Сӯҳбати Amnesty International бо қаҳрамони ҳафтаномаи "Нигоҳ"

Мирзо Каримов, таксисти тоҷик, ки соли 2009 қазияи қурбонии "подстава" ва шиканҷа шуданашро дар боздоштгоҳи мақомоти корҳои дохилӣ ҳафтаномаи "Нигоҳ" ошкор карда буд, дар мулоқот бо Рейчел Бургер, намояндаи Созмони Афви байналмилал (Amnesty International), гуфтааст, ҳанӯз талаби ҷуброни зарари моддиву маънавии онҳо қонеъ карда нашудааст.  

Бино ба гуфтаи Саломат Каримова, ҳамсари Мирзо, онҳо 1-уми июни соли ҷорӣ бо намояндагони Созмони Афви байналмилал мулоқот кардаанд.

- Ин созмон дар ҳисоботаш дар бораи ҳодисаҳои шиканҷа қазияи Мирзо Каримовро инъикос кардааст. Дар ин мулоқот бори дигар мо гуфтем, ки ҳарчанд баъди баргузории таҳқиқоти журналистии ҳафтаномаи "Нигоҳ" чанд тан аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар боздошт ва шиканҷаи шавҳари ман даст доштанд, аз вазифа барканор шудаанд, вале то ҳол даъвои мо дар бораи ҷуброни зарари моддиву маънавӣ қонеъ карда нашудааст, - мегӯяд Саломат Каримова.

Ҳафтаномаи "Нигоҳ" дар як таҳқиқоти журналистӣ, дар саҳифаҳои ин нашрия таҳти сарлавҳаи "Рӯзи сиёҳи таксист" дарҷ шуда буданд, қаҳрамони нашрия - Мирзо Каримов аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон "подстава" шуда, ба мошини ӯ миқдори зиёди маводи мухаддир партофта, боздошт карда буданд.

Баъди шиканҷаи зиёд Мирзо ба баёноте имзо гузошт, ки дар он "иқрор" шудааст, ки маводи муахаддирро барои истеъмол барои худ харидааст. Вале дахолати касбии журналистони ҳафтанома ба ин қазия боиси аз мансаб рафтани чанде аз чиновникҳои пагондор шуда буд. 

Аз ҷумла, Сафаралӣ Солеҳов, сардори Шӯъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири вилояти Хатлон ва муовини вай Иброҳим Тошев баъди расонаӣ шудани ин қазия аз вазифаҳо барканор шуданд.

Ҳамчунин, баъдтар сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Норак Анвар Тошев ба истеъфо рафт. 

TojNews