Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Чунон ки қаблан дар расонаҳои ватанӣ иттилоъ дода шуд, беш аз 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал ба қабули мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи шаҳрвандон рафта, баъд аз интизории панҷсоата бо Ҷумъахон Давлатов сӯҳбат карда буданд. Онҳо наздикони маҳбусони зиндони №23-и шаҳри Хуҷанд буданд, ки мехостанд ба Дастгоҳи иҷроияи президент аз вазъи пайвандони маҳбусашон ва таҳти фишору шиканҷа қарор гирифтани онҳо муроҷиат кунанд. Тибқи ахбори расонаҳо, Ҷумъахон Давлатов ба онҳо гуфтааст, ки сарвари давлат дар бораи вуҷуд доштани шиканҷа дар маҳбасҳо иттилоъ надорад ва ҳатман ба ин қазия расидагӣ хоҳад шуд.
Маҳмурод Ризоев падари яке аз маҳбусоне мебошад, ки чанде пеш дар пайи шиканҷа, дар зиндон қасди худкушӣ карда буд. ӯ, ки дар вохӯрӣ бо мушовири Президент ширкат доштааст, баъд аз ин мулоқот ба идораи ҳафтаномаи «Фараж» омада, ибрози назар кард.
- Ростӣ, чанд рӯзи гузашта шахсан бо яке аз мушовирони сиёсии кадрҳо Урунбеков Шамсиддин оид ба ҳамин масъала ва бо як масъули қабулкунандаи шикоятҳо Файзуллоев Камол нисбати қазияи фарзандам Ризоев Суннатулло ҳамсӯҳбат шуда будем. Ба онҳо арз карда будам, ки фарзандам дар як ҳолати таҳдид қарор дорад ва пеши роҳи ин нобасомониро бигиранд, то ягон ҳодисаи нохуши дигаре рух надиҳад.
Баъдан, аз дастгоҳи президент баромада, назди вазири адлияи ҶТ рафтаму ба Рустам Менглиев муроҷиат кардам. Вазирро ҳам хабардор кардам, ки аз тарафи кормандони муассиса ва худи раёсат фарзандамро мавриди таҳдид қарор додаанд, ки нишондодҳояшро иваз кунад. Ба ин маъно, ки шиканҷа дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва он шиканҷаҳое, ки буд, гӯё сохтакорӣ карда бошанд. Худи фарзандам гуфт, ки «дар ҳолати розӣ нашудан ба гуфтаҳои онҳо, моро маҷбур мекунанд, то даст ба худкушӣ занем».
Баъд аз он назди сардори шӯъбаи прокуратура оид ба назорати маҳбасхонаҳо Пираков Раҷабалӣ даромада, дар ҳамин маврид сӯҳбат кардам.
- Пас, вазъи писаратон айни замон чӣ гуна аст?
- Ҳоло фарзандам дар ҳолати вазнин қарор дорад. Ҳама ҷояшро буридааст ва дар болои дилаш Арабов Диловар навиштааст. Ин номи сардори муассисаи №23-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мебошад. Яъне дар ҳолати ҳалок гардидани писарам бояд ӯ айбдор дониста шавад. Ин бозгӯйи он аст, ки он навори видеоие, ки дар интернет паҳн гардид, сохтакорӣ нест. Ҳафтаи охире, ки ӯро хабар гирифтам, 11 дандонаш набуд. Зарби латукӯбе, ки дар бадани ӯ дидам… Ончунон задаанд, ки ҳатто ҳайвонро чунин намезананд. Чунин рафтори онҳо бори дигар исбот мекунад, ки баъзе масъулини зиндон аз одамият дуранд.
- Гуфтед, ки фарзандатонро ба наздикӣ хабар гирифтаед. Мулоқот бо ӯ чӣ қадар тӯл кашид?
- Ҳамагӣ ду соат буд. Онҳо ба ҷойи он, ки ҷиноятро пешгирӣ кунанд, баръакс, ба ҷиноят тела медиҳанд. Шиканҷаи сангини маҳбусон баъд аз интиқол додан ба Хуҷанд ва мавриди латукӯб қарор додани онҳо, инчунин «ба ҷойи зан маҳбусонро истифода мебарем» гуфтан, «ҳатто даркор шавад, ҷони шумо дар дасти мо» гуфтанҳоро сабаб чӣ буд? Сабаб - шоҳидони марги Ҳамза Икромзода будани онҳо буд. Пеш аз он, ки писарамро ба Хуҷанд интиқол диҳанд, пурсида буданд, ки агар аз шоҳидӣ даст кашад, ба Хуҷанд нахоҳад рафт. Азбаски ӯ бо марҳум нону намакхӯр буд, аз шарти онҳо даст кашида, гуфт, ки «ман наметавонам ин корро кунам».
