Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дафтари ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон тавассути корманди ин ниҳод ба Маҳмурод Одинаев, падари яке аз ин зиндониён дастрас шудани навори шиканҷаи маҳбусонро рад кард.
Хадамоти матбуоти омбудсмен Зариф Ализода дар як нома, ки рӯзи 29 июл ба Озодӣ расид, навиштааст, даъвои Маҳмурод Одинаев, ки мегӯяд, навору аксҳои маҳбусони шиканҷашударо аз корманди ин ниҳод гирифтааст, воқеият надорад.
Азиз Солиев, сухангӯи омбудсмен ба Озодӣ гуфт, корманди ин ниҳод бар асоси муроҷиати Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа рӯзҳои 26–28 ноябри соли 2012 маҳбаси рақами ЯС 3/3-и Хуҷандро санҷида буд. Аммо дар рафти ин санҷиш, ки як табиб ҳам иштирок доштааст, ба гуфтаи Солиев, даъвоҳо дар мавриди шиканҷа ва лату кӯб шудани маҳбусон тасдиқ нашуд.
Мусоҳибам афзуд, ҷараёни ин санҷиш наворбардорӣ нашуда буд ва омбудсмен аз наворе, ки осори шиканҷаи маҳбусон ва нақли онҳо дар ин бораро намоиш медод, аз Интернет огоҳӣ ёфтааст. Аз ин рӯ, даъвои Одинаев, ки гӯё навору аксҳои изи шиканҷаи маҳбусонро аз ваколатдори ин ниҳод дастрас намуда бошад, ҳақиқат надорад.
Аммо Маҳмурод Одинаев, раҳбари Эътилофи алайҳи шиканҷа ва падари Суннатулло Ризоеви 27-сола, яке аз ду маҳбусе, ки дар додгоҳи Хуҷанд бо иттиҳомоти даст доштан дар пахши навори мазкур муҳокима мешаванд, пойфишорӣ дорад, ки навори нишонаҳои шиканҷаи маҳбусон ва чанд акси изи лату кӯб дар бадани маҳбусонро аз корманди омбудсмен баъд аз санҷиши маҳбас гирифтааст. Вай ин даъворо рӯзи 26 июл, замоне эълон кард, ки аз ҷониби додситонии назорати муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд боздошт ва бозпурсӣ шуд.
Маҳмурод Одинаев рӯзи 29 июл низ ба ҳамон даъвои пешинаш таъкид кард: “Дар додситонии махсуси Хуҷанд таҳти фишор хостанд, то дар бораи он ки гӯё навори шиканҷаи маҳбусонро ман дар интернет паҳн карда бошам, баёноти бардурӯғ нависам. Аммо ин даъвои онҳо дурӯғ аст. Ман чӣ тавр метавонам ба маҳбас даромада, аз маҳбусон навору аксҳо бигирам? Ман навор ва аксҳои изи зарбу лат дар бадани маҳбусонро аз корманди омбудсмен дар ҳузури ду шоҳид гирифта будам. Аммо барои он нисбат ба ман чунин амалҳои мухолифи қонунро раво мебинанд, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи фарзанди шиканҷадидаи маҳбусам ва дигар зиндониёни ҳуқуқашон зери по гашта садо баланд кардам”.
Вале додситонии назорати муассисаҳои ислоҳии Суғд иҷборанба бозпурсӣ бурдани Одинаевро қонунӣ медонад ва мегӯяд, дар бораи даст доштани ӯ дар паҳн кардани навори шиканҷа нишондоду мавод дар даст дорад.
Навори яксоатаи видеоӣ, ки дар он маҳбусони зиндони рақами 3 - и Хуҷанд бо навбат назди дурбин омада, пас аз шиносонидани худ, пайи зарбаҳоро дар бадани худ нишон медиҳанд, дар моҳи декабри соли 2012 ба Интернет роҳ ёфт ва сару садоҳои зиёде ба вуҷуд овард.
Ҳоло додгоҳи Хуҷанд парвандаи ду маҳбуси ин зиндон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошевро баррасӣ мекунад, ки бо даъвои раҳбари зиндони рақами 3 барои пахши маълумоти гӯё бардуруғ айбдор мешаванд.