Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
8-уми апрел Шамсиддин Зайдуллоеви 25-сола, сокинони маҳаллаи 91-уми пойтахт аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар бо иттиҳоми паҳн кардани маводи нашъаовар боздошт мешавад. Аммо 13-уми апрел волидайни Шамсиддинро даъват мекунанд, ки омада ҷасади фарзандашонро аз сардхона, ё морги “Медгородок” бигиранд. Модари Шамсиддин Тоҷиннисо Каримова иддао дорад, ки писараш дар натиҷаи лату кӯб фавтидааст. Хабарнигори TojNews дар суҳбат бо ӯ ибтидо дар бораи фарзандаш пурсид, ки чикора буд?
Тоҷиннисо Каримова: - Писарам ронандаи таксиҳои “Эйшн Экспресс" буд. Барои шабу рӯз кор кардан иҷозат дошт. Бегоҳии 8-уми апрели соли ҷорӣ, тақрибан соати 18:30 ба 19:00 нафаре ба хона омада, моро огоҳ кард, ки дар назди тарабхонаи “Арбат”, истгоҳи таксиронии писарам, Шамсиддинро чанд нафар аз масъулини Агнетии давлатии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон лату кӯб доранд. Ману падараш дарҳол ба ҷои ҳодиса рафтанӣ шудем. Дар роҳ як ҳамсояамон моро манъ карда гуфт, ки бачаҳо ӯро раҳо карданд, ҳоло дар дохили мошин аст. Мо ҳам ба мошини ӯ нишаста, ба хона баргаштем.
TojNews: - Чаро ӯро мавриди лату кӯб қарор доданд?
Тоҷиннисо Каримова: -Вақте писарамонро бо мошини ҳамсоя ба хона овардем, аз ӯ пурсидам, ки чӣ гуноҳ кардӣ? Гуфт, ман ронандаи таксӣ ҳастам, ҳар ҷое ки мизоҷон мегуфтанд, мерафтам. Боз пурсидам ва таъкид кардем, ки агар гуноҳе карда бошад, иқрор шавад, вале гуфт ман ҳеч гуноҳе накардаам. Вале мо баъдтар фаҳмидем, ки чанд рӯз қабл аз ин ҳодиса, яке аз мизоҷон ё дӯстонаш бо мошини ӯ рафта, дар куҷое ба муолмилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст задааст... Сипас гуфт, ки очаҷон телефонам дар ҳамон ҷойҳо афтодааст, ман хеста телефонкобӣ рафтам. Дар вақти ман набудан, тақрибан 15-20 дақиқа баъд 5 нафар бо сардории Саидов Зафар, ду нафари онҳо бо номҳои Умеду Фирдавс ва ғайра аз масъулини ин Агнетӣ, онҳое, ки ӯро зада буданд, бе ягон ордер, бе ягон “санксия”-ву ҳуҷҷат ба хона омада гуфтанд, ки мо далел дорем, Шамсиддинро ҷавоб диҳед, бо мо равад. Ӯро бурда як суолу ҷавоб мекунему ҷавобаш медиҳем. Падараш розӣ шуда, ӯро дар мошинашон шинонда ба бинои асосии Агнетӣ дар назди бозори “Султони Кабир” бурданд. Агар ман медонистам, ки бачаи маро бурда дар ин 4 рӯз кушта дар “морг” мепартояд, ман бачаамаро ҳеч вақт иҷозат намедодам, ки ҳамроҳи онҳо равад...
TojNews: - Бо ҳамин ӯро боздошт карданд?
Тоҷиннисо Каримова: - Торик шуда буд, ҳамроҳи падараш аз пасашон рафтем, лекин он шаб ӯро ба мо нишон надоданд. Субҳи 9-уми апрел дигарбора рафтем, ин дафъа падарашро иҷозати ворид шудан надоданд, лекин ман даромада ӯро дидам.
TojNews: - Саломатиаш чӣ хел буд? Ягон шикояте накард?!
Тоҷиннисо Каримова: - Ман вақте даромадам, аввал баёноти маро гирифтанд. Ман дар он баёнот аз рӯзи таваллуд шуданаш, санаи 23-юми январи соли 1990 то 8-уми апрлеи 2015 дар борааш навиштам, пас аз он пурсидам, бачаам куҷост? Вайро назада бошед? Ӯро ба ман нишон намедиҳед? Баъд аз он писарамро оварданду мо мулоқот кардем. Вақте ӯро оварданд, ман оғӯшаш карда, сару гарданашро аз назар гузаронидам. Пурсидам, ӯро назадед? Гуфтанд, ки мо ин ҷо ҳаққи задан надорем. Лекин вақте сарашро дастмол кардам, дар назди гӯшам гуфт, ки очаҷон пушти сарам “шишкаяй”, сипас вақте оғӯшаш кардам, дард ёфт, пурсидам заданат? Чун дар паҳлӯяш як корманди ин Агентӣ нишаста буд, бо имову ишора тасдиқ кард, ки ҳа!
TojNews: - Дар ин мулоқот модару писари дар бораи чӣ ҳарф мезадед?
