Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ба идораи нашрияи «Фараж» модар ва ҳамсари як нафар маҳбус, ки ҳанӯз 5-уми ноябри соли гузашта ҳамроҳи як гурӯҳ маҳбусон аз муассисаҳои адои ҷазою ислоҳотии шумораи 1 ва 6-и шаҳри Душанбе ба маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд интиқол гардида буданд, бо номаи шикоятӣ муроҷиат карданд.
Наздикони ин маҳбус аз он шикоят карданд, ки Холмуродов ба хотири аризааш дар бораи латукӯби маҳбусон пайваста мавриди пурсиши кормандони бахши адои ҷазои ҷиноятии шаҳри Хуҷанд қарор мегирад. Ба қавли ҳамсари ӯ Атоева Вилоят, гарчанде шаваҳарашро ҳанӯз аввали моҳи ноябри соли гузашта аз муассисаи ислоҳотии рақами 6 ба номи «Кирпичный» ба маҳбаси 3-и шаҳри Хуҷанд интиқол дода буданд, аммо то ҳол бо сабабҳои номаълум ӯро дар «карантин» нигоҳ медоранд. Ба гуфтаи ҳамсари маҳбус Умед Холмуродов, ӯ аз 15.01.2013 то 17.01.2013 барои дидорбинӣ бо шавҳараш дар маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд будааст. Атоева аз он шикоят намуд, ки дар давоми 3 рӯзе, ки ҳамроҳи шавҳараш вохӯрӣ доштааст, кормандони бахши адои ҷазои ҷиноятии шаҳри Хуҷанд ҳар замон омада шавҳарашро аз вохӯрӣ бароварда пурсупос мекардаанд. «Умед баъд аз пурсупоси кормандони УИД сахт асабонӣ мешуд ва вақте ман мепурсидам, ки ин қадар барои чӣ туро мебаранду меоранд, танҳо гуфт, як-ду гап доранд, барои ҳамин».
Атоева Вилоят дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки «рӯзи 17.01.2013 вақте ман ҳамроҳи шавҳарам дар утоқи вохӯрӣ нишаста будам, омаданду дарро тақ-тақ заданд ва шавҳарамро аз утоқи вохӯрӣ бароварданд. Ман аз дар дарун нишаста, гӯш кардам, ки гуфтанд «аз УИД омаданд, фарёд доранд». Вақте шавҳари ман пурсид, ки барои чӣ маро фарёд мекунанд, гуфтанд, ки барои аризаи латукӯби додагиат. Кадом бачаҳое, ки аризаҳояшонро гирифтанд, онҳоро ба «зона» гузарондаанд, аммо шавҳари маро ҳоло дар «карантин» манъ карданд. Дигар маҳбусҳоро латукӯб кардаанд, тарсондаанд ва онҳо аризаҳояшонро гардонда гирифтаанд. Ҳамон чанд нафар маҳбусеро, ки ба Хуҷанд бурданд, барои латукӯб қисми зиёд аризаҳояшонро гирифтаанд, аммо шавҳари ман ҳамроҳи як нафари дигар аризаашро нагирифтаанд. Шавҳарам гуфт, ки ман аризаамро намегирам, чунки моро латукӯб карданд. Баъд аз он, ки дар газетаю интернет норозигии маҳбусон чоп шуд, боз онҳоро зиёдтар азоб додаанд».
Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пештар пайвандони маҳбусон дар назди бинои Прокуратураи генералӣ ҷамъ шуда буданд ва гуфтанд, ки фарзандони онҳоро махсусан ба хотири фош кардани ҳодисаи латукӯб ва ба марг расондани маҳбус Ҳамза Икромзода ба Хуҷанд бурда, мавриди шиканҷа қарор додаанд.
Талаби ин гурӯҳи модарон ин буд, ки ходимони маҳбас фарзандони онҳоро бераҳмона латукӯб карда, азият додаанд ва онҳо аз саломатии пайвандонашон нигаронанд.
Дар пайи эътирози модарон ва наздикони маҳбусон чанд наворе дар сомонаи радиои «Озодӣ» пахш гардид. Дар наворҳои видеоӣ чанде аз маҳбусон шикоят мекарданд, ки баробари интиқол ба маҳбаси Хуҷанд мавриди бадрафторӣ ва шиканҷа қарор гирифтаанд. Дар наворе, ки тавассути телефони мобилӣ сабт шудааст, чандин нафар аз маҳбусон гуфтаанд, аз аввалин лаҳзаҳои ворид шудан ба маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд мавриди таҳқир ва латукӯби дастҷамъонаи нозирони маҳбас қарор гирифтаанд. Ҳар кадоме аз онҳо пайи калтакҳои резиниро дар китфу шона ва тахтапушти худ нишон медоданд.
Атоева Вилоят дар сӯҳбаташ гуфт, ки ҳадаф аз омадан ба идораи нашрия он аст, ки аз масъулон хоҳиш намояд, то шавҳараш Холмуродов Умедро аз маҳбаси Хуҷанд ба Душанбе интиқол диҳанд. Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки «ман шароит надорам ба хабаргирии шавҳарам равам. Чор фарзанди мактабхон дорам. Инҷо ба ҳар ҳол наздик буд, дастам мерасид, мерафтаму хабар мегирифтам. Коргари асосӣ ҳам надорам дар хона. Пештар бародари шавҳарам кӯмак мекард, ки чор моҳ пеш мурдаашро аз Русия оварданд. Дигар ҳеҷ кас нест, ки ба ман кӯмак кунад. Зиндагиамро бо чор фарзанди мактабхон базӯр пеш мебарам. Барои як маротиба ба Хуҷанд рафтану омадан ман наздики 1000 сомонӣ сарф кардам. Шароити ман бад аст, камбағал ҳастам. Фарзанди калониам дар синфи 6-ум мехонад, хурдиам бошад, нав дар синфи 1-ум».
Инчунин, ҳамсари Холмуродов аз чанд нафар кормандони бахши адои ҷазои ҷиноятии шаҳри Хуҷанд ном бурд, ки дар вохӯрӣ бо шавҳараш бо ӯ муносибати дағалона кардаанд ва ин сабаби хурӯҷ гирифтани бемории дилаш дар маҳбасхона гардидааст. Ӯ 3 нафар аз кормандонро бо ному насаби Акмал Шоҳмирзоев, Шарофиддин Абдураҳмонов ва Обид ном бурд, ки шоҳиди бевоситаи муносибати нохуби онҳо ҳангоми вохӯрӣ бо ҳамсараш дар маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд гардидаанд.