Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи 27-уми октябр дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд баргузор гардид.
Мизи гирд аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бахшида ба натиҷаҳои лоиҳаи «Боло бурдани сатҳи маълумотнокии судяҳо ва коркарди машғулиятҳои назариявию барномаҳои таълимӣ барои кафедраи криминалистика ва ташхиси тиббии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи тартиби таҳқиқоти самаранок ва ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну эътибор ва ҷазо тибқи талаботи Протоколи Истамбулӣ» баргузор шуд. Баррасии мушкилот ва дурнамои таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятии марбут ба шиканҷа тибқи талаботи Протоколи Истамбулӣ ҳадафи асосии мизи гирд ба шумор мерафт.
Дар оғози мизи гирд директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Солеҳ Амин гуфт, ки «мизи мудаввари имрӯза дар доираи ҳамкориҳои ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» ва Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Ҳамкориҳои мо таърихи дурудароз дорад. Дар доираи ҳамкориҳо Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тренингу семинарҳоро гузаронид. Худи ҳамин сол мо дар ҳамкорӣ бо ин ташкилот ҳудуди 70 нафар судяҳо, коромӯзон, кормандони дастгоҳи судҳо ва Маркази таълими судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба омӯзиш фаро гирифтем. Масалан, дар мавзуи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмонаву ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф мутобиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ. Албатта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи шиканҷа базаи кофии ҳуқуқӣ мавҷуд аст, чи аз лиҳози қонунҳои амалкунанда, чи аз лиҳози стратегия, барномаҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва чи аз лиҳози меъёрҳои Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ. Имрӯз қарори дахлдори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тадбиқи меъёрҳои ҷиноятӣ ва мурофиавӣ мавҷуд аст. Ҳамчунин, қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тадбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ низ».
Баъдан, директори барномаҳои ҳуқуқи инсон, дастрасӣ ба иттилоот ва хизматрасонии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон Мунаввар Диловаров чунин зикр намуд: «Ҳамаи ташаббусҳое, ки оид ба Протоколи Истамбулӣ аз тарафи дафтари мо дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, аллакай аз соли 2011 оғоз шуда буданд. Агар оид ба ин ташаббусҳо сухан ронем, метавонем онро ба се қисм ҷудо намоем. Якум, кӯмак баҳри тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои кормандони тиб, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастгирӣ ёфта буд. Ин ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии шиканҷа ба табибон ёрии калон мерасонанд. Дуюм, ёрии ҳуқуқӣ ба шахсоне, ки дучори шиканҷа шудаанд. Дар ин равия мо бо «Маркази ҳуқуқи инсон» чандин сол боз ҳамкорӣ карда истодаем ва ҳам шахсоне, ки дучори шиканҷа шудаанд, ҳам аъзои оилаи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ёрии ҳуқуқии ройгон гирифта метавонанд. Сеюм, офиятбахшии шахсоне, ки дучори шиканҷа шудаанд. Ин ташаббуси нав аст ва дар Душанбе як ҳуҷраи пилотӣ ташкил карда шуддааст, ки ба ин гуна шахсон ёрӣ мерасонад».
- Умуман, агар дар бораи Протоколи Истамбулӣ сухан гӯем, ин як дастурамале мебошад, ки барои бақайдгирӣ ва муайян намудани шиканҷа яке аз дастурамалҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар тайёр намудани ин дастурамал якчанд ташкилот иштирок карда буданд ва яке аз онҳо «Духтурон барои ҳуқуқи инсон» мебошад,- афзуд ӯ.
Ба гуфтаи роҳбари Барномаи пешбурди принсипҳои Протоколи Истамбулӣ дар Тоҷикистон аз ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» Парвина Наврӯзова, «Протоколи Истамбулӣ ҳуҷҷати байналмилалӣ маҳсуб меёбад, ки барои ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа хизмат мекунад. Зеро дар он роҳҳои муайян кардани ҳолатҳои шиканҷа нишон дода шудааст».
Дар анҷоми мизи гирд директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Солеҳ Амин изҳор дошт, ки «бояд таҷрибаи судии давлатҳои минтақа ва давлатҳои пасошӯравӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, дараҷаи тадбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ муайян карда шавад. Зеро, дар ҳақиқат, се адад парвандае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шиканҷа баррасӣ шудаанд, ҳанӯз далели муайян кардани мавҷудияти шиканҷа нест. Бояд ба таҷрибаи давлатҳое такя кунем, ки дар мавриди шиканҷа парвандаи бештар баррасӣ мекунанд».