Адвокатҳои Хатлон: Ба хулосаҳои судиву тиббӣ бовар надорем

Адвокатҳои Хатлон: Ба хулосаҳои судиву тиббӣ бовар надорем

Шиканҷа мавзӯест, ки тайи бештар аз як соли охир мавриди баҳси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва расонаҳои хабарӣ қарор гирифтааст.

Назари ҳимоятгарон

Дар аксари маврид исботи ҷой доштани далели шиканҷа ва рафторҳои зӯроварии ба ин монанд, ки дар натиҷа гумонбаршуда ё айбдоршаванда зарари ҷисмонӣ мебинад, қариб ғайриимкон аст. Ба андешаи коршиносон, мушкили асосӣ дар ин самт номукаммалии хулосаҳои ташхиси судиву тиббӣ мебошад.

Ғулом Бобоев, раиси Коллегияи адвокатҳои вилояти Хатлон мегӯяд: «Ман аслан ба хулосаҳои судиву тиббӣ эътимод надорам, аз ҷумла, ба хулосаи ташхиси судиву тиббии вилояти Хатлон, зеро дар аксари ҳолатҳо як хулосаашон ба дигараш мухолифат мекунад».

Номбурда дар идомаи сӯҳбат илова кард, ки коршиносони ин марказҳо чӣ гунае, ки ба худи онҳо лозим аст, ҳамон гуна хулосаро таҳия месозанд.

«Ҳар он хулосае, ки ба мақомоти тафтишот лозим шавад, коршинос чунин хулосаро омода хоҳад кард. Мо дар даст маводи мушаххасе дорем, ки гуфтаамонро исбот хоҳад кард»,- иброз дошт Бобоев.

Ҳамчунин, ба андешаи ӯ, азназаргузаронии тиббӣ, ки ҳангоми боздошти гумонбаршуда сурат мегирад, ғайриқонунист.

Бобоев бар ин ақида аст, ки чунин азназаргузаронӣ бояд дар ҳузури ҳимоятгар доир шавад. «Дар таҷрибаи мо гумонбаршударо боздошт мекунанд, сипас тариқи зӯроварӣ ва дигар роҳҳои ғайриқонунӣ баёноти аввалинро гирифта, баъдан ҳангоми оғози парвандаи ҷиноятӣ ҳимоятгарро даъват мекунанд. Духтуре, ки масъулияти шаҳодатдиҳӣ ба ӯҳдааш гузошта мешавад, пеш аз ҳама бояд аз гумонбаршуда ва ё айбдоршаванда пурсад, ки осорҳои бадани ӯ аз куҷост ва чӣ гуна пайдо шудаанд? Оё ӯ мавриди латукӯб қарор гирифтааст ё на? Мутаассифона, ин паҳлӯҳои қонун дар амал иҷро намешаванд. Ин яке аз сабабҳои асосиест, ки дар рафти мурофиаҳои судӣ имконияти исботи истифодаи шиканҷаро хеле коҳиш медиҳад. Баъзан хулосаи ташхиси судиву тиббӣ ва гувоҳномаи азназаргузаронии тиббӣ хандаоваранд», - афзуд ҳимоятгар.

«Ман барои исботи ин гуфтаҳо аз таҷрибаи кориам мисол меорам. Дар як парвандаи ҷиноятӣ истиқоматкунандаи ноҳияи Қумсангир Тиллохӯҷа Муслимов ва истиқоматкунандаи ноҳияи Бохтар Санавбар Гулова бо моддаи 200, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор карда шуданд. Вақте мо ба ҳимояашон оғоз кардем, изҳор доштанд, ки онҳоро мавриди латукӯб қарор додаанд ва то охир дар ин гапи худ истоданд. Мо баргузор кардани ташхиси судиву тиббиро талаб кардем. То ин дам аллакай як ташхис гузаронида буданд. Ду маротибае, ки мо талаб кардем, ташхис хулоса дод, ки дар бадани айбдоршавандаҳо нишонаи латукӯб мавҷуд аст. Вале ногаҳон дар мурофиаи судӣ хулосаи 4-уми ташхиси судиву тиббӣ пайдо шуд, ки се ташхиси пешинаро бекор кард ва суд онро ба эътибор гирифта, нафари бегуноҳро ба мӯҳлати 9 сол равонаи зиндон кард. Ин дар ҳолест, ки маълум нагардид, ин ташхиси судиву тиббиро кӣ таъин карду он кай гузаронида шуд? Дар ҳукми суд боз навиштаанд, ки тарафи ҳимоя ягон далеле оид ба бегуноҳӣ ва ё мавриди шиканҷа қарор гирифтани судшавандаҳо пешниҳод карда натавонист. Мо ба суд боз чӣ гуна далел пешниҳод мекардем? Бубинед, ки бо як хулосаи беасоси ташхиси судиву тиббӣ нафари бегуноҳ 9 сол зиндонӣ шуд. Баъд аз ин чӣ гуна метавон ба хулосаҳои ташхиси судиву тиббӣ эътимод кард?», - иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, оид ба мавриди шиканҷа қарор гирифтани Муслимов ба Прокуратураи Генералӣ ва волидайнаш ба президенти мамлакат шикоят навиштанд, вале мутаасифона, аз онҳо ягон натиҷае ҳосил нашудааст.

