Тарсонидан ва ҷазо додан маънии боло бурдани ҳисси ватандӯстиро надорад!

Тарсонидан ва ҷазо додан маънии боло бурдани ҳисси ватандӯстиро надорад!

Баъд аз мутолиаи мақола дар мавриди он, ки намояндагони ноҳияи Фирдавсӣ (-и шаҳри Душанбе) ният доранд барои пайравӣ кардан аз таҷрибаи Узбакистон ва ба ин тартиб маҳдуд кардани дастрасӣ ба вазифаҳои давлатӣ ба онҳое, ки хизмат накардаанд, номаи дастаҷамъона навиштанианд (Номаи дастаҷамъона: хизмат накардаӣ, вазифа нагир!), ман ба ин хулоса расидам, ки масъулини мо яқинан «ба ҷои салла калла» меоранд.

Бештар аз ҳар чизи дигар маро усули тарсдиҳии даъватшавандагон ва волидайни онҳо ба ҳарос овардааст, тавре метарсонанд, ки ҳатто онҳое, ки аз хизмат кардан ба андозаи ҷонашон тарс доранд, ихтиёрӣ ба хизмат раванд?

Бояд ба масъалаи саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ ба таври дигар нигарист ва худро дар пӯсти даъватшаванда ҳис кард. Даъватшавандаҳо на аз ин хотир саркашӣ мекунанд, ки ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳанд шуд, гарчанде дар амал ҳолатҳое буданд, ки даъватшавандаҳо ва сарбозон маҳбасро интихоб кардаанд, то ин ки ба қисми ҳарбӣ науфтанд! Агар тарс аз «облава»-и кумисиёнҳои даъват ва хизмати ҳарбӣ то ба ин ҳад бузург намебуд, даъватшавандаҳо бо майли тамом ба хизмат мерафтанду ба хориҷи кишвар фирор намекарданд, то ин ки дар он ҷо ба «облава»-и тоссарҳои рус ва Хадамоти Федеролии Муҳоҷирати он кишвар гирифтор нагарданд! Хулоса ин мешавад, ки тарс аз «облава» ва «дедовшина» дар қисмҳои низомӣ болотар ва сахттар аз тарси уфтодан ба дасти тоссарҳо (скинхедҳо)-и рус будааст.

Усуле фикр кунед, ки ба нафъи мардум бошад

Бино бар натиҷаи назарсанҷиҳо, 40 дарсади даъватшудаҳо гуфтаанд, ки аз роҳи «облава» ба хизмати ҳарбӣ ворид шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки ин 40 дарсад метавонистанд ҷинояткор бошанд?

Аскарон манофеи мардумро бояд ҳимоят кунанд, амнияти худ ва дигаронро бояд таъмин намоянд, пас чаро маҷбур месозанд, ки онҳо алайҳи манофеи худ, амнияти худ ва некӯаҳволии худ баромад кунанд? Чаро халқ барои некӯаҳволии халқ наметавонад хизмат кунад? Ин суолро метавонам ба намояндагони ҳукумат ва ноҳияи Фирдавсӣ бидиҳам – чаро шумо наметавонед усулеро фикр кунед, ки на мухолиф ба мардум, балки ба нафъи мардум бошад?

Судя Садиров пешниҳод дорад, ки нисбат ба саркашон парвандаи ҷиноӣ таъсис шавад ва тариқи телевизионҳо рафти муҳокима нишон дода шавад, то ки барои дигарон ибрат гардад. Барномаҳои ТВ-ҳоро ҳангоми мавсимҳои даъват тасаввур мекунам: маҳфили рақсу суруд, бунёди бинои навбатӣ дар ким-кадом ноҳия ва муҳокимаи парвандаи кадом як даъватшавандаи саркаш, дубора маҳфили рақсу суруд ва ё муҳокимаи парвандаи даъватшавандаи саркаш… Пешниҳоди судя барои ман муҷозот дар мазҳари ом дар асрҳои миёнаро ба хотир меорад.

Аз воқеаи Шаҳбол Мирзоев ибрат намегирем?

Шаҳбол Мирзоев, аскаре, ки дар қисми низоми ҷароҳат бардоштаастЧаро ҳеҷ нафаре аз намояндагони мақомот дар фикри беҳтар кардани шароити қисмҳои низомӣ, дар фикри беҳтар кардани ғизои низомиён нест? Дар фикри беҳтарсозии хадамоти тиббӣ нест? Дар фикри бартараф кардани «дедавшина» нест? Чи метавонад боис шавад, ки аскар ба волидайнаш тамос гирад ва талаб кунад, ки тамоми воситаҳоро барои раҳоии ӯ аз қисми низомӣ истифода баранд, дар ғайри сурат сӯзан хоҳад хӯрд ва худро ба ҳалокат хоҳад расонд? Фикр мекунед, онҳо тарсу ҳастанд? Пас, дар бораи воқеаи ба сари Шаҳбол Мирзоев омада чӣ фикр доред? Баъд аз шунидани ин ҳодиса оё шумо метавонед ва мехоҳед фарзандатонро ба қисми низомие, ки Шаҳболи гарданшикаста адои хизмат мекард, бифиристед?

