Парвина Наврўзова: Стандартҳои Протоколи Истамбулӣ барои тафтиши самараноки ҳолатҳои шиканҷа кўмак мерасонанд

- Кай ва барои чӣ дар Тоҷикистон амалисозии стандартҳои Протоколи Истамбулӣ оғоз шуд?

- Амалисозии стандартҳои Протоколи Истамбулӣ соли 2011 пеш аз ҳама барои он оғоз карда шуд, ки тафтиши самараноки ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмонаро ба роҳ мондан лозим буд. Асосан фаъолияти мо ба пешбурди таъини баҳогузории саривақтӣ аз ҷониби ташхисгарони судӣ-тиббӣ, табибони руҳшинос, равоншиносони оқибатҳои ҷисмонию равонии истифодаи шиканҷа ва тартиб додани хулоса тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ равона шуда буд. Бо фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз 2-юми декабри соли 2013 таҳти №719 бо мақсади амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба мубориза бо шиканҷа[1] Гуруҳи корӣ баҳри амалӣ намудани ҳолатҳои дохилӣ, дастурамалҳо ва формаҳо барои гузаронидани ташхисҳои судӣ-тиббӣ/руҳӣ ва шаҳодаткунонии тиббӣ тибқи шартҳои Протоколи Истамбулӣ[2] таъсис дода шуд. Ба ҳайати Гуруҳи корӣ намояндагон аз ВТ ва ҲИА ҶТ, коршиносони судӣ-тиббӣ ва ҳуқушиноси ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон»[3] ворид карда шуданд. Фаъолияти вобаста ба пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулӣ бо дастгирии коршиносии «Табибон барои ҳуқуқи инсон» амалӣ гардида, қисме аз стратегияи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Коршиносони миллии мо судяҳои Суди Олии ҶТ, намояндаи Прокуратураи генералӣ, коршиносони судӣ-тиббӣ, руҳшиносони Маркази ташхисии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати мудофиаи ҶТ ва адвокатҳо ба ҳисоб мераванд, ки бевосита дар амалисозии стандартҳои Протоколи Истамбулӣ фаъолона иштирок мекунанд.

- Давоми солҳои амалисозии ин ҳуҷҷат ба чӣ ноил шудед?

Фаъолияти гуруҳи кории мо дар доираи Нақшаи амал амалӣ мегардад. Нақшаи амал марҳила ба марҳила воридсозии стандартҳоро дар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ (дар ҳуҷҷатҳои дохилии хадамоти ташхисӣ ва қонунҳо), дар барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои омўзишии мақомоти прокуратураву суд (ҳуқуқӣ ва тиббӣ), омодасозии мутахассисон (коршиносони судӣ-тиббӣ, руҳшиносон, табибони самти умумӣ, кормандони системаи пенитенсиарӣ, мақомоти прокуратура, судяҳо ва адвокатҳо) фаро мегирад. Ба ғайр аз ин, коршиносони миллӣ оид ба Протоколи Истамбулӣ инчунин ба кори Эътилофи зидди шиканҷа дар қисми машваратдиҳии Гуруҳи кўмаки ҳуқуқӣ ва Гуруҳи офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ҷалб карда мешаванд.

Ворид намудани стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар ҳуҷҷатҳои дохилии муассисаҳои тиббӣ. 1-уми ноябри соли 2014 бо фармони №918-и ВТ ва  ҲИА ҶТ «Маҷмуаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии ташхиси судӣ-тиббӣ ва тартиби методии ташкилу истеҳсолоти ташхисҳои судӣ-тиббӣ» ва замима ба он - Санади тафтиши судӣ-тиббӣ (шаҳодаткунонӣ) аз ҷониби коршиносони судӣ-тиббӣ, бланка - Хулосаи ташхисгар ва Протокол барои гузаронидани шаҳодаткунонии тиббии боздоштшудагон аз ҷониби табибони травматолог, фелдшерҳо, гинекологҳо, проктологҳо тасдиқ гардиданд. Дар ҳуҷҷатҳои мазкур стандартҳои Протоколи Истамбулӣ ворид карда шудаанд.

Моҳи июни соли 2015 дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ва ВТ ва ҲИА ҶТ бо дастгирии БРСММ ҳуҷҷати нави «Тартиби ташкили кўмаки тиббӣ ба нафароне, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ адои ҷазо мекунанд ва ба боздоштшудагон» коркард шуд, ки барои истифодаи дохилии кормандони тиббӣ тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ пешбинӣ гардидааст. 1-уми майи соли 2018 тартиби мазкур бо фармони якҷояи Вазорати адлия ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти №40\402 тасдиқ гардид.

