Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Маҳмадшариф Зоҳидов, падари Маҳмадтолиб Зоҳидов, яке аз маҳбусон - шоҳидони қазияи марги Ҳамза Икромзода, ки ба маҳбасхонаи Хуҷанд интиқол ёфтааст, мегӯяд, ба писараш прокурор таҳдид кардааст, ки дар ҳолати аз баёноташ даст накашидан, ӯро таҷовуз хоҳанд кард.
Вай мегӯяд, беш аз як сол аст, ки наметавонад бо писараш вохӯрад ва мегӯяд ба фарзандаш хатари таҷовуз ва марг таҳдид мекунад.
Вай мегӯяд, ғайр аз ин ки писарашро беогоҳӣ ба Хуҷанд интиқол додаанд, масъулини маҳбас ӯро ба паҳн кардани наворҳои видеоӣ, ки дар он маҳбусон аз латукӯби кормандони маҳбасхона шикоят мекарданд, муттаҳам карда, мавриди латукӯб қарор медиҳанд.
- Ман панҷ маротиба шуд, ки ба шаҳри Хуҷанд барои дидорбинии фарзандам меравам, аммо кормандони маҳбас ба вохӯрӣ монеа эҷод мекунанд ва ҳар дафъа бо баҳонае намемонанд, ки бо вай вохӯрам, - мегӯяд падари маҳбус.
Ёдрас мешавем, Прокуратура нисбати ду шоҳиди дигари қазияи марги Ҳамза Икромзода - Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев тибқи моддаи 346, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, маҳбусонро ба дидаву дониста, расонидани хабари бардурӯғ, бо роҳи сохтани далелҳои сунъии айбдоркунӣ, бо истифода аз воситаҳои ахбори омма гунаҳкор мекунад.
Наздикони маҳбусон мегӯянд, сабаби интиқоли Тошев ва Ризоев аз Душанбе ба Хуҷанд шикастани руҳияи онҳо будааст, ки дар қазияи марги Ҳамза Икромзода шоҳидӣ дода, гуфтаанд, ахирӣ аз ҷониби масъулини маҳбаси №1-и пойтахт латукӯб шуда, ба ҳалокат расидааст.
Баъд аз марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси 28-солаи маҳбаси шаҳри Душанбе, ки 21-уми сентябр ба наздиконаш ҷасади пур аз осори шиканҷааш супурда шуд, ҳудуди 50 нафар ба зиндони Хуҷанд интиқол ёфтанд.
Ин боиси гирдиҳамоии наздикони маҳбусон ва марҳум Ҳамза Икромзода назди бинои Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар пойтахт шуда буд, ки ба иддаои онҳо, мақомот барои ҷазо додани шоҳидони қазияи Ҳамза Икромзода маҳбусонро ғайриқонунӣ ба Шимоли кишвар интиқол доданд.
Мақомот сабаби марги Ҳамза Икромзодаро худкушӣ номиданд. Наздикони марҳум гуфта буданд, пеш аз марги Ҳамза Икромзода аз онҳо телефонӣ ду ҳазор доллар барои аз ҳуҷраи ҷаримавӣ берун кардани марҳум талаб карда буданд. Мақомот ин иддаоро рад карда, осори шиканҷаро дар бадани маҳбус пайи баклажкаҳои гарм унвон карданд, ки барои ба кор даровардани дил гӯё духтури муассисаи ислоҳӣ истифода кардааст.
Миёни гумонбарони қатли Ҳамза Икромзода, раҳбари муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт номи Рустам Тоштемировро мегирифтанд, аммо Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ танҳо як нафар аз гумонбарони ин қазия - Маҳмуд Исмоиловро, ки шаби ҳалокати Ҳамза Икромзода навбатдор будааст, муҳлати 5,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Наздикони маҳбусон ва қурбониёни шиканҷа ба президент Эмомалӣ Раҳмон, СММ ва ҷомеаи байналмилалӣ бо мактуби шикоятӣ аз роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии назди Вазорати адлия, Суди Олӣ ва Прокуратураи назоратӣ муроҷиат карданд ва истеъфои Иззатулло Шарипов, Нусратулло Абдуллоев ва Толиб Азимовро талаб карданд. Зери ин мактуб беш аз 300 нафар имзо гузоштанд.
Маҳмурод Одинаев, падари Суннатулло Ризоев ва Амиралӣ Икроомов, ки дар пайи ин қазия Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусонро таъсис додаанд, мегӯянд, аз маҳбас ба онҳо зиёд муроҷиат мекунанд ва дар бораи латукӯб ва шиканҷаи маҳбусон - шоҳидони марги Ҳамза Икромзода аз ҷониби масъулини ин маҳбас шикоят мекунанд.
- Дар сабти аудиоӣ суҳбати телефонии маҳбус Муҳаммадтолиб Зоҳидов ҳифз шудааст, ки бори ахир 29-уми августи соли ҷорӣ бо мо тамос гирифта буд, - мегӯяд Маҳмурод Одинаев.