Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Як мақоми Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон боздошти Умедҷон Тоҷиев, узви фаъъоли ин ҳизб дар ноҳияи Исфараро қазияи сиёсӣ унвон кард.
Умедҷон Тоҷиеви 34-сола рӯзи панҷшанбеи 30 октябр ба иттиҳоми "итоъат накардан ба амри корманди пулис" боздошт шуда ва 3-юми ноябр вазорати кишвар дар бораи талоши нофарҷоми ӯ барои фарор аз ошёнаи сеюми боздоштгоҳ тавассути панҷара хабар дод.
Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯйи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 4 ноябр, ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Исфара фишор ба аъзои ҲНИТ афзоиш ёфта ва бархе аз аъзои ин ҳизб "бо иттиҳоми сохта" боздошт шудаанд.
Оқои Сайфуллозода гуфт: "Дар зарфи 10 соли ахир, аз замони дидори Президент Раҳмон аз шаҳри Исфара дар соли 2003 аъзои ҳизби наҳзат бо баҳонаҳои узвият дар созмонҳои "Байъат", "Ансоруллоҳ" ва Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон таҳдиду таҳқир ё боздошт шудаанд."
Ӯ далели ин амрро навъи талоши мақомоти Тоҷикистон барои аз байн бурдан ё ҳадди ақал ҷиддан коҳиш додани маҳбубияти ҲНИТ дар ноҳияи Исфара, бахусус, дар минтақаи Чоркӯҳ арзёбӣ кард.
Аммо тибқи иттилоъи расмӣ Умедҷон Тоҷиев, сокини рустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфара рӯзи 30-юми октябр ба ҷурми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне, "итоъат накардан ба амри корманди пулис" боздошт шуда ва додгоҳи шаҳри Исфара ӯро ба муддати 10 рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.
Вазорати кишвар мегӯяд, додситони шаҳри Исфара пас аз се рӯзи боздошт бар асоси нишондоди маҳбусон Иброҳимов ва Шодиев барои оқои Тоҷиев ба иттиҳоми "таъсиси созмони ҷинойӣ" парванда боз кардааст.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон афзудааст, ки ин узви аршади ҳизби мухолиф "бо мақсади фирор" худро аз панҷараи ошёнаи сеюми Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара парт кардааст. Бино ба иттилоъи ин манбаъ дар натиҷа оқои Тағоев бо ҷароҳати пойи чап ба беморхона мунтақил шуд.
Ин манбаъ гуфт, Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон дастур додааст, барои таҳқиқи ин ҳодиса дар қиболи кормандони бахши пулиси шаҳри Исфара бозрасии хидматӣ анҷом шавад.
Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтанд, феълан Умедҷон Тоҷиев дар бахши эҳёгарии бемористони шаҳри Исфара бистарӣ буда ва ба пайвандонаш иҷозаи дидор бо ӯ дода нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар гузашта қазияҳои шиканҷа шудан ва сипас аз панҷараҳои идороти пулис ё боздоштгоҳҳои муваққати Тоҷикистон сарозер шудани боздоштшудагон пурсарусадо шуда буд.
Яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо қазияи Баҳромиддин Шодиеви 28 сола, сокини шаҳри Душанбе аст, ки баъд аз боздошт аз сӯйи пулис дар моҳи октябри соли 2011 дар бинои шуъбаи умури дохилаи ноҳияи Шоҳмансур ҷароҳат бардошта ва сипас дар бемористони шаҳр даргузашт.
Он замон низ мақомоти пулис гуфта буданд, ки Баҳромиддин ба қасди фирор аз идораи пулис худро аз ошёнаи дувуми бино ба поён андохт, вале пайвандони Шодиев гуфтанд, ки нишонаҳои ҷароҳоти Баҳромиддин ҳокӣ аз лату кӯб шудани вай будааст.
Се корманди пулиси ҷавони ин ноҳия дар вуқӯъи ин ҳодиса муқассир дониста шуда ва яке аз онҳо ба иттиҳоми шиканҷа ба додгоҳ кашида шуда буд.