Акнун дар бораи телефоне, ки фарзандам аз Русия ба бародараш фиристода буд. Дар маҳбасхона фарзандамро маҷбур мекунанд, ки бародаратро гап зан, як телефони нағз фиристад. Баъдан, як телефони қиммати миникомпютердорро бо арзиши 2000 рубли русӣ оварда медиҳанд. Ин ҳама ҳолатҳо нишондиҳандаи ноадолатиҳо дар муассиса мебошад, ки бо ҳамин восита зиндагиашонро пеш мебаранд.
Имрӯз фаҳмидам, ки гӯё аз қазияи марги Ҳамза Икромзода президент Эмомалӣ Раҳмон хабар надорад. Ман ба Президент муроҷиат мекунам, ки фарзанди маро зиндаву саломат баргардонад. Фарзанди ман ҷинояткор нест! Бо ҳуҷҷатҳои сохта ҷиноятро ба фарзандам маҷбурӣ бор карданд. Ҳамин тавр, бо моддаи 110 фарзандамро 19 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Дигар ба кӣ муроҷиат кунем? Ба додамон кӣ мерасад?
- Умуман, ба назари шумо чаро дар мавриди шиканҷа дар маҳбасҳои мо сарусадо зиёд аст?
- Дар кадом соҳае, ки набошад, агар роҳбари он қалби пок дошта бошад, фарзанди дигар касро мисли фарзанди худаш дӯст дорад, ба чунин корҳо даст намезананд. Дар дигар мамлакатҳо агар як вазир ҷиноят содир кунад, ба ҳабс гирифта мешавад. Чаро дар Тоҷикистон не?! Шиканҷа айни замон ҳамон мероси бобогиро мемонад. Дигар намедонам чӣ гӯям. Агар имрӯз ба доди ман вазири адлия, масъулини дастгоҳи президент, прокурор мерасиданд, ин ҳодиса рух намедод.
- Охирин мулоқот бо фарзандатон расман буд? Ягон монеа буд ё на?
- Албатта, расмӣ буд, вале монеа ҳам вуҷуд дошт. Пеш аз рафтанам ба мулоқот нафаре пинҳонӣ занг зад. Он нафар дар охири сӯҳбат хоҳиш кард, ки «махсус занг мезанам, дигар ба ман занг назан, чун аз ин рақам истифода намебарам, аммо Суннатулло дар ҳолати вазнин қарор дорад».
- Аз Дастгоҳи иҷроияи президент мушаххасан чӣ дархост доштед?
- Ман аз дастгоҳи президент, аз худи Ҷумъахон Давлатов талаб кардам, ки фарзандамро аввал муолиҷа намуда, баъдан коммисия ташкил карда, бегуноҳии ӯро исбот намуда, ба озодӣ бароранд.
- Айни замон масъалаи таъмини фарзандатон бо духтурон чӣ гуна аст?
- Ҳоло дар ҳолати вазнин қарор дорад. То ин ки ягон кас хабардор нашавад, ҳолати вазнини ӯро аз мо пинҳон карданӣ шуданд. Аз ин ҳолат дастгоҳи президентро хабардор кардам. Чӣ хел онҳо ба Президент намерасонанд? Ман ҳоло як роҳи дигар дорам. Агар Президент огоҳ набошанд, маҷбурам ба сафоратхонаҳо муроҷиат кунам, то ӯро хабардор созанд.
- Дигар ягон гуфтание надоред?
- Бояд як чизи дигарро қайд кунам, ки чанд рӯз пеш ба ман Нормуҳаммедов Анвар занг зад. Розигии маро донистанӣ шуд, ки «маро ҳамчун адвокати фарзандатон қабул мекунед ё не?» Гуфтам, ки оид ба кадом масъала? Гуфт, ки аз 4-уми феврал нисбати фарзанди шумо бо ду модда айб эълон кардаанд. Яъне бо ин восита мехоҳанд, фарзандамро гунаҳкор кунанд. Гӯё дар марги Икромзода шиканҷа вуҷуд надоштааст. Инҳо худ заминаҳои ҷиноят ташкил карда истодаанд. Ҳоло маҷбурам боз ба Хуҷанд равам.