Тоҷиннисо Каримова: - Ман дар он вақт гаштаву баргашта таъкид мекардам, ки агар гуноҳе карда бошад, иқрор шавад, ҷазояшро рафта дар зиндон, дар муассисаҳои ислоҳӣ бибинад, то мабодо дар ин ҷо мавриди латукӯб қарор бигирад. Гуфт, ки ягон кори ғайриқонуние накардааст, гуноҳам ин, ки ронандаам, куҷое мизоҷон гуфтанд, меравам. Онҳо пули маро медиҳанд. Пас аз он дигар чизе нагуфт.
TojNews: - Баъд аз ин мулоқот дигар ягон маротиба бо ӯ во нахурдед ё бо телефон суҳбат накардед, шояд дар ин муддат чизе гуфта бошад?
Тоҷиннисо Каримова: - Мо баъди он дигар бо писарам мулоқот накардем, танҳо ин, ки бегоҳии 11-уми апрел занг зада аҳволпурсӣ карду гуфт, ки очаҷон ман гуноҳро ба гардан гирифтам, барои ман як адвокат гиред, ки маро тибқи моддаи 200 қисми 1 КҶ гунаҳкор медонанд. Муфаттиш баъди он бачаамонро ба мо нишон надод. Дигар масъулин ҳам барои мо иҷозати мулоқот надоданд. 12-уми апрел ҳамроҳи адвокат хӯрок либосҳояшро бурдем. Моро ӯро надидам, ба адвокат ҳам иҷозат надоданд, ки бо ӯ мулоқот кунад. Муфаттиш аз рӯзе, ки парванда боз карданд, телефонҳояшро хомӯш кард. Ман дигар фарзандамро надидам.
TojNews: - Хабари марги писаратонро Шумо чӣ хел фаҳмидед, кӣ ба шумо гуфт?
Тоҷиннисо Каримова: - Як рӯз пеш аз маргаш ба мо гуфтаанд, ки сару либос, собун ва ришгирак барем. Субҳи душанбе, 13-уми апрел вақте хурок ва фармоишҳои гуфтагиашонро гирифта ба роҳ баромадем, занг зада хабар додаанд, ки писарам мурдааст. Лекин ман то Агентӣ рафтам, он ҷо гуфтанд, ки намурдааст, балки дар бинои 5-уми беморхонаи “Қарияи боло” аст. Ба бинои 5-уми бемористон рафтем, ӯро наёфтам. Баъди он ба 15-ум корпус рафтам, он ҷо ҳам набуд. Аз ин миён вақт гузашт, баъд телефон карда гуфтанд, ки писаратон дар “Медгородок”-шаҳраки Тиббӣ дар “морг” (сардхона)-и ВКД аст. Ҷасади писарамро дар сардхонаи “Медгородок” ёфтем. Он ҷо писарамро дидам. Сару рӯ ва баданашро аз назар гузаронидам, бачаамро заданд, ҳамааш маъиб буд. Бачаи маро зада-зада куштанд...
TojNews: - Вақте бачаатонро дидед, касе аз масълини Агнетӣ он ҷо набуд, дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса ҳеч касе бо шумо суҳбат накард?
Тоҷиннисо Каримова: - Буд, як нафари онҳо бо ном ё тахаллуси Эшон Бақо ҳамон ҷо буд, ӯ бо ғуруру такаббур ба мо гуфт, ки “Худоро шукр гӯед, ки писари шумо ҳалол мурд, на ҳаром!”. Ба ӯ гуфтам, ки чӣ хел “ҳалол”-у чӣ хел “ҳаром”? ...
TojNews: - Ба ҷое шикоят кардед?
Тоҷиннисо Каримова: - Мо ба мақомоти судӣ ва прокуратура муроҷиат кардем. Мо талаб дорем, ки қотилони Шамсиддин мувофиқи қонун ҷазо дода шаванд. Мо на танҳо аз мақомоти қудратӣ, балки аз президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳам хоҳиш мекунем ва талаб дорем, ки ба ин ҳодиса таваҷҷӯҳ карда, омилони онро мувофиқи қонун ҷазо диҳанд, то барои дигарон дарси ибрат шавад.
TojNews: - Чизе мехоҳед бигӯед, ки аз он суол накардем?
Тоҷиннисо Каримова: - Ман ин талабу хоҳишҳоро ба хотири писари худам намекунам. Фарзанди ман вафот кард, охираташ обод бошад! Ин талабу хоҳиши ман ба хотири дигар фарзандони мардум ва миллат аст, хоҳ дузде бошад, хоҳ ғару нашъманде ва ё қотилу одамкӯше. Онҳо ҳама барои падару модари худ фарзанд ҳастанд. Ҳеч касе ҳаққи задани онҳоро надорад. Масъулини мақомот ҳам набояд онҳоро бизананд. Задан чораи ислоҳи ҷинояткорон нест. Ман талаб мекунам, ки ҷинояткоронро мувофиқи қонун ҷазо диҳанд. Қонун барои ҷинояткорон ҷазо муайян карда аст, ҷазояшонро, ки диданд, аз зиндонҳо озод шуда, падару модару ва зану фарзандонашон онҳоро интизоранд, ба назди онҳо ҳамчун фарзанд ва ё падару ҳамсар бар мегарданд...