Ассо Шарифов: натиҷаи манфии тести коронавирус талаб карда мешуд

Нимаи моҳи июли соли ҷорӣ намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар робита ба мавҷи навбатии сирояти коронавирус дар муассисаҳои ислоҳотии кишвар ягон маҳдудият ҷорӣ карда нашудааст. «Мулоқот бо хешовандону адвокатҳо бо тартиби қаблӣ амалӣ карда мешавад. Талаботи ягона барои боздидкунандагон - ин мавҷудияти тести манфии коронавирус ва риояи меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ аст»,- зикр намуд манбаъ. Пас, оё адвокатҳо дар таҷрибаи худ ҳангоми фаъолиятҳояшон мавҷуд набудани маҳдудиятро мушоҳида мекунанд? Дар ин маврид бо назари адвокат Ассо Шарифов ошно шавед:

- Ҳангоми мавҷудияти пандемияи “КОВИД-19” зерсохторҳои СРИҶҶ ВА ҶТ барои адвокатҳо барои ворид шудан ва вохӯрӣ кардан бо зерҳимояҳо ягон маҳдудият пешниҳод намекарданд. Аммо талаб карда мешуд, ки ниқоби тиббӣ пӯшида шавад.

Барои хешовандони маҳбусон ё айбдоршавандагони нигоҳдоришаванда барои вохӯрӣ натиҷаи манфии тести коронавирус талаб карда мешуд. Дар сурати мусбат будани тест, онҳо ба муассисаҳо роҳ дода намешуданд.