Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Наздикони Ҳамза Икромзода мегӯянд, мурофиаи судии Маҳмуд Исмоилов, ягона корманди маҳбаси №1-и шаҳри Душанбе, ки дар қазияи марги ин маҳбус гумонбар дониста мешавад, ноодилона ҷараён дорад ва маҳбусоне, ки дар қазияи қатли маҳбус шоҳидӣ додаанд, таҳти шиканҷаи нав бо истифода аз хлор қарор доранд. Онҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори кӯмаки ҳуқуқӣ шудаанд.
Амир Икромзода, бародари Ҳамза Икромзода, ки тирамоҳи соли гузашта бар асари шиканҷаи зиёд дар ин маҳбас ҳалок шуда буд, ба TojNews гуфт:
"Шоҳидони марги бародарам дар боздоштгоҳи муваққатӣ таҳти фишор мешаванд. Онҳоро дар ҳуҷраи махсус нигоҳдорӣ мекунанд, ки на шиштан имкон дорад, на рост истодан. Онҳоро бо хлор ва об нафасгир мекунанд.
Аз маҳбас ба мо иттилоъ доданд, ки маҳбусон, шоҳидони қатли бародари ман, ки дар суд гуфтанд, Ҳамза Икромзодаро дар пеши чашми онҳо зада куштаанд, ҳоло дар шароити ниҳоят бад қарор доранд.
Ҳарчанд шоҳидони ҷониби мо дар суд мегӯянд, ки шоҳиди бевоситаи латукӯб ва қатли Ҳамза Икромзода будаанду номи Рустам Тоштемиров, Музаффар Раҳимов, Лутфулло Хайров, Ҷамол Мухторов, Маҳмуд Исмоилов, Дилшодча, Шерафган Сафаров, Исмоил, бо лақаби "Човандоз", Тоҳири Регарӣ ва ғайраро дар суд гирифтанд ва гуфтанд, ки инҳо додари маро зада куштаанд, судя хомӯш аст, мисле, ки чизеро намешунавад, то ҳол онҳо дар озодӣ ҳастанду танҳо як нафрашон дар берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гумонбар дониста мешавад.
Мо чунин судро эътироф намекунем. Мо аз суд дархост кардем, ки агар шоҳидони мо, аз ҷумла, маҳбусон СадриддинТошев, Суннатулло Ризоев, Қайс Шарипов, ки дар Хуҷанд нигоҳдорӣ мешаванд, ба суд ҳозир нашаванд, аз ин суд даст мекашем.
Мо суди одилона мехоҳем. Судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Рустам Мирзоев ба мо гуфт, ки ин дархости мо рад карда шудааст. Мурофиаи судӣ чаро дар СИЗО баргузор мешавад? Додамонро ба кӣ гӯем?!! Ба мо адвокатҳо, кӯмаки ҳуқуқӣ лозим аст. Мо барои ҳимояи шоҳидонамон, ки таҳти шиканҷа қарор доранд, аз ҷумла, маҳбусон Давлатёр Қурбонов, Рафаэл Мақсудов, Шералӣ Зикруллоев ба адвокатҳои таҷрибадор ниёз дорем.
Барои адвокат маблағ лозим аст, мо суратҳисоб кушодем ва аз ҷомеаи байналмилалӣ, ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ки тантанаи адолатро мехоҳанд, дархост мекунем, ки ба мо кӯмак кунанд", - мегӯяд Амир Икромзода.
Одинашо Муродов, сухангӯи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикстон гуфт: - Шоҳидони ин қазия дар ихтиёри Сарраёсати мо нест. Агар шоҳидон маҳкумшудагон бошанд, пас, онҳо дар тибқи муқаррароти маҳкумияташон нигоҳдорӣ мешаванд. Ягон нафар шиканҷа намешавад.
Таърифи шиканҷа ин аст, ки он дар муассисаҳои ислоҳӣ ё боздоштгоҳҳо барои гирифтани маълумот содир мешавад. Дирӯз Иван Шимонович, муовини дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи инсон бо як ҳайати калони Созмони Милали Муттаҳид аз маҳбасҳо дидан карда, шароити нигоҳдории маҳбусон дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноиро хуш қабул карданд, ки ин ҷо маҳбусон дар ҳуҷраҳо танҳо нигоҳдорӣ намешаванд, онҳо метавонанд бо ҳамдигар сӯҳбат кунанд, хӯрок пазанд, - мегӯяд Одинашо Муродов.
Дар ҳамин ҳол, мавқеъи Прокуратураи генералӣ дар ин маврид ҳанӯз маълум нест.