Дар соли 2016 дастурамали таълимӣ бо шумули стандартҳои Протоколи Истамбулӣ таҳия гардида, бо теъдоди 130 нусха ба нашр расид. Дастурамалҳо ба кафедраи морфологияи факултаи тиббии ДМТ ҶТ, Академияи ВКД ҶТ, факултаи ҳуқуқшиносии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров тақсим карда шуданд.  Соли 2017 дар яҷоягӣ бо омўзгорони факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ ҶТ шарҳҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таҳия гардиданд, ки дар он стандартҳои байналмилалӣ низ ворид карда шуданд. Шарҳҳои мазкур ба мақомоти судӣ-тафтишотӣ, донишгоҳҳо ва муассисаҳои тиббӣ тақсим карда шуданд.

Маълумотноксозӣ ва боло бурдани иқтидори аҳоливу мақомоти судӣ-тафтишотӣ. Маводҳои иттилоотӣ, аз ҷумла китобча оид ба ҳуқуқҳо ва кафолатҳои боздоштшудагон, овезаҳо бо рақами телефони боварӣ ва бюллетенҳо дар бораи натиҷаҳои амалисозии стандартҳои Протоколи Истамбулӣ[4] таҳия гардиданд. Китобчаҳо ба ташкилотҳои ҷамъиятие тақсим карда шуданд, ки ба аҳолӣ кўмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ мерасонанд.

Давоми чанд сол боз мо барои мутахассисони гуногуне, ки фаъолияташон бо тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ алоқаманд аст, тренингҳо мегузаронем. Аз ҷумла, соли 2015 барои 130 корманди тиббӣ, 5 узви гуруҳи мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, соли 2017 барои кормандони системаи пенитенсиарӣ - 33 корманди тиббӣ ва 23 корманди фаврии системаи пенитенсиарӣ, 3 намоянда аз Институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, 9 адвокат, соли 2016 барои 57 судя ва 11 судя-коромўзон, соли 2018 барои 86 нафар муфаттишони мақомоти прокуратура тренингҳо гузаронида шуданд.

Солҳои 2017-2018 дар доираи лоиҳаи коалитсионии «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон дастгирӣ меёбад, аз ҷониби Гуруҳи кории назди Вазорати тандурустӣ таҳлил ва баҳогузории ҳолати воқеии хадамоти судӣ-тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Аз моҳи август то октябри соли 2018 дар минтақаҳои Душанбе\НТМ (Турсунзода, Ваҳдат), вилояти Хатлон ва вилояти Суғд (Хуҷанд, Исфара, Истаравшан) мониторинг ва баҳогузорӣ гузаронида шуд. 230 табиб ва 46 ташхисгари судӣ-тиббӣ пурсида шуданд. Натиҷаҳои мониторинг дар марҳилаи баррасиву хулосабарорӣ қарор доранд. Мақсади мониторинг гузаронидани баҳодиҳӣ буд, чун дар минтақаҳо табибон дар амалия Протоколи тиббии шаҳодаткунонии боздоштшудагонро истифода мебаранд. Инчунин, баҳогузорӣ ба сифати шаҳодаткунонии боздоштшудагон ва тартиб додани Протокол, хусусан дар мавриди ҳолатҳои шиканҷаву дигар намудҳои муносибати бераҳмона.

Инчунин, аз ҷониби коршиносони руҳии ВА ва ҲИА ҶТ ва коршиносони байналмилалии «Табибон барои ҳуқуқи инсон» оид ба ҳолатҳои ташкилии ҳифзи саломатии руҳӣ дар Тоҷикистон гузоришу тавсияҳо омода карда шуданд. Тавсияҳо инчунин дар ҳар як банди мувофиқи муқаррароти хадамоти руҳӣ нишон дода шуданд. Ҳамзамон, коршиноси байналмилалӣ ҷиддан оид ба қабули қонун дар бораи ҳифзи саломатии руҳӣ тавсия дод. Тавсияҳои омодагардида барои қабул кардани қарор ба коршиносони руҳӣ ва Вазорати тандрусутӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ пешниҳод карда шуданд.

- Шарикони шумо киҳоянд? Оё аз кори онҳо қонеъ ҳастед?

- Шарикони лоиҳа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии назди Вазорати адлияи ҶТ, Маркази таълимӣ барои судяҳои назди Суди Олии ҶТ, Донишкадаи омўзиши масоили қонуният ва низоми ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура, адвокатҳо ва табибон ба шумор мераванд.

