбии шаҳр омадаанд. Ба Фирӯз гуфтаанд, ки «Раҳматов Фирдавс бародари шумо?». Ӯ тасдиқ мекунад. Фирӯзро ба комиссариати ҳарбӣ бурда, мегӯянд, ки «бародарат нафасгир шуда, мурдааст». Ӯ омада ба падараш ин ҳодисаро мефаҳмонад. Ман дидам, ки аз чашмони шавҳарам ашк равон шуд, ҳайрон шудам. Пурсидам, ки «чӣ гап шуд?». Он кас гуфтанд, ки Фирдавс  аз олам гузаштааст».

Санаи 7-уми июл, соти 24:30 ҷасади писарамро оварданд. Аз тамоми мақомоти қудратӣ омада буданд, аз ҳукумати шаҳр, аз қисми ҳарбии 04080, ки Фирдавс онҷо хизмат мекард, аз ШВКД-и шаҳри Хуҷанд ва дигарон. Сабаби омаданашон маълум буд, ки ягон кас тартиботро вайрон накунад.

- Додгоҳи ҳарбии гарнизони Суѓд cе низомиро дар латукӯбу марги писаратон гунаҳгор дониста, алайҳашон ҳукм баровард. Розӣ ҳастед нисбати ҳукми додгоҳ?

- Ман фарзандамро 22 сол калон карда, ба давлат супоридам, аммо ӯро дар як моҳ нобуд карданд. Ман аз ҳукми баровардаи додгоҳ нисбати се афсар розӣ нестам, ки ба онҳо 2-сол доданд. Ҳол он ки, бояд онҳоро якумрӣ равонаи зиндон мекарданд. Ҳукми мазкур аз ҷониби судя Бобоҷонов Бахтиёр қироат карда шуда, ӯ гуфт, ки «мо аз рӯи қонун кор мекунем».

Ман модарам. Магар мешавад, ки бо ҳукми додгоҳ нисбати се афсари дар марги писарам гунаҳгор розӣ буда тавонам!? Ман ҳайронам, роҳбари қисми ҳарбии 04080 Одинаев куҷоро нигоҳ мекард? Магар онҳо маоши давлатро намехӯранд? Ё онҳо фарзанд надоранд? Пас, мардум баъди ин ҳодисаҳо фарзандонашонро чи гуна ба хизмат равон мекунанд? То ҳол писарам Фирӯзро саломатиаш хуб нест. Касе ба хизмат равад, бемор мешавад, аммо роҳбарон парвое надоранд.

- Оё аз ҷониби мақомоти шаҳри Хуҷанд ё қисми харбие, ки Фирдавс хизмат мекард, ягон кӯмак карда шуд?

- Аз ҷониби қисми ҳарбии 04080 ҳаштсад сомонӣ, 1 халта орди кӯҳнашуда ва равѓан оварданд, ки ин аламовар аст. Аммо раиси шаҳри Хуҷанд Аҳмадзода Раҷаббой ду маротиба омада, ҳамдардӣ баён карда, 1000 сомонӣ кӯмак намуд.

«Фараж», №44 (465), аз 28-уми октябри соли 2015