Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Хабарнигорону кормандони ВАО (СМИ) бояд “язна” ё хешу табори кӣ бошанд, то латту кӯб нашаванд ё ҳадди ақалл омилони ҳамла ба онҳо ёфтаву муҷозот гардад?
Боздошт, латту кӯб ва билохира барои ҳафт шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шудани наворбардори хабаргузории “Озодагон” хеле аз ҳамкорони моро дар ҳолати шок гузошт. Хуршед Раҳмонов, муовини раиси Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ба масъулони хабаргузорӣ “қавли мардакӣ” дода буд, ки Абдураҳим Шукуровро барои ташхис ё экспертиза бурдаву пас аз он раҳо мекунад. Аммо наздик ба соати 20:00, баъд аз пофишориҳои кормандони хабаргузорӣ, дар як тамоси телефонӣ гуфт, Шукуров ҳафт шабонарӯз нигаҳдорӣ мешавад.
Аз ин пеш, наворбардори “Озодагон” дар як дидори кӯтоҳ бо масъулони хабаргузорӣ шикоят кард, ки баъд аз боздошт шудан дар роҳ ба сӯи Шӯъбаи умури дохилӣ латту кӯб шуда ва ноҳияи чашмаш осеб дидааст. Абдураҳим Шукуров ҳангоми иҷрои вазифаи касбияш боздошт шуд. Ӯро ҳангоми наворбардорӣ аз рафти таҷаммӯи наздикон ва ҷонибдорони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе дастгир карданд. Яъне вақте вазифаи касбияшро анҷом медод.
Наход дар ин кишвар, дигар барои анҷоми вазифаи касбӣ ҳам боздошт ва латту кӯб кунанд? Гузашта аз ин, баъд аз анҷоми рӯзу соати корӣ ва бидуни ҳузури ҳеч касе ба ҳафт шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шудани як нафар чӣ таърифе дорад? То ин вақт аз кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот интизори боздошти омилони ҳамла ба журналистонро доштем. Аммо вақте худи онҳо як корманди ВАО-ро латту кӯб мекунанд, дигар чӣ кор бояд кард?
Тоҷикистон шоҳиди латту кӯбҳои зиёди журналистон ва кормандони ВАО шудааст, ки омилони бештари онҳо бо гузашти солҳо ҳам ошкор нашудаанд. То ҳанӯз мақомот дар пайдо кардани афроде, ки ба Раҷаби Мирзо, сармуҳаррири нашрияи “Рӯзи нав” (моҳи июли соли 2004), Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ (феврали 2011) ва Далер Шарипов, хабарнигори ТВ “Сафина” (майи соли 2012) ва ҳамла бурдаанд, муваффақ нашудааст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, оё месазад бовар кард, ки ВКД кормандони худашро муҷозот мекунад? То ин вақт зиёд мегӯянд, ки барои ба роҳ мондани тиҷорат, пешрафти кор соҳибмақом шудан бояд дар ниҳодҳои калидӣ “тағо” ё хешу табор дошта бошӣ. Шояд акнун барои пайдо кардани ҳамлаварон ҳам “тағо” лозим бошад. Ё шояд ба журналистон “язна”-и нерӯманде лозим, ки гапашро дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ “ду” карда натавонанд?