Нигина Баҳриева: Яке аз вазифаҳои мо таъмини рушди институтсионалии Эътилоф аст

Дар ҳайати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Гуруҳи таҳлилӣ амал менамояд, ки миёни дигар гуруҳҳо қисмати муҳим ба шумор меравад. Дар бораи он роҳбари гуруҳ Нигина Баҳриева муфассалтар маълумот медиҳад.

- Гуруҳи таҳлилии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба чӣ кор машғул аст?

- Гуруҳи таҳлилии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Нотабене» ҳамоҳангсозӣ мегардад ва аз роҳбарони ҳама гуруҳҳои кории Эътилофу коршиносони ташкилотҳои узви Эътилоф таркиб ёфтааст.

Гуруҳи таҳлилӣ фаъолияташро дар ду самт амалӣ менамояд. Пеш аз ҳама, вазифаи мо коркарди қоидаҳо, тартибу механизмҳои ба рушди институтсионалии Эътилоф ва гуруҳҳои кории алоҳида равонагардида аст. Мо дар ин самт ҳуҷҷатҳои дохилии фаъолияти Эътилоф, аз ҷумла лоиҳаҳои Стратегия ва нақшаҳои кориро коркард мекунем, баҳогузории самаранокии фаъолияти гуруҳҳои кориро гузаронида, тавсияҳои мувофиқро коркард менамоем, дар бораи фаъолияти Эътилоф ҳар як семоҳа, нимсола ё солона гузориш омода месозем.

Дар масъалаи озодӣ аз шиканҷа гуруҳи мо фаъолиятҳояшро дар якчанд самт амалӣ менамояд. Мо ба таври доимӣ таҳлили қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқистифодабариро тибқи стандартҳои байналмилалии озодӣ аз шиканҷа мегузаронем. Дар натиҷаи таҳлил ҳуҷҷатҳои гуногун, масалан ҳисоботҳои таҳлилӣ, ҳуҷҷатҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ, инчунин гузоришҳо ба мақомоти СММ оид ба тартиби Гузориши даврии универсалӣ ва ба кумитаҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ё тартиботи махсус коркард мешаванд.

Мо ба аҳамияти эдвокасӣ, яъне пешбурди тавсияҳоямон чи дар сатҳи миллӣ ва чи дар сатҳи байналмилалӣ бартарият медиҳем. Барои ин мо бо аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ё аъзои кумитаҳои СММ вохӯрда, масоили марбут ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти озодӣ аз шиканҷаро баррасӣ мекунем.

- Ҳангоми омода намудани гузоришҳои алтернативии ТҒД кадом намуди маълумот истифода бурда мешавад? Гузориши алтернативӣ аз миллӣ чӣ фарқ дорад?

- Албатта, гузоришҳои алтернативӣ аз гузоришҳои давлатӣ, ки ба мақомоти СММ пешниҳод карда мешаванд, фарқ доранд. Гузоришҳои миллӣ ё давлатӣ маълумоти зиёд оид ба қонунгузорӣ ва маълумоти омориро дар бар мегиранд, аммо дар бораи он, ки ҳангоми амалисозии стандартҳои байналмилалии озодӣ аз шиканҷа кадом мушилиҳо вуҷуд доранд, камтар. Гузоришҳои мо гузоришҳои давлатиро пурра карда, аз ҷумла маълумотҳоро оид ба он, ки амалан дар кишварамон барои огоҳонӣ ва мубориза бо шиканҷаву муносибати бераҳмона кадом мушкилот ҷой доранд, пешкаш месозанд.

- Оё мақомот ба тавсиҳои Эътилофи тоҷикистонӣ гӯш медиҳанд?

- Мо ба таври доимӣ дар сатҳи миллӣ бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ дорем ва баррасӣ менамоем, ки барои амалӣ кардани тавсияҳои мақомоти СММ кадом чораҳои самаранокро андешидан лозим аст.

Бояд зикр намуд, ки тамоми чорабиниҳои вобаста ба масоили шиканҷа бо ҳамкории ҷиддии мақомоти давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиву аъзои Эътилоф гузаронида мешаванд. Масалан, 25-уми октябри соли 2018 бо ташаббуси Идораи кафолати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Преиденти ҶТ дар ҳамкорӣ бо Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон барои Осиёи Марказӣ Эътилоф дар мавриди баррасии лоиҳаи Нақшаи миллии амал барои амалисозии тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа дар бораи натиҷаҳои баррасии гузориши даврии сеюми Тоҷикистон оид ба иҷрои Эъломияи зидди шиканҷа вохӯрии корӣ баргузор менамояд. Барои мо ин имконияти хуб аст, то тавсияҳоямонро барои ворид кардан ба нақшаи кории давлатӣ, ки дар сатҳи Ҳукумати ишвар қабул ва иҷрои он аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҳатмӣ дониста мешавад, пешниҳод намоем.

Як самти дигари фаъолияти гуруҳи мо коркарди барномаҳои омодасозии касбии намояндагони ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, судяҳо, прокурорҳо, намояндагони мақомоти тафтишотӣ ва адвокатҳо оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ба шумор меравад. Масалан, дар яҷоягӣ бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли охир мо барои зиёда аз 1000 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар мавриди навгониҳо дар қонунгузорӣ оид ба кафолати ҳуқуқҳои боздоштшудагону маҳбусон ҳудуди 30 чорабинии маълумотноксозӣ гузаронидем. Дар яҷоягӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси мақомоти прокуратура барои прокурорҳо аз рӯи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ ва тафтиши самараноки аризаҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона як қатор вохӯриҳо гузаронида шуданд. Мо бо Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорем ва дар масъалаи озодӣ аз шиканҷа, аз ҷумла ҷуброни зарари маънавӣ ба қурбониёни шиканҷа дар яҷоягӣ барои адвокатҳо тренингҳо мегузаронем.

NoTorture.Tj