Адвокати дигар Нурулло Маҷидов низ ба ақидаи ҳамкасбаш розист ва ӯ низ мегӯяд, ки ба хулосаҳои судиву тиббӣ бовар надорад.

«Аслан, ин ҷо ҳуқуқҳои адвокатҳоро мебояд баланд бардошт. То давраи ба маҳбасхонаи муваққатии тафтишотӣ интиқол додани гумонбаршаванда, ба адвокат иҷозат намедиҳанд, ки дар танҳоӣ бо зерҳимояаш вохӯрад. Дар он ҷой бо ӯ чӣ кору чӣ рафтор мекунанд, барои мо номаълум боқӣ мемонад. Вохӯриҳои мо танҳо дар утоқи кории муфаттиш ва дар ҳузури ӯ сурат мегиранд, ки  дар ин ҳолат гумонбаршуда бо адвокаташ ошкоро ва рӯйирост сӯҳбат карда наметавонад», - гуфт вай.

Ба қавли ӯ, ташхисҳои судиву тиббӣ дар бештари ҳолатҳо дар асоси қарори мақомоти ҷустуҷӯйи ҷиноятӣ гузаронида шуда, мутаассифона, хулосаҳо дар бисёр ҳолат духӯраанд. «Масалан, бори аввал хулоса медиҳанд, ки ҷароҳатҳо сабуканду ба саломатӣ безараранд, вале баъд аз як мӯҳлат боз хулоса медиҳанд, ки ҷароҳатҳо вазнинанду ба саломатӣ зараровар. Ё баръакс. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем. Ман ҳамчун адвокат ба хулосахои судиву тиббӣ бовар надорам», - мегӯяд ҳимоятгар.

Нурулло Маҷидов изҳор кард, ки баъдан гумонбаршуда ва ё айбдоршаванда бе иштироки ҳимоятгар аз ташхис гузаронида мешавад. «Дар тавқифгоҳи муваққатӣ шаҳодатдиҳӣ мегузаронанд ва мо, адвокатҳоро ба он ҷой роҳ намедиҳанд. Ва ҷароҳатҳои бардоштаи айбдоршаванда ва ё гумонбаршударо ба қайд намегиранд. Бо баҳонаҳои зиёд дар тавқифгоҳи муваққатӣ онҳоро нигоҳ медоранд, то нишонаҳои ҷароҳатҳо нест шаванду баъдан ӯро ба боздоштгоҳи муваққатии тафтишотӣ мефиристанд», - иброз дошт вай.

«Як парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба истиқоматкунандагони ноҳияи Панҷ Сайлимо Бозорова ва Садафмоҳ Ятимоваро, ки суди ноҳияи Панҷ баррасӣ кард, ба гунаи мисол меорам. Сайлӣ Бозорова бо шавҳараш Садафмоҳ Ятимоваро мавриди латукӯб қарор дода буданд. Маркази ташхиси судиву тиббӣ ба Ятимова хулоса додаст, ки дар натиҷаи латукӯб ҷароҳати миёна гирифтааст. Ҳамчунин Сайлӣ Бозорова низ хулосаи ташхиси судиву тиббӣ гирифт, ки ҷароҳат сабук асту ба саломатӣ безарар аст. Баъдан тафтишот дуру дароз идома ёфта, то он даме, ки Бозорова дуюмбора хулосаи даркорӣ нагирифт, муфаттиш парвандаро ҷамъбаст накард. Дар хулосаи дуюм ҷароҳатҳои сабуки Бозорова ба ҷароҳати миёна табдил ёфтанд», - зикр кард ҳимоятгар.

