Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додситони кулли Тоҷикистон баъди гузориш дар Кумитаи мубориза бо шиканҷаи СММ ба суолҳои "Озодӣ" посух гуфт.
Шерхон Салимзода: Ин дуюмин гузориши Тоҷикистон дар мавриди иҷрои он ӯҳдадориҳое аст, ки бо тасвиби Конвенсияи СММ зидди шиканҷа гирифта буд. Ман аз рафти баррасии ҳисоботи Тоҷикистон, аз сӯҳбату саволҳое, ки имрӯз дода шуд, эҳсос кардам, аъзои Кумитаи СММ оид ба шиканҷа қариб якдилона изҳор намуданд, ки қадами ҷиддие баҳри иҷрои тамоми талаботи конвенсияи СММ дар Тоҷикистон амалӣ шудааст. Мо заминаи ҳуқуқии муборизаро бо шиканҷа ва дигар тарзу усулҳои ғайриқонунии бурдани тафтишотро фароҳам овардаем. Ба ғайр аз ин, дар таҷриба тамоми чораҳои ташкилӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии амалӣ намудани ин тадбирҳо муҳайё гардидааст. Умуман як эҳсоси қаноатмандӣ аз ҷониби ҳамаи аъзоёни Кумитаи СММ оид ба шиканҷа эҳсос мешуд. Албатта дар баробари ин баъзе камбудию нуқсонҳои равиши кор дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура ва дигарҳо низ гуфта гузаштанд, ки мо ба ҳамаи он саволҳо бевосита ҷавоб гуфтем. Ва имрӯз онҳо аз бисёр ҷавобҳои мо қаноатманд буданд.
Озодӣ: Солҳои охир раванде мушоҳида мешавад, ки додгустарҳо барои шахси муҷрим мӯҳлати зиёде мепурсанд, гарчанде мо мегӯем қонунҳои мо башардӯстона мебошанд. Назари Шумо дар ин маврид чӣ аст?
Шерхон Салимзода: Албатта ин масъалаи дигар аст ва фикр мекунам бо шиканҷа чандон робита надорад. Меъёри ҷазои ҷиноятиро танҳо қонуни ҷиноятӣ, айни замон дар Тоҷикистон Кодекси ҷиноятӣ муайян мекунад. Мутобиқи қоидаҳое, ки Кодекси ҷиноятӣ муайян кардааст, маҳрум кардан аз озодӣ аз 3 моҳ то 20 сол таъйин мешавад. Аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо, инчунин то 30 сол маҳрум намудан аз озодӣ муайян шудааст. Ин талаботи қонун аст. Иҷрои қонун барои ҳамаи мо, чӣ прокурор, чӣ суд ва дигар мақомот ҳатмӣ аст. Прокурор дар суд вобаста ба дараҷаи хавфнокии ҷинояти содиршуда, шахсияти судшаванда ва дигар омилҳоро ба назар гирифта, андозаи ҷазоро пешниҳод мекунад. Дар ин ҷо сухани охирин аз суд аст. Суд ҳамаи далелҳо ва ҳолатҳои корро бевосита таҳлил карда, ба кирдори шахс баҳо медиҳад ва ҷазоро муайян месозад.
Озодӣ: Оё гуфта метавонем, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо намунаҳои ришвахорӣ мушоҳида шудаанд ва аз ин нуқтаи назар низ бархӯрди мақомот ба парванда муайян карда мешавад?
Шерхон Салимзода: Ин ҷо гап дар бораи ҷой доштани фасод дар пешбурди парвандаҳо аз ҷониби муфаттишон, прокурорҳо ва суд меравад, ки камтар аз мавзӯъ дур аст. Албатта далелу рақамҳое, ки мо дорем, чунин омилҳо мутаассифона дар фаъолияти мақомот ҷой доранд. Вобаста ба ин, ҳукумати Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мубориза бурда истодаем. Шумо хуб медонед, дар Тоҷикистон мақомоти махсуси мубориза бо коррупсия таъсис ёфтааст. Инчунин ниҳодҳои дигари мубориза бо коррупсия, прокуратура, Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомот барои ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсия корҳои муайянеро анҷом медиҳанд. Ин омили номатлуб ҷой дорад, вале шиддаташ назар ба солҳои пешин хеле паст рафтааст. Бо ин вуҷуд, мо бояд хотириҷамъ нашинем ва тамоми чораҳоро андешем, то фасод дар фаъолияти прокуратура, суд ва дигар мақомот умуман аз байн равад. Зеро онҳо бо ҳуқуқу озодиҳои инсон сарукор доранд ва ин ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқи Сарқонуни Тоҷикистон арзишҳои олӣ мебошанд.