Ман бо ҳукумати худ ва вакилони мардумии худ мефахридам, агар кишвари мо намунаи кишварҳоеро думбол мекард, ки он ҷо озодӣ ва ҳаққи шаҳрвандон риоя мешаванд ва асосҳои демократия авлавият доранду инсон ва ҳуқуқи ӯ арзишҳои олӣ ба ҳисоб мераванд. Маҳз дар қисмҳои низомии чунин кишвар ман аз хизмат саркашӣ намекардам.

Аз он ҷо ки кишвари мо кунд, вале устувор ба сӯи ҳадафҳои зикршуда қадам мемонад, метавон обрӯйи артишро аз роҳҳои зерин боло бурд:

1. Кафолати имтиёзҳои иҷтимоӣ ба даъватшавандагон, амсоли таҳсили ройгон дар муассисаҳои омӯзишии касбӣ, имтиёз барои шомил шудан ба донишгоҳҳо;

2. Фароҳам овардани имтиёз (бигзор ҳадди камтарини он) дар пардохтҳои комуналӣ барои хонаводаи аскарбача зимни адои хизмати ҳарбӣ;

3. Пардохти моҳонаи камтарин барои оилаи сарбозе, ки соҳиби фарзанд аст;

4. Фароҳам овардани шароити адои хизмат дар наздикии ҷойи истиқомат барои аскаре, ки ҳамсар дорад;

5. Бештар кардани ҷуброни молӣ барои аскароне, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ ҷароҳат бардоштаанд, ҷуброни молӣ ба хонаводаи аскароне, ки зимни адои хизмат фавтидаанд. Ёдовар мешавам, ки соли 2012 нишондоди ин гуна ҷубронҳо то 10 баробар кам карда шуда буд!

6. Кам кардани муҳлати адои хизмат.

Кумисиёни тиббии мустақил ташкил шавад

Ҳамчунин хеле муҳим аст, ки амалияи кори кумисиёнҳои даъватро иваз кунем. Чанде аз омилҳоеро номбар мекунам, ки ба ивазшавии кори кумисиёнҳо мусоидат мекунанд:

1. Ҷойгир будани кумисиёни даъват ба дур аз қисми ҳарбӣ бо дастрасии озод барои аҳли ҷомеа ва волидайни даъватшавандаҳо;

2. Риояи муҳлати муқарраркардаи қонун, ба вижа риояи судури Фармон дар бораи даъвати навбатӣ, муҳлати пешниҳоди даъватномаҳо (5 рӯз қабл аз даъват шудан ба кумисиёни даъват);

3. Таъмини ҳузури шахсии даъватшаванда ва волидайнаш ба ҳангоми ҷаласаи кумисиёни даъват, ба таври ҳатмӣ пешниҳоди нусхаи хулосаи кумисиёни даъват ба даъватшаванда;

4. Риояи раванди даъват, ки қонунан мушаххас шудааст ва баъди гузаштани кумисиёни даъвати ноҳиявӣ/шаҳрӣ, ба даъватшаванда барои худоҳофизӣ бо хонаводааш рухсат дода шавад;

5. Мушаххас шавад, ки шикояти даъватшавандагон аз ҷониби судҳои шаҳрвандӣ баррасӣ гардад, на судҳои ҳарбӣ, аз ҷумла, бояд муқаррар кард, ки кумисиёни даъват ниҳоди шаҳрвандӣ аст, на ҳарбӣ;

6. Ворид кардани тағйирот ба қонунгузорӣ ва ба таври ҳатмӣ шомил кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳайати кумисиёни даъват;

7. Ташкили муоинаи тиббии мустақил, ки даъватшавандаҳо ҳангоми норизоӣ аз хулосаи кумисиёнӣ даъвати ноҳиявӣ/шаҳрӣ тавонанд ба он ҷо муроҷиат кунанд;

8. Таъмини моддиву техникии кумисиёнҳои тиббӣ барои анҷом додани ташхиси дурусти тиббӣ;

9. Фароҳам овардани имкони шиносоии даъватшаванда ва волидайни ӯ бо варақаи шахсии даъватшаванда;

10. Анҷом надодани муоинаи тиббӣ, агар даъватшаванда ҳуҷҷатҳои тиббиашро рӯи даст надошта бошад;

11. Риояи меъёри қонун дар робита ба нафиристодан ба хизмати ҳарбӣ дар нисбати даъватшавандагоне, ки алайҳи хулосаи кумисиёни даъват шикоят кардаанд, то хулосаи ниҳоии баррасии шикояти онҳо;

Дар ҳоли ҳозир талаботи қатъӣ ба миён омадааст, ки барои беҳтар кардани низоми имтиёзҳо як қатор меъёрҳо андешида шаванд, кӯмаки моддӣ ба хизматчиёни низомӣ дода шавад, шароити қисмҳои низомӣ беҳтар карда шавад, ки ҳар кадом даъватшаванда бо ҳисси ин ки барои кишвари худ ва дар шароити эҳтироми манофеъ, ҳуқуқ ва эътибори худ хизмат мекунад, омодаи ворид шудан ба сафи артиш бошад. Ин меъёрҳо имкон медиҳанд, ки нерӯҳои ҳарбиро аз ҳар ҷониб мустаҳкам бигардонем ва зӯргӯиву дигар муносибати бераҳмонаро, ки алайҳи меъёрҳои қонунанд, пешгирӣ кунем.

Торнамои иттилотӣ-иҷтимоии Ташкилоти ҷамъиятии “ОРМОН” (www.ormon.tj)