Адвокат мисоли дуюмро низ хотиррасон намуд, ки дар як парвандаи ҷиноятӣ оид ба одамрабоӣ ҳамчун ҳимоятгар иштирок карда будааст. «Ҷабрдида гӯё ҳангоми озодшавиаш аз ташхиси судиву тиббӣ гузашта, коршинос ба хулосае расидааст, ки ҷароҳаташ дараҷаи сабук буда, ба саломатӣ зараровар нест. Баъд аз ду моҳ хулосаи такрорӣ мегирад, ки ҷароҳати бардоштааш дараҷаи миёна буда, ба саломатӣ зараровар мебошад, яъне ду устухони бадани ӯ шикаста аст. Бубинед, ки ҳар ду хулоса бо имзои як нафар дода шудааст ва якеаш муқобили дигараш мебошад. Пас, чӣ гуна ба ин ташхисҳо бовар кардан мумкин аст?», - суол медиҳад ҳимоятгар.

Ғулом Бобоев мегӯяд, дар Маркази ташхиси судиву тиббии вилояти Хатлон мутахассисоне фаъолият доранд, ки пеш дар содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ муттаҳам шудаву ҳукми судӣ доранд. «Кӣ метавонад ба хулосаҳои ин гуна коршиносон бовар кунад?», - мегӯяд вай.

Шароит ва заминаи қонунгузорӣ лозим аст

Садриддин Наҷмиддинов, сардори Маркази ташхиси судиву тиббии вилояти Хатлон ба андешаи адвокатҳо розӣ нест.

Вай мегӯяд: «Ташхиси судиву тиббӣ бо дархости мақомоти тафтишот ва ё муроҷиати худи шаҳрвандон гузаронида мешавад. Ҳангоми баргузории ташхис коршиносони мо аз ҷабрдидаҳо ҳолати корро пурсида, баъдан ба муоина мепардозанд. Мо ҷароҳатҳои онҳоро дида, хулоса медиҳем. Ҳолатҳое мешаванд, ки баъд аз табобат гирифтани ҷабрдида дар муассисаҳои тандурустӣ ва зарурати хулосаи нав, тибқи варақаи бемории муассисаи тиббӣ хулосаи нав дода мешавад».

С.Наҷмиддинов мегӯяд, он далелҳое, ки гӯё коршиносони мо дар асоси фармоиши кормандони мақомоти тафтишот хулоса медода бошанд, асоси воқеӣ надоранд. «Маркази мо ҳамеша зери назорати мақомоти назоратӣ ва вазорати тандурустӣ қарор дорад ва ҳамаи амалҳои мо дар асоси қонун сурат мегиранд. Ба наздикӣ намояндагони Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон аз маркази мо боздид карда, ба кори мо баҳои қаноатбахш доданд. Ҳамчунин дар мавриди парвандаи одамрабоии зикршуда, гурӯҳи корӣ аз Вазорати тандурустӣ ин ҳолатро мавриди санҷиш қарор дод. Асоси хулосаи дуюме, ки адвокат аз он изҳори норозигӣ кардааст, ҳуҷҷатҳои тиббии шахси ҷабрдида мебошанд, ки дар яке аз муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе табобат гирифтааст. Мо ҳамаи ин ҳуҷҷатҳоро ба гурӯҳи кории вазорат пешниҳод кардем», - афзуд Наҷмиддинов.

Оид ба эроди ҳуқуқшиносон, ки нафарони пеш судшуда дар маркази мо фаъолият мекунанд, ӯ гуфт, ин то андозае дуруст аст. «Дарвоқеъ, ду нафар корманди мо қаблан аз ҷониби суд маҳкум шуда, барои ҷиноятҳои содиркардаашон дар назди қонун ҷавоб гуфтаанд. Имрӯз онҳо тариқи шартнома ҳамчун корманди одӣ фаъолият доранд. Сабаби дигари ба кор ҷалб кардани ин нафарон норасоии кадрӣ мебошад. Ин мушкилот дар мо вуҷуд дорад ва бинобар сабаби набудани мутахассис, мо маҷбур шудем, ки онҳоро дубора ба кор ҷалб созем. Прокуратураи вилоят низ барои ба кор ҷалб шудани ин нафарон эътироз карда буд ва ба прокуратура ҳам ҷавоб навиштем, ки аз сабаби набудани мутахассисон, маҷбур шудем, онҳоро ба кор даъват кунем», - изҳор дошт сардори Маркази ташхиси судиву тиббии вилоят.

Номбурда аз ҷой доштани мушкилоти техникӣ дар маркази мазкур ва марказҳои байниноҳиявӣ низ ҳарф зад. «Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва Раёсати тандурустии вилоят, мо тавонистем, ки марказҳои ташхиси судиву тиббии байниноҳиявиро фаъол гардонем ва то андозае шароити кори лозимаро фароҳам созем. Умед аст, ки солҳои наздик шароити мо низ беҳтару хубтар хоҳад шуд. Айни замон он ташхисҳоеро, ки баргузориаш дар маркази вилоятӣ ғайриимкон аст, ба Маркази ҷумҳуриявӣ ба Душанбе мефиристем ва хулосаро дар асоси ташхиси онҳо медиҳем», - илова кард Наҷмиддинов.

