Шоира Давлатова: Гуруҳи расонаӣ фарогири иттилооти марбут ба шиканҷа аст

Дар доираи фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон чанд гуруҳи корӣ ташкил шудаву имрӯзҳо амал менамоянд. Яке аз онҳо Гуруҳи расонаӣ ба шумор меравад. Роҳбари гуруҳи мазкур Шоира Давлатова бо посух ба чанд суол паҳлуҳои фаъолияти онро барои хонандагон муаррифӣ месозад.

- Лутфан мегуфтед, ки Гуруҳи расонаӣ чи гуна гуруҳ аст ва заминаи ташкил шуданаш чист?

- Шаффофияти фаъолият ва ахлоқи касбӣ дар фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон принсипҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Яке аз роҳҳои дар амал татбиқ намудани принсипҳои номбурда - ин ташкили Гуруҳи расонаӣ ба шумор мерафт. Гуруҳи расонаии Эътилоф сарчашмаи аввал ва фарогири иттилооти марбут ба масъалаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон мебошад, ки аз он метавон маводҳои дахлдори ВАО, ҳуҷҷатҳои барномавӣ, натиҷаҳои таҳлилу таҳқиқҳо, мусоҳиба ва дигар маълумоту иттилооти заруриро дастрас намуд.

Гуруҳи расонаӣ дар асоси стратегияи расонаӣ амал менамояд ва айни ҳол ин стратегия барои солҳои 2016-2018 тасдиқ гардидааст. Гуруҳи расонаӣ тибқи Стратегияи номбурда ба интишори мавзуи мазкур ва муайян кардани стандартҳои умумии кори иттилоотӣ мусоидат мекунад.

Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” аз соли 2016 то инҷониб, ҳамчун аъзои Эътилоф ҳамоҳангсози гуруҳи номбурда мебошад. Ҳамоҳангсозии кӯшишҳо ва мубодилаи доимии иттилоот ҷиҳати эътино кардан ба ҳолатҳои истифода шудани шиканҷа ва муносибати бераҳмона, роҳ надодан ба такрори фаъолият, гузаронидани маъракаҳои муштараки эдвокасии ВАО ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамояд, ки ин дар навбати худ самаранокии фаъолияти мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистонро зиёд мегардонад.

Эътилоф дорои сомонаи www.notorturetj.org ва саҳифаҳои иҷтимоӣ мебошад, аз қабили:

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Google+: https://plus.google.com/107767311153916349012

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Теллеграмм: http://t.me/notorturetj

Инстаграмм: notorture.tj

- Гуруҳи мазкур бо рӯзноманигорон то куҷо ҳамкориро ба роҳ мондааст?

- Дар фаъолияти худ гуруҳи расонаӣ бо рӯзноманигорон дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамкорӣ дорад. Ба ғайр аз рӯзноманигороне, ки дар доираи Эътилоф фаъолият мекунанд, он ҳамчунин аз рӯи парвандаҳои алоҳида вобаста ба эҳтимоли истифодаи шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона бо рӯзноманигорони беруна низ ҳамкорӣ дорад. Ба ғайр аз рӯзноманигорони алоҳида, гуруҳи мазкур бо як қатор ВАО ва оҷонсиҳои фаъоли ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ мебошад, ки дар мавридҳои зиёд барои бештар расонаӣ кардани маводҳои Эътилоф ба сифати сарчашма ва ё манбаи аввал мусоидат менамоянд.

- Ба назри Шумо, фаъолияти Гуруҳи расонаӣ қонеъкунанда аст ё не? Барои фаъолияти пурсамар ягон монеа вуҷуд надорад?

- Дар вазъияти имрӯза, албатта, барои бештар расонаӣ кардани иттилоот вобаста ба эҳтимоли истифодаи шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона кӯшишҳои зиёд бояд ба харҷ дод. Зеро дар аксари маврид расонаӣ кардани проблемаҳои номурда ба рафти тафтишоти парванда ва ё датсрас намудани иттилоот вобаста ба парванда кӯмак мерасонад. Дар мавридҳои дигар баръакс, метавонад халалдор созад. Аз ин лиҳоз, бештари иттилоот вобаста ба эҳтимоли содиршавии ҷиноят дар намуди шиканҷа (моддаи 143, прим 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ё арзу шикоят дар бораи истифодаи муносибати бераҳмона паси парда мемонанд.

Ҳамзамон, қобили қайд аст, ки дигар мавридҳое ҳам ҷой доранд, ки худи муроҷиаткунандагон аз расонаӣ кардани чунин иттилоот худдорӣ менамоянд ва танҳо бо гирифтани маслиҳат ва ё кӯмаки ҳуқуқӣ маҳдуд мешаванд.

Инчунин, бештари рӯзноманигорон аз фаъолият ё ҳамкорӣ дар ин самт худдорӣ менамоянд, зеро мавзуъ хеле ҳассос аст, ки ин ҳам барои пурсамар ба роҳ мондани фаъолияти Гуруҳи расонаӣ монеагӣ ба вуҷуд меорад.

- Дар доираи фаъолияти гуруҳи мазкур чӣ нақшаҳо дар назаранд?

- Албатта, бе нақша кор кардан мушкил аст. Дар оянда васеъ намудани доираи фарогирии хонандагон (махсусан дар ноҳияҳои дурдаст) дар назар аст. Ҳамзамон, барои бештар намудани таваҷҷуҳ ба санаҳои махсусе, ки ба шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона робита доранд, кӯшиш хоҳем кард. Инчунин, ният дорем ҳамкориро бо рӯзноманигороне, ки хоҳиши дар ин самт кор кардан доранд, ба таври густурдатар ба роҳ монем.

 

NoTorture.Tj