Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Нӯъмон Мирзоев, падари сарбози маҷруҳшуда дар сӯҳбат ба Faraj.tj гуфт, ки мақомот ба писараш Шаҳбол Мирзоев ба ҷуз як рахти хоби тиббӣ, ки 4 ҷояш дарида аст, дигар кӯмаки назаррасе накарданд.
Ба нақли Нӯъмон, онҳо аз роҳбарияти Сарраёсат умедҳои зиёд доштаанд, аммо ҳоло дар нимароҳ мондаанд ва чи кор карданашонро намедонанд: «Рахти хоби дамкардашударо оварданд, 4 ҷояш кафида буд. Ҳарчанд чандин маротиба барои рахти хоби нав хоҳиш намудем, гуфтанд, ки меоранду дигар занг ҳам назаданд. Масъалаи доруворӣ ҳам ҳамин хел, қариб 10 маротиба занг мезанем, баъд меоранд. Ҳоло мо худамонро назди масъулини ин сарраёсат монанди муттаҳамон ҳис мекунем».
Падари сарбози маҷруҳшуда ҳамчунин афзуд, ки дар пойтахт хона надоранд ва дар хонаи хешу табор истиқомат кардан барояшон хеле мушкил шудааст: «Модари Шаҳбол бо бародараш дар беморхонаанд, чун беморро нигоҳубин мекунанд ва ба ӯ дар хӯрдани хӯрок кӯмак мерасонанд. Аммо барои ман хоб кардан он ҷо мумкин нест».
Вай ҳамчунин афзуд, ки аз ваъдаи генерал-майор Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар бораи ҷарроҳӣ то ҳол дараке нест: «Ман чандин маротиба ба онҳо гуфтам, ки ҷарроҳии писарам дар Олмон 64 ҳазор евро ва дар Эрон бошад, 56 ҳазору 476 сомониро ташкил медиҳад. Ман аз сардори ҳарбии ноҳияи Ашт Юлдош Рузиматов ҳам, ки бо лақаби «Бачахӯрак» маъруф аст, хеле гиламандам. Ӯ вақти ҷамъ кардани наваскарон азияти зиёд кашид, аммо Шаҳболи ман гуфт, ки ихтиёрӣ мераваду хизмат мекунам. Аммо вай ҳоло ақаллан як бор ҳам занг назад ва напурсид, ки аҳволи писарат чӣ хел аст. Баръакс, ман худам ба ӯ занг зада гуфтам, ки ана, шумо ташвиқ кардед, ки «бачаатон бо тани сиҳат ба хона бармегардад, ман кафолат медиҳам». Вале ҳоло ҳатто як бор ақаллан телефонӣ аҳволпурсиаш накард. Сахт аламам кард».
Аммо Насим Худойназаров, иҷрокунандаи вазифаи сухангӯи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Faraj.tj гуфт, ки «падари Шаҳбол дурӯғи маҳз мегӯяд, ки гӯё масъулини сарраёсати мо ба писараш рахти хоби тиббии 4 ҷояш даридаро бурдаанд. Мо дигар ягон чизи даридагӣ дар сарраёсат надорем, ҳама чиз наву тоза аст. Аммо дар робита ба ваъдаи генерал чизе гуфта наметавонем. Ин масъаларо худи боло медонад, ки маблағи ҷарроҳии сарбози маҷруҳро медиҳанд ё не».
Иноятулло Иноятов, ҳуқуқшиноси варзида мегӯяд, ки мувофиқи Кодекси ҷиянотии ҶТ, зарари ҷисмониро худи ҷиноятсодиркунанда бояд супорад. Вале ҷониби даъвогар бояд то қарори суд каме мунтазир шавад. Аммо ҳастанд ҳолатҳое, ки наздикони ҷинояткор қарори судро интизор нашуда, маблағ барои нафари зарардидаро пешакӣ месупоранд, то ӯ табобат кунад.
Фахриддин Зубайдов, муфаттиши Прокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе ба Faraj.tj изҳор дошт, ки воқеан ҳам нисбати ҷинояткорон, ки Шаҳболро латукӯб кардаанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд.
- Дар қазияи мазкур муаммои зиёде низ ҳаст. Шаҳболро як кас не, балки якчанд нафар латукӯб кардаанд. Аммо барои халал ворид накардан ба тафтишот, мо аз ифшои ҷузъиёти он худдорӣ мекунем. Ҷинояткорро мо бе ҷазо намемонем, ин дақиқ аст, - гуфт Зубайдов.