Парвина Наврӯзова, намояндаи Маркази ҳуқуқи инсон мегӯяд, дар ин ҷода мисли дигар қонунгузориҳои кишвар, қонунҳои миллӣ ба меъёрҳои байнулмилалӣ мувофиқат надоранд. «Бигирем худи Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро. Дар моддаи 210-и он омадааст, ки ҷабрдида ва ё шоҳид ихтиёран аз ташхиси судиву тиббӣ мегузаранд. Гумонбаршуда ва ё айбдоршаванда бошад, маҷбуран дар асоси қарори муфатиш аз ташхис гузаронида мешаванд. Ҳол он ки дар протоколи Истамбул омадааст, ки  бояд пеш аз гузаронидани ташхиси судиву тиббӣ андешаи гумонбаршаванда ва ё айбдоршаванда низ ба инобат гирифта шавад», - иброз дошт вай.

Парвина Наврӯзова илова кард, ки онҳо як тадқиқотеро ба анҷом расонида, вазъи ташхиси судиву тиббӣ, азназаргузаронии тиббӣ ҳангоми боздошт ва то кадом андоза ба қонунгузорӣ мувофиқ будани ин амалҳоро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

«Аз натиҷаи ин тадқиқот маълум шуд, ки дар аксари азназаргузарониҳо ҳангоми боздошт бо сабаби набудани духтурон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ духтурони муассисаҳои тандурустиро ҷалб кардаанд. Аз ҷумла, шикастабанд ва дигар духтуронро. Аммо ин амалҳо на ҳамеша дар доираи қонунгузорӣ сурат мепазиранд. Дар аксари ҳолатҳо бидуни ягон қарори дахлдор кормандони милиса нафари дастгиршударо ба маркази солимӣ оварда, бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ, духтурро маҷбур мекунанд, ки ӯро аз назар гузаронад. Аслан, мувофиқи протоколи Истамбул, ҷалби кормандони марказҳои солимӣ ва дигар муассисаҳои тандурустӣ таҷрибаи хуб аст, вале бояд ин амал дар доираи қонун сурат пазирад. Ин ҷо як паҳлӯи дигари масъала мавҷуд аст, ки духтурон таҷрибаи пурсиши шахси дастгиршударо надоранд. Аввалан, онҳоро бояд омӯзонид, ки дар чунин ҳолатҳо чӣ гуна нафари боздоштшударо мавриди пурсиш қарор бидиҳанд. Нофаҳмии дигар дар он аст, ки қонунгузорӣ муайян накардааст, духтуре, ки нафари дастгиршударо аз назар гузаронидааст, дар кадом шакл бояд ҳуҷҷат пешниҳод кунад», - иброз дошт Парвина Наврӯзова.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки норасоии кадрҳо мушкили дигари марказҳои ташхиси судиву тиббӣ  мебошад. «Дар тамоми чунин марказҳои кишвар ҳамагӣ 72 нафар мутахассисон фаъолият мекунанд, ки ниҳоят кам аст. Агар мувофиқи протоколи Истамбул ташхиси судиву тиббии дастгиршуда, гумонбаршуда ва ё айбдоршаванда дар муддати на камтар аз 4 соат гузаронида шавад, коршиносони мо онро дар муддати аз 1 то 3 соат анҷом дода, сабабашро дар камбуди вақт ва имконият арзёбӣ мекунанд. Ҳамчунин аз ҷиҳати техникӣ низ марказҳои ташхиси судиву тиббӣ камбудии зиёд доранд», - илова кард намояндаи Маркази ҳуқуқи инсон.

Ба ақидаи ҳуқуқшиносон, баҳри пешгирӣ ва саривақт ошкору исбот кардани ҳолатҳои шиканҷа, давлат бояд пеш аз ҳама барои марказҳои ташхиси судиву тиббӣ ва кормандони тиббии боздоштгоҳҳои муваққатӣ шароити дурусти техникӣ фароҳам созад. Ҳамчунин қонунгузорӣ дар ин самт низ ба бозомӯзӣ ниёз дошта, бояд ба меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқ гардонида шавад. Ба ҷуз ин, бояд дар кишвар марказҳои ташхиси судиву тиббии мустақил таъсис ёбанд, то ки ташхис ва хулосаҳои судиву тиббӣ шаффоф бошанд.

Сайраҳмон НАЗРИЕВ, Asia-Plus