Вокуниши ҳуқуқшинос ба шиканҷаи як тоҷик дар Русия

Вокуниши ҳуқуқшинос ба шиканҷаи як тоҷик дар Русия

Бахши маскавии Кумитаи зидди шиканҷа ба таҳқиқи марги Фаррух Урозов, сокини 39-солаи ноҳияи Фархори Тоҷикистон шурӯъ кардааст. Урозов рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ дар шуъбаи пулиси шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав эҳтимол дар пайи латукӯб ва шиканҷаи маъмурон даргузаштааст. Чанд рӯзи охир ин қазия ба саҳифаҳои расонаҳои ватаниву хориҷӣ роҳ ёфта, вокуниши доираи коршиносонро ба бор овард. Ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов дар суҳбат бо NoTorture.Tj дар мавриди ин қазия чунин гуфт:

«Сатҳи пасти дониши кормандони мақомоти таҳқиқоту тафтишот, риоя нашудани тартиби муқарраркардаи кодекси мурофиавӣ, хусумати шахсии миллатгароӣ ва истифода аз латукӯб ҳамчун воситаи осони гирифтани нишондоди ба муфаттиш зарур омилҳои асосии мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия мебошанд. Боиси таассуф аст, ки чунин муносибати ғайриинсониро мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи онҳо шояд аз бетафовутӣ ва нишон надодани аксуламали ҷиддӣ аз ҷониби сафоратхона ва намояндагиҳои ваколатдори дигар идораю муассисаҳои расмии Тоҷикистон мувофиқи мақсад дониста, барои кирдорҳои ваҳшиёнаашон бемасъулиятиро низ эҳсос мекунанд.

Бо назардошти он, ки ҳодисаи мазкур дар қаламрави Русия содир шудааст, муроҷиати шаҳрвандони мо ба додгоҳи аврупоию байнулмилалӣ баъди баррасии парванда бояд сурат бигирад ва пайвандони марҳум бояд ба муассисаҳои марбутаи ҳифзи ҳуқуқи инсон муроҷиат карда, манфиатҳояшонро ҳимоя созанд. Маҳз чунин ҳолатҳои алоҳида бояд муайянкунандаи самимияти давлати Русия ба Тоҷикистон бошад, на дигар мавридҳо.

Бояд таъкид намоям, ки дар Русия низ ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ба таври кофӣ таъмин нашудааст, ҳарчанд вақтҳои охир маблағҳои зиёдро барои тағйири афкори ҷамъиятӣ сарф мекунанду филмҳои бисёр ба навор мегиранд.

Вале воқеият аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар амал, дар кору фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Русия бетартибию бенизомиҳои назаррас то ҳол вуҷуд дорад».

NoTorture.Tj

«Кумитаи зидди шиканҷа» ба таҳқиқи марги тоҷик пардохт

Ҳуқуқшиносони шуъбаи байниминтақавии ташкилоти ҷамъиятии «Кумитаи зидди шиканҷа» ба таҳқиқи омилҳои марги шаҳрванди Тоҷикистон Фаррух Урозов пардохтанд, ки 18-уми сентябри соли равон дар шуъбаи пулиси шаҳри Солнечногорски Русия аз дунё гузашта буд.

Далелҳо ва нишондодҳои аз шоҳидон ҷамъовардаи вакилони мудофеъ эҳтимолиятеро собит месозанд, ки ин мард то дами марг латукӯб шудааст.

Рӯзи 26-уми сентябр ба «Кумитаи зидди шиканҷа» бародари марҳум Илҳом Алихонов бо дархости кӯмаки ҳуқуқӣ муроҷиат мекунад. Тавре ӯ ба вакилони мудофеъ нақл кардааст, шаби 17-уми сентябр аз кор ба хона баргаштааст. Бародари ӯ Фаррух Урозов ин замон аллакай хоб будааст. Баъд аз даҳ дақиқа маъмурони пулис бо бародарони ҳамсоязан Светлана ба хона даромаданд.

Ба гуфтаи Илҳом, пулисҳо бародари ӯро аз ҷумла бо калтаки резинӣ чанд зарба задаву бо истифода аз электрошок бедор карданд. Баъд ба дастонаш завлона зада, ба шуъбаи пулис мебаранд. Сипас Илҳом огоҳ шуд, ки Фаррухро бо гумони истифодаи зӯроварӣ нисбат ба духтари шашсолаи Светлана боздошт кардаанд.

Тавре Илҳом иброз медорад, пас аз чанд муддат пулисҳо дубора ба хонаи ӯ баргаштанд ва ин бор ӯву рафиқаш Фирдавс Сатторовро ҳам ба ҳамон шуъбаи пулис бурданд. Дар он ҷо Алихонов шунидааст, ки бародараш чӣ хел дар дохили утоқе башиддат фарёд мезанад. Лаҳзае ҳатто имкон меёбад Фаррухро паси дари нимво бубинад. Бародараш бо дастони баста рӯйи фарш нишаста, дар рӯяш доғҳои зиёди хунин ва болои фарш низ хун будааст.

- Бародарам имкон ёфт ҷониби ман ба забони тоҷикӣ пичиррос занад: «Ман дигар тоқат карда наметавонам». Баъд аз ин пулисҳо дарро бастанд. Бештар аз ҳама ин чиз ба ман таъсир кард, ки тамоми муддати дар долон истоданамон садои фиғони баландро мешунидем, вале кормандони пулис аҳамият намедоданд, - бо дард ба ёд меорад Илҳом Алихонов.

Субҳи 18-уми сентябр Илҳом ва Фирдавсро аз шуъбаи пулис ҷавоб медиҳанд. Баъд аз чанд соат онҳо хабар меёбанд, ки Фаррух Урозов дар шуъбаи пулис вафот кардааст.

Ҳуқуқшиносони «Кумитаи зидди шиканҷа» имкон ёфтаанд, пеш аз он ки Фаррухро ба Тоҷикистон бифиристанд, захмҳои ӯро бубинанду акс бардоранд.

Тибқи шаҳодатномаи вафот, сабаби марги ӯ куштор, бахусус, ҳуҷум бо истифода аз ашёи сахт будааст, ки дар чандин қисми бадан доғ гузоштааст.

Раҳбари шуъбаи маскваии «Кумитаи зидди шиканҷа» Сергей Бабинетс мегӯяд: «Тавре бародари марҳум Илҳом Алихонов ба мо иброз дошт, Фаррух то замони боздошт шуданаш аз ҷониби кормандони пулис ягон захм надошт. Ҳангоми азназаргузаронии ҷасад дар сардхона, чандин доғу захмҳоро дар тамоми бадани марҳум мушоҳида кардем. 18-уми сентябри соли 2014 вобаста ба ин қазия тибқи банди «а», қисми 3-и моддаи 286-и Кодекси ҷиноятии Федератсия Русия (сӯистифода аз ваколати хизматӣ бо истифода аз зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. То ҷое ба мо маълум аст, яке аз кормандони пулис аллакай бо қарори додгоҳ боздошт шудааст. Мо дар навбати худ оид ба ҳолатҳои марги Фаррух таҳқиқот мегузаронем. Агар дақиқ шавад, ки ӯ воқеан дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии кормандони пулис ба ҳалокат расидааст, тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод, то гунаҳкорони марги ӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд».

NoTorture.Tj