Тўли солҳои зиёд аст, ки мо барои амалисозии стандартҳои Протоколи Истамбулӣ кўшиш ба харҷ медиҳем. Аммо ҳоло ҳам дар масъалаи тафтиши ҳолатҳои шиканҷа мушкилот вуҷуд дорад, ки аз омилҳои гуногун вобаста аст, аз ҷумла дониши нокофии мутахассисон ва дар вақташ истифода набурдани имкониятҳо барои гирдоварии далелҳои тиббӣ, таъини ташхиси судӣ-тиббии бемаврид, имконияту ҳуқуқ надоштани қурбонии эҳтимолии шиканҷа барои гузаштан аз ташхиси ғайридавлатӣ, хавф бурдани табибон аз гузаронидани шаҳодаткунонии тиббии қурбониёни эҳтимолии шиканҷа ва мавҷуд набудани механизмҳои воқеии ҳимояи мутахассисон дар ин самт. Инчунин, сатҳи пасти таҷҳизоти лабораторияҳо дар марказҳои ташхисии кишвар, ки дар гирдоварии далелҳои тиббӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ таъсири зиёд доранд. Аз ҳамин лиҳоз, амалисозии стандартҳои Протоколи Истамбулӣ на танҳо боло бурдани иқтидори мақомоти судӣ-тафтишотӣ ва коршиносони масоили Протоколи Истамбулиро талаб мекунад, балки таҳияи асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои таъсис додану роҳандозии институтҳои ташхиси ғайридавлатӣ, муҷаҳҳаз намудани марказҳои ташхисӣ мутобиқи технологияҳои муосир, таҳияи механизмҳои амалкунанда барои ҳимояи табибон ва халал нарасонидан ба фаъолияти онҳо ҳангоми гузаронидани шаҳодаткунонии тиббии қурбониёни эҳтимолии шиканҷа зарур аст.

- Барои пурра амалӣ намудани Протоколи Истамбулӣ чанд муддати дигар лозим мешавад?

- Мо фаъолият оид ба амалисозии стандартҳои Протоколи Истамбулиро дар доираи Нақшаи амал ба роҳ мемонем, ки ҳар сол аз ҷониби коршиносони милливу байналмилалӣ аз назар гузаронида мешавад.

Айни замон мо ду лоиҳа дорем: «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон то моҳи майи соли 2019 дастгирӣ меёбад ва дигараш «Коркарди намунаи муқаддамотии маҷмуаи ҳолати дохилии хадамоти руҳӣ ва боло бурдани иқтидори кормандони мақомоти прокуратура оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ», ки онро Институти Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон то моҳи декабри соли 2018 дастгирӣ мекунад.

- Барои ояндаи наздик чӣ нақшаҳо доред?

- Дар моҳи декабр ташкили мизи гирд ва муаррифии натиҷаҳои мониторинги муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла натиҷаҳои пурсиш миёни табибони травматолог, ёрии таъҷилӣ, табибони утоқҳои қабул, коршиносони судӣ-тиббӣ оид ба ҳуҷҷатгузории тиббии ҳолатҳои шиканҷа ва ғайра дар назар аст. Инчунин, дар нақша аст, ки дар яҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ системаи ҳисоботӣ ва назорат аз болои истифодаи амалии Протоколи шаҳодаткунонии боздоштшудагон (мувофиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ таҳия шудааст) коркард гардад. Дар охири моҳи ноябр ташкили мизи гирд ва муаррифии натиҷаҳои таҳлили ҳолатҳои дохилии хадамоти руҳӣ тибқи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар назар аст. Дар моҳи ноябри соли 2018 гузаронидани таҳлили қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ оид ба масоили таъсис ва фаъолияти институтҳои ғайридавлатии ташхиси судӣ дар нақша аст, ки дар назар аст моҳи январи соли 2019 муаррифии натиҷаҳои он сурат гирад.

 

[1] Наќшаи чорабинињо оид ба мубориза бо шиканља вобаста ба тавсияњои Кумитаи зидди шиканљаи СММ ва Гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканља ва дигар намудњои муносибати берањмона, ѓайриинсонї ё пастзанандаи шаъну шараф Хуан Мэндес аз 15-уми августи соли 2013. http://notorture.tj/library/plan-meropriyatiy-gosudarstvennyh-organov-po-protivodeystviyu-pytkam

[2] Протоколи Истамбулї (ПИ) пеш аз њама барои кормандони соњаи тандурустї (табибони самтњои гуногун, љойњои мањрумият аз озодї), ки шањодаткунонии тиббии љабрдидањову ташхисњои тиббиро мегузаронанд ё дар тафтиши њолатњои шиканља иштирок мекунанд, инчунин барои касе, ки ваколати бањодињии амали онњоро дорад, пешбинї гардидааст. Бо ќарори СММ соли 2000-ум ќабул шудааст.

[3] Бо фаъолияти гуруњи корї метавонед муфассалтар тавассути њисоботи «Њуљљатгузории самараноки шиканља ва дигар намудњои муносибати ѓайриинсонї аз љониби муассисањои тиббї дар Тољикистон тибќи шартњои Протоколи Истамбулї» шинос гардед. ТЉ «Маркази њуќуќи инсон», Душанбе, 2014 с. http://notorture.tj/sites/default/files/articles/2015/files/effektivnoe_dokumentirovanie_pytok__0.pdf

NoTorture.Tj