Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
10-уми январи соли 2022 ташхиси ҳамаҷонибаи техникиву компютерӣ, сиёсӣ ва лингвистии навор бо иштироки Чоршанбиев Ч. таъин карда шуд. Гузаронидани ташхис ба зиммаи мутахассисон ва коршиносони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ-криминалӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.
Адвокатҳо ташхис, аз ҷумла ҷалб кардани коршинос ва сиёсатшиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо истинод ба он, ки барқарор сохтани мафҳум, шакл ва самти (мақсади) назар – ин вазифаи истисноии забоншинос ва равоншинос аст, ба баҳс кашиданд. Бар ин асос, адвокатҳо ҷалби равоншинос ва забоншиноси забони русиро талаб карданд.
Хотиррасон менамоем, ки Чоршанбиев Ч. А. ба содир намудани ҷинояти дар моддаи 307, қисми 2, бандҳои «а, г» муқарраргардида, ки ҷавобгариро барои даъватҳои оммавӣ ба ғасби маҷбурии ҳокимияти давлатӣ ё нигоҳдории маҷбурии он ё бо зӯрӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ё нақзи тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, гунаҳгор дониста мешавад.
Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Бо ин ва дигар мавзуҳо метавонед дар сомонаи мо ва саҳифаҳои иҷтимоиямон ошно шавед:
Сомонаи мо: http://notorturetj.org/
Дар Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj
Дар Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Дар Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj
Дар Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw
Дар Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498
Дар Теллеграмм: http://t.me/notorturetj
Дар Инстраграмм: notorture.tj