Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро муваззаф кард, то ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов беш аз 46 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт намояд.
Давлатхонум Ҳикматова, ҳамсари Сафаралӣ Сангов, ки иддао дорад, шавҳараш дар пайи лату кӯби маъмурони пулис ҷон додааст, аз додгоҳ хоста буд, то Вазорати корҳои дохилӣ барои зарари маънавӣ ва молӣ ба ӯ 150 ҳазор сомонӣ товон диҳад. Гулчеҳра Холматова, вакили дифои хонаводаи марҳум Сафаралӣ Сангов мегӯяд, додгоҳ пас аз таҳқиқи санадҳои пешниҳодкардаи онҳо чунин тасмим гирифт.
Сафаралӣ Сангов, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе моҳи марти соли 2011 бо ҷароҳатҳои вазнин аз шӯъбаи дувуми милисаи ноҳияи Сино ба бемористон оварда шуд, аммо ӯ баъди 4 рӯз даргузашт. Пайвандонаш марги ӯро натиҷаи шиканҷа ва латукӯб медонанд.
Давлатхонум Ҳикматова, ҳамсари Сафаралӣ Сангови ҷавонмарг бо истиқбол аз ҳукми додгоҳ гуфт, хушнудии ӯ на барои маблағ, балки бештар аз тантанаи адолат аст. Зеро ба таъкиди ӯ, ҳеҷ сармояе ҷойи холии шавҳарро барои ӯву ҷои падарро барои фарзанди ягонаи онҳо пур карда наметавонад: «Инро бо ягон чӣ пур карда намешавад. Ин барои ман ҳамчун доғ як умр дар дилам мемонад. Чунки масалан, шавҳари маро ягон авбош накушт, ягон роҳзан, ягон дузд накушт. Шавҳари маро кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бурда, зада-зада куштанд».
Аммо масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мавриди ҳалномаи додгоҳи Сино изҳори назаре накарданд ва ҳанӯз рушан нест, ки онҳо ба ин тасмими догоҳ мувофиқанд ё хайр. Бар асоси қонун онҳо ҳақ доранд, ки алайҳи ҳалномаи додгоҳ ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят баранд. Дар ғайри ин, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ӯҳдадор мешавад, ки маблағи таъинкардаи додгоҳро ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов пардохт кунад.
Нозирони умур ҳукми додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бесобиқа медонанд ва мегӯянд, барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон додгоҳ мақомоти қудратиро муҷозот мекунад. Дар аввалҳои моҳи март идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон низ барои пардохти 30 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 6 ҳазор доллар ҷуброн ҳамсари Исмоил Бачаҷонов, ки ду сол пеш дар боздошт даргузашт, мувофиқат карда буд. Аммо ин тасмим бар асоси мусолиҳаи ҷонибҳо буд, на бо ҳукми додгоҳ.
Соҳибназарон водор ба пардохти ҷуброни зарари маънавӣ кардани ниҳодҳои давлатӣ аз сӯи додгоҳро ба маънои эътироф кардани шиканҷа аз ҷониби маъмурони интизомӣ медонанд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик дар ин бора мегӯяд, «вақтҳои ахир бояд гуфт, ки баъзе мансабдорон вуҷуд доштани шиканҷаро эътироф мекунанд. Шерхон Салимзода дар як баромадаш гуфта буд. Худи ҳамин қарорҳои суди Бачаҷонов ва ҳамин маблағе, ки бо қарори додгоҳ бояд Вазорати корҳои дохила супорад, ин маънои онро дорад, ки ҳатман муқобили шахс шиканҷа шудааст».
Дар ҳамин ҳол, Идораи ҳуқуқи башар, як созмони мудофеи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик нисбати Баҳромиддин Шодиев низ ба додгоҳ шикоят бурданист, то тарафи ҷавобгар ба хонаводаи ӯ низ пардохти зарари маънавӣ кунад. Баҳромиддин Шодиев соли 2011 барои дуздӣ боздошт шуда, рӯзе баъд дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон интиқол дода шуд ва баъд аз 10 рӯз даргузашт. Пайвандонаш мегӯянд, ки ӯ низ қурбони латукӯби кормандони милиса шудааст.
Аммо пардохти 46 000 сомонӣ ба хонаводаи Сангов ва 30 000 сомонӣ ба хонаводаи Бачаҷонов суолеро халқ кардааст, ки чаро ҷони одамро дар Тоҷикистон чунин арзон баҳо мекунанд. Дар ҳоле, ки як додгоҳи Душанбе аз нашрияи "ИмрӯзNews" барои паст задани эътибори писари раиси ширкати роҳи оҳан Рустам Ҳукумов 50 000 сомонӣ талаби товон кардааст, дар маҳофил мегӯянд, магар арзиши ҷони инсон дар Тоҷикистон арзонтар аз шаъну шарафи писари як мансабдор аст?