Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон наздики 80 нафар кормандони мақоми судиро, ки ба вазифаҳои судя ва роҳбарии ин мақомот дар маҳалҳо таъин гардидаанд, рӯзи 7-уми август барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Тавре зикр гардид, аз шумораи умумии ба вазифаҳои нав таъиншудагон 6 нафар бонувон ва 30 нафар касонеанд, ки бори аввал ба вазифаи судя сазовор дониста мешаванд. Дигарон тибқи нақшаи ҷойивазкунии муҳлатноки кадрҳо ва ба навбат дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фаъолият кардану таҷриба андӯхтан ба вазифаҳои нав таъин гардиданд.
Пас аз қироати фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъиноти кадрӣ ахбори роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов, Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ва Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов доир ба фаъолияти кормандони мақомоти судӣ, ҳодисаҳои ташвишовари даст задани онҳо ба ҷинояту қонуншиканӣ, аз ҷумла кирдорҳои коррупсионӣ ва ҳамчунин доир ба ҳамкории миёни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ шунида шуд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки судяҳо “бояд ба халқу Ватан ва савганди касбии худ ҳамеша содиқ бошанд, кору фаъолияти худро бо дасту дили пок ва нияти нек ба роҳ монда, дар амалӣ намудани адолати судӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату шаҳрвандон танҳо тобеи қонун бошанд”.
Бо изҳори нигаронӣ аз даст задани баъзе судяҳо ва дигар кормандони мақомоти судӣ ба ҷинояту қонуншиканӣ ва амалҳои коррупсионӣ минбаъд барои пешгирӣ аз чунин кирдорҳои нангин аз тамоми имконоти мавҷуда бояд самаранок истифода бурда шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки кормандони ба чунин амалҳо роҳдодаи натанҳо мақомоти судӣ, балки дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳам минбаъд бояд ба чунин мақомоти пурмасъулият ва умуман ба хизмати давлатӣ роҳ дода нашаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ҳамчунин доир ба ҳамгироии наздики миёни ин сохторҳо, муборизаи якҷоя ва ҳамоҳанг бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои ҷустуҷӯӣ, тафтишотӣ ва судӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.