Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Соҳибназарон мегӯянд, то ҳанӯз дар Тоҷикистон шеваи бидуни зӯроварӣ расидан ба ҳадаф фарҳанг нашудааст ва ҷомиа омода нест, мубориза бидуни зӯровариро шеваи кори худ қарор диҳад.
Мавзӯъи парҳез аз хушунат ба хусус дар муборизаҳои сиёсӣ дар пасманзари Рӯзи ҷаҳонии худдорӣ аз хушунат, ки 2 октябр таҷлил мешавад, аз ормонҳои дастнорас барои ҷомиаи Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Чаҳор моҳ қабл аъзои эътилофи ҳифзи демократия -як иттиҳоди нави мухолифони ҳукумати Тоҷикистон - бо пешниҳоди муаррихи маъруфи муқими Амрико Камолиддин Абдуллоев барои ҷорӣ кардани фарҳанги муборизаи бидуни зӯроварӣ, иқдом карда буд.
Қирғизбек Қонунов, узви садорати ин эътилоф ҳадафи аслии ин ташаббусро бидуни зӯровариву хушунат овардани ислоҳот ва тағйир дар Тоҷикистон ном бурд, вале гуфт, азбаски мафкураи сиёсии мардум дар сатҳи зарурӣ «пухта нарасидааст», ибтикори ҷорӣ кардани фарҳанги бидуни зӯроварӣ дар ҷомеи Тоҷикистон натиҷаи қобили мулоҳизае надод.
Қирғизбек Қонунов гуфт, аслан нафароне, ки бо зӯроварӣ ҳадафҳои худро пиёда мекунанд, онҳоеянд, ки таҳаммули пазируфтани консепсияҳои нерӯҳои мухолифонро надоранд: «Шояд дар ин марҳила каме барвақт буд ё ҷомеа ба ин тайёр набуд. Ман шахсан бо вуҷуди он ки дар ин самт мушкилот зиёданд, тарафдори ин идея ҳастам ва умед дорам, ки рӯзе мерасаду фарҳанги сиёсии мардум баланд мешавад. Ва он идеяҳое, ки на ҳама вақт бидуни истифода аз хушунат амалӣ мешаванд, бидуни зӯроварӣ амалӣ мешаванд. Ва тарафдорони ингуна ташаббусҳо низ бештар мешаванд».
Оила як бахши ҷомиа аст ва табъан фарҳанги зӯроварие, ки мо намунаҳояшро дар майдони сиёсии кишвар, аз ҷумла дар ин рӯзҳои корзори интихобот зиёд мебинем, дар муҳити хонаводаҳои тоҷик низ амиқ реша давондааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, дар Тоҷикистон хушунати хонаводагӣ ба ҳукми анъана даромада, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ чунин қазияҳоро аз умури хонаводагӣ медонанд ва ба он зиёд расидагӣ намекунанд.
Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон бештар аз ҳама занону кӯдакон мавриди зӯроварӣ ва шиканҷа қарор мегиранд. Вале зӯроварӣ ва шиканҷа алайҳи маҳбусон низ аз падидаҳоест, ки дар ин авохир дар бораашон зиёд гуфта мешавад ва номи Тоҷикистонро дар гузоришҳои байналмилалӣ роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар ҳар сол «сиёҳ» мекунанд.
Тоҷиддин Ҷалолов, раҳбари созмони ғайридавлатии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» мегӯяд, зӯроварӣ дар Тоҷикистон ба як фарҳанги хосу ом табдил ёфта, ҳатто дар идораву корхонаҳо раҳбарон дар баробари кормандони худ аз чунин шева кор мегиранд. Оқои Ҷалолов бо таассуф меафзояд, ки мардум ҳанӯз ҳатто омодаи мубориза алайҳи ин падида нест: «Бояд пеш аз ҳама насли наврасро омӯзиш дод, ки фардо гирифтори зӯроварӣ нашаванд».
Аммо Зебо Шарифова, раҳбари Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси Тоҷикистон мегӯяд, аксаран занон мавриди хушунат қарор мегиранд ва бештар онҳое, ки шавҳаронашон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Хонум Шарифова гуфт, талошҳое аз ҷониби давлат барои ислоҳи вазъ дида мешавад, аммо бо ин вуҷуд, «вале хушунат ҳаст. Ҳар чорумин зан дар кишвар ҳамсарони онҳоеянд, ки ба муҳоҷират рафтаанд ва гирифтори хушунати хонаводагӣ мешаванд. Худи занҳо мегӯянд, ки шавҳаронашон дар муҳоҷират ҳамсари нав гирифтаанд ва мехоҳанд аз онҳо ҷудо шаванд. Ин ҳам, албатта, хушунат аст».
Сафват Бурҳонов, як рӯзноманигори тоҷик, ки тобистони имсол даст ба як эътирози бидуни хушунат – гуруснанишинӣ - зада, ҳалли ҳатмии 10 масъалаи мубрами ҷомеаро дар миён гузошта буд, мегӯяд, фарҳанги эътирози бехушунат хоси ҷомеаи бофарҳанг аст. Ҷомеае, ки фарҳанги динӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад. Ӯ меафзояд, «дар таҷриба дидам, ки эътирози бехушунат бефоидатарини эътирозҳо дар ҷомеаи мост. Ҳамаи ҳукуматҳо дер ё зуд иваз мешаванд. Бо кадом роҳ иваз шуданашонро бояд худи онҳо андеша кунанд, на мо».
Рӯзи 2-юми октябр, ки зодрӯзи Маҳатма Гандӣ, асосгузори фалсафаи худдорӣ аз хушунат аст, аз соли 2007 ба ин сӯ ба унвони Рӯзи байналмилалии "худдорӣ аз хушунат" таҷлил мешавад. Ақидаҳои хушунатпарҳезии сиёсӣ таърихан аз пирӯзиҳои Маҳатма Гандӣ ва Мартин Лютер Кинг берун омадааст. Бо истифода аз ин ақидаҳо Гандӣ тавонист мардуми Ҳиндро муттаҳид кунад ва истиқлоли ин мустамликаи собиқи Бритониёро ба даст биорад.
Аммо, ба гуфтаи ҷомеашиносон, муваффақияти ин ҷунбишҳоро бештар на худи фарҳанги худдорӣ аз хушунат, балки пешвоёни пурҷозибаашшон ва ҳимояти васеи мардум таъмин намудаанд. Ду чизе ки дар ҷомеаи Тоҷикистон, ба бовари онҳо, имрӯз дида намешавад.