Озодӣ: Дар гузашта дар гузоришҳои созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамин гуна намунаҳо меоварданд, ки шиканҷа дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомот пуштбонӣ мешавад ва барои рӯйпӯш кардан, кормандонеро, ки ба шиканҷа даст задаанд, аз як кор ба кори дигар мегузаронанд. Шумо чӣ назар доред?
Шерхон Салимзода: Имрӯз дар Тоҷикистон аз роҳбарияти аввали сиёсӣ сар карда то мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тамоми ҷомеа бо шиканҷа муборизаи беамон мебаранд. Тамоми тадбирҳоро меандешем, то қонуният дар ниҳодҳои пешбарандаи корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва таҳқиқу тафтиш риоя шавад. Ҷаноби Олӣ дар ҳамаи ҷаласаю муҳокимаҳо дар ин масъала назари худро иброз медорад. Дар доираи омодагиҳо барои ҷаласаи Кумитаи СММ оид ба мубориза бо шиканҷа, таҳлил намудем, ки танҳо дар давоми се соли охир Ҷаноби Олӣ чаҳор маротиба дар як сатҳи олӣ истифодаи шиканҷаро дар фаъолияти мақомот маҳкум кардааст. Аз ҷумла президенти Тоҷикистон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои ҳукумат ва Шӯрои амният ҷой доштани шиканҷаро маҳкум карда, пешгирӣ ва ошкор намудани шиканҷаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон унвон кардааст. Ҳоло тамоми ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба масъалаи шиканҷа хеле ҷиддӣ муносибат карда истодаанд. Танҳо дар зарфи се соли охир ба мақомоти прокуратура 130 шикоят дар мавриди шиканҷа ворид гардид. Аксарияти ин ҳолатҳо дар натиҷаи тафтишоти прокурорӣ ошкор карда шуд. 39 парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол шудаанд ва суд низ онҳоро гунаҳгор дониста, ҷазо додааст. Танҳо бо роҳи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мо пеши роҳи шиканҷаро гирифта наметавонем. Дигар тадбирҳои ташкилӣ, иқтисодию ҳуқуқиро бояд, ки ҳама дастаҷамъона амалӣ кунем, то дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шиканҷа аз байн бурда шавад.
Озодӣ: Дар гузориши Шумо ба СММ ҳам зикр шудаст, ки вақтҳои охир вазъ дар маҳбасҳои Тоҷикистон беҳтар шудаст. Агар чанд намунаи пешакӣ омодашударо сарфи назар кунем, чаро мақомот иҷоза намедиҳанд, ки кормандони Салиби Сурх озодона вориди зиндонҳо шаванд ва вазъро бубинанд?
Шерхон Салимзода: Ин масъала мавриди баррасии ҳукумат қарор дорад. Мо ягон бор монеи ба ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ рафтани кормандони Кумитаи Салиби Сурх нашудаем. Баръакс, мо имрӯз ҳам тайёрем ва иҷозат медиҳем дар асоси нақшаи таъйиншуда бо ниҳоди масъули Вазорати адлия мувофиқа шуда, ба зиндонҳо дароянд, бо маҳбусон сӯҳбат кунанд. Лекин ин ҷо чизи дигар аст. Онҳо шартномаеро таҳия ва барои имзои мо пешниҳод кардаанд ва шарт гузоштаанд, ки ягон нуқтаи ин шартнома ва ҷузъиёти онро дигар карда наметавонем. Пас соҳибихтиёрии мо дар чӣ зоҳир мегардад? Мо албатта давлати соҳибихтиёр ҳастем.