Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид сохтааст. Бо муроҷиат ба аъзои Эътилоф, аз онҳо пурсон шудем, ки барои чӣ узви Эътилоф шудаанду кадом вазифаҳоро бар уҳда доранд ва дар замони пандемияи Covid-19 кадом корҳоро барои Эътилоф анҷом доданӣ ҳастанд? Инак, назари узви Эътилоф - Зоир Раззоқов дар ин маврид:
- Сарфи назар аз он, ким ан ба Эътилоф каме пештар ворид шудам, дар доираи ин фаъолият ба қадри имкон саҳми худро мегузорам – оид ба ҳуқуқи инсон ва тандурустӣ иттилоъ мерасонам, дар масоили пешгирӣ ва табобати ВИЧ/СПИД ва СТАҶГ машварат медиҳам.
Давраи пандемия ҳам истисно нашуд. Ман дар масъалаҳои пешгирӣ ва табобати COVID-19 машварат медиҳам. Метавонам дар ин масъала тренингҳо гузаронам. Аз рӯи имконият ба мизољони ниёзмандамон кумак мерасонем.