Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Имрӯз дар Душанбе бахшида ба оғози амалисозии тарҳи «Маҳви тадриҷии кӯдакозорӣ дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон» нишасти хабарӣ баргузор шуд.
Зимни муаррифии лоиҳа Азамат Шамбилов, масъули Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ гуфт, ки тарҳи мазкур фаромарзӣ буда, тайи 3 соли оянда дар се кишвар - Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мешавад. Ба қавли ӯ, айни замон дар муассисоти маҳрумӣ аз озодӣ ва мактабҳои махсуси Осиёи Марказӣ наздик ба 30 ҳазор кӯдак адои ҷазо мекунанд.
Дар Тоҷикистон лоиҳаро Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» ва Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) татбиқ месозанд.
Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ лоиҳаи мазкурро барои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард. «Соли гузашта маърӯзаи дуюми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои меъёрҳои Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ пешниҳод гардид. Зимни баррасии он як қатор тавсияҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд ва Нақшаи миллии амалисозии ин тавсияҳо аз ҷониби ҳукумати мамлакат тасдиқ шудааст, ки яке аз самтҳои он пешгирии зӯроварӣ ва шиканҷа дар муассисаҳои пӯшида, аз ҷумла, нисбат ба ноболиғон аст. Албатта, ин масъалаи муҳим буда, яке аз авлавиятҳои стратегияи фаъолияти мо барои 5 сол мебошад», - гуфт Ализода.
Вай афзуд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти пешгирии шиканҷа бо дигар мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ ҳамкории зич ба роҳ мондааст. «Мо дар назди мақомоти Ваколатдор як гурӯҳи корӣ дорем, ки ба он намояндагони Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва дигар созмонҳо, инчунин кормандони мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, судяи Суди Олӣ ва намояндаи Прокуратураи генералӣ шомиланд. Ба наздикӣ мо як Низомнома оид ба фаъолияти ин гурӯҳи корӣ қабул кардем. Мақсади асосӣ гузаронидани санҷишҳо дар муассисаҳои иҷрои ҷазо ва дигар муассисаҳои пӯшидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ман фикр мекунам, ки соли меомада боз ба дастовардҳои дигар ноил хоҳем шуд», - изҳор дошт Ализода.
Дар навбати худ Гулчеҳра Раҳмонова, роҳбари барномаҳои ҳуқуқии Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» гуфт, ки ҳифзи кӯдакон аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона хеле муҳим аст. Зеро беҷазоии шиканҷа нисбат ба кӯдакон боиси он мегардад, ки барои кӯдакони ҳимоянашуда истифодаи зӯроварӣ, на роҳу усули ҳуқуқӣ, воситаи ягонаи ҳалли мушкилот ва ноил шудан ба натиҷаҳо дар зиндагӣ мегардад.
Ба қавли ӯ, мониторинги муштараки ҳуқуқҳои кӯдак, ки Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» гузарониданд, нишон дод, ки паҳншавии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон зиёд аст.
«Мақсади асосии лоиҳаи сесола мусоидат ба коҳиши ҳолатҳои кӯдакозорӣ дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон мебошад. Дар баробари мусоидат ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, лоиҳа ба он равона шудааст, ки дар навбати аввал истифодаи ҳабси ҷудогонаи кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида қатъ карда шуда, ба нигаҳдории якҷои кӯдакону калонсолон ҳеҷ гоҳ ва дар ягон муассиса роҳ дода нашавад», - иброз дошт Роҳбари барномаҳои ҳуқуқии ТҶ «Маркази ҳуқуқи кӯдак».
Раҳмонова афзуд, ки дар доираи тарҳи мазкур воридсозии меъёрҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба қонунгузории миллӣ, таъмини кӯмаки ҳуқуқӣ ба кӯдаконе, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд, роҳандозии барномаҳои таълимӣ барои кормандони муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона, таҳияи барномаи тавонбахшии равонии кӯдаконе, ки аз хушунату зӯроварӣ осеб дидаанд ва як қатор чорабиниҳои дигар пешбинӣ шудаанд.