Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ баҳси гузориши Тоҷикистон дар Кумитаи ҳуқуқи башари СММ-ро аз Душанбе тамошо карданд.
Вақте дар экрани бузург сӯҳбатҳои ҳайъати Тоҷикистон дар Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Женева ба таври мустақим намоиш дода мешуд, чеҳраи бархе аз намояндагони ҷомеаи маданӣ дар толори "Гулистон-тур” дар Душанбе тира мешуд. Гоҳе нидоҳое низ баланд мегашт, махсусан вақте ки ҳозирон омору арқоми гуфтаи намояндагони давлатро зери суол мебурданд.
Аммо аксарият аз он қаноатманд буд, ки мавзӯъҳои муҳими марбут ба ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар ҳамоиши Женева садо доданд. Дар ин баҳс боздошти Зайд Саидов, ҳаводиси соли гузаштаи Хоруғ, баста шудани созмони “Ампаро", Шоҳидони Яҳво, манъи ҳиҷобу масҷидравии наврасон ва ҳам ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳову рӯзноманигорон баррасӣ шуд.
Саволҳо дар Женева дар толори Душанбе ҳамоҳангӣ пайдо мекарданд, вале ҷавобҳо чанд эҳсоси қаноат намедоданд.
Сергей Романов, раҳбари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар ин баҳс аксари посухҳо бо такя ба қонунгузории кишвар дода шуданд, дар ҳоле, ки имрӯз мушкили аслӣ дар заминаи татбиқи ҳамин қонунҳост: «Ҳамчунин ман мунтазири он будам, ки дар мавриди шиканҷа ва вазъи зиндонҳои кишвар маълумоти бештар дода мешавад, чунки ҳоло ин аз мавзӯъҳои доғи ҷомеа аст. Ва мутаассифона, ягон иттилоъи комилро дар ин замина аз намояндагони давлат нашунидам ва умедворам, ҳамкорони ман, ки ҳоло дар Женева қарор доранд, тавонистанд ба аъзои кумита моҳияти ин масъаларо расонанд ва дар навбати худ кумита дар хулосаҳои тавсиявии худ воқеияти ҳолро инъикос мекунад».
Зулфиқор Замонов гуфт, ба назари ӯ, намояндагони давлат барои посух ба баъзе аз суолҳо омода набуданд. Аз ин хотир, ба гуфтаи вай, ҷавоб ба суолҳои марбути мустақилияти додгоҳҳо, эътиқоди динӣ, сабти созмонҳои ҷамъиятӣ ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар нокомил ва норӯшан боқӣ монданд. Вай афзуд: «Чун вақт барои баррасии ин масъалаҳо кофӣ набуд ва ҳам нафарони масъуле, ки бояд ба суолҳо рӯшанӣ меандохтанд, ҳузур надошанд, баррасии онҳо дертар сурат мегирад ва дар шакли хаттӣ пешниҳод мешавад. Аз сӯи дигар, агарчӣ дар ин нишаст дар мавриди мустақилияти додгоҳҳо оморҳо оварда шуд, ки то як андоза пешравиро дар ин замина нишон медиҳад, аммо мо мебинем, ки низоми судӣ то ҳанӯз фасодзада аст. Ва ҳатто соли гузашта дар ин замина Маркази мутолиоти стартегии назди президент , барои омӯзиши афкори омма назарпурсие анҷом дод, ки судҳову мақомоти интизомӣ аз фасодзадатарин ниҳодҳо унвон шуданд. Боиси таассуф аст , ки ислоҳоте ки дар ин авохир гузаронида мешавад, мушкилро рафъ намесозад».
Дар пайи гузориши якуми давраии давлати Тоҷикистон дар робита ба иҷрои Паймони байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандиву сиёсӣ, ки соли 2005 сурат гирифта буд, ба Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи башар чандин тавсия пешниҳод гардид. Аммо ба гуфтаи Зулфиқор Замонов, бархе аз ин тавсияҳо аз ҷумла, мустақилияти омбудсмен, дастрасӣ ба иттилоот ва ҷилавгирӣ аз шиканҷа аз сӯи ҳукумат иҷро нашудааст.
Интизор меравад, дар охири моҳи июл Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи башар, бо натиҷагирӣ аз гузориши дуввуми давраии давлати Тоҷикистон, тавсияҳои навро дар заминаи мурооти ҳуқуқҳои шаҳрвандиву сиёсии аҳолии Тоҷикистон эълом дорад.