Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар бораи марги маҳбус бар асари сардӣ дар ҳуҷраи ҷаримавии муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Душанбе хабар медиҳад.
Дар суҳбат ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Раҳматилло Зойиров дар ин робита изҳор дошт, ки бино ба маълумоти ба ӯ расида, номи маҳбуси ҳалокшуда Маҳмадраҳим Саидов буда, соли 1968 таваллуд шудааст.
«Ӯ зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ аст. Ба ман дар ин бора сарчашмаҳои боэътимод аз худи муассиса хабар доданд. Марги Саидов далели бешубҳа аст. Ҳамчунин маълумот ҳаст, ки шояд бар асари сардии шадид шумори ҳалокшудагон дар зиндон ба якчанд нафар – ду ё се тан расидааст», - иттилоъ медиҳад Зойиров.
Ба гуфтаи ӯ, дар бораи ин ҳодиса аллакай ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода маълумот дода шудааст, ки ӯ бидуни монеа ба тафтиши ҳама гуна муассисаҳои пӯшида, аз ҷумла ҷаримагоҳҳои зиндонҳо ҳуқуқ дорад.
Дар ҳамин ҳол, Зариф Ализода дар робита ба ин масъала ба Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфт, ки дар бораи марги маҳбус дар ҷаримагоҳи зиндон ба ӯ маълумот расида, вале он тасдиқ нашудааст.
Корманди дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ Ҳусниддин Нидоев ба Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфт, дар мавриди ин масъала бо сардори Раёсат оид ба корҳои фаврии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Нуриддин Раҳмонов дар тамос шуда, ӯ маълумоти марги маҳбусро рад кардааст.
«Вай изҳор дошт, ки ҳеҷ гуна далели марги маҳбус бар асари сардӣ дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 ба қайд гирифта нашудааст. Ба ғайр аз ин, ман бо Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон низ дар тамос шудам. Феълан намояндагони Эътилоф ҳозир шуда, мо ҳамроҳ аз ин муассиса боздид мекунем ва сабаби паҳн шудани маълумот дар бораи марги маҳбусро дақиқан муайян месозем», - иброз дошт Нидоев.
Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ низ ба Хабаргузории «Азия-Плюс» далели марги маҳбусро тасдиқ накарда, иброз доштанд, ки ин маълумот асоси воқеӣ надорад.