Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳукумати шаҳри Панҷакент бо имзои муовини раиси ин шаҳр Шафиев.И ба як матлаби Радиои Озодӣ аз 7 ноябр дар бораи латукӯби як ҷавонони сокини деҳаи Яккахони ин ноҳия Саидалӣ Ҳақбердиев аз сӯи кормандони комиссариати ҳарбӣ посух дод ва гуфт, касе аз маъмурони комиссариати низомӣ нисбат ба ин ҷавон бадрафторӣ накардааст, балки ӯ худашро аз мошин берун ҳаво дода, мехост, аз даъват ба сафи артиш фирор кунад. Дар матлаби "Озодӣ" аз 7 ноябр аз қавли волидони ин ҷавон гуфта мешуд, ки писарашон, ки хатмкардаи Донишгоҳи Хуҷанд мебошад, бар асари латукӯби кормандони комиссариати ҳарбӣ ҳини "облава", ду рӯз дар беморхона беҳуш мондааст.
Аммо дар посухи ҳукумати шаҳри Панҷакент омадааст: "Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент гузоришро оид ба рафтори кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, ки тариқи Радиои озодӣ пахш гардидааст, мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор дод.
Мувофиқи маълумоти корманди комиссариати ҳарбӣ Тошев Урунбек маълум гардид, ки даъватшаванда Ҳақбердиев Саидалӣ истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, деҳаи Яккахона, бинобар аз хизмат ба Ватан саркашӣ намудан, дар гардишгоҳи роҳ худро аз мошин ба берун партофтааст. Нисбати ӯ кормандони комиссариати ҳарбӣ зӯроварӣ ва лату кӯб накардаанд. Айни замон вазъи саломатии даъватшаванда хуб аст.
Қайд кардан зарур аст, ки дар гузориш ном ва насаби комиссари ҳарбии шаҳри Панҷакент Қобилов Хуршед ва раиси ҷамоати деҳоти РӯдакӣЮсуфов Исматулло нодуруст сабт гардидааст. Масъалаи мазкур зери назорати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қарор дорад."
Пизишки беморхона касалиҳои рӯҳии Панҷакент ҳам дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Саидалиро бо занбар (носилки) оварданд, ки беҳуш ва пардаи гӯшаш дарида буд. Комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тоза ба ин вазифа шурӯъ кардааст ва аз ин ҳодиса хабар надорад.
Аммо Исматулло Юсуфов, раиси ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакент рӯзи 7 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, чаҳор рӯз қабл вай дар ситоди ҳукумати ноҳия навбатдор буд ва аз комиссариати ҳарбӣ ӯро аз вазъи Саидалӣ Ҳақбердиев бохабар кардаанд: “Вақте ки маро бохабар карданд, зуд мошини ёрии таъҷилиро даъват кардем ва Саидалиро, ки беҳуш буд, ба беморхона овардем, вазъияти бача бисёр бад буд, аз гӯшаш хун мерафт. Ман ба кормандони комиссариат гуфтам, ки бисёр рафтори номатлуб кардаанд.”
Тӯҳфа Суфиева, модари Саидалӣ мегӯяд, ки писараш ҳамин сол донишгоҳро хатм кардааст ва ҷои кор суроғ дошт. Ба гуфтаи вай намедонад чӣ гуна кормандони комиссариати ҳарбӣ фарзандашро бурдаанд ва фақат раиси ҷамоат онҳоро бохабар кардааст, ки ба беморхона ба аёдати фарзандашон бираванд.