Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суд даъвои шаҳрванд Ёдгоров Ҳасанро оид ба рӯёнидани зарари моддӣ ва маънавӣ бинобар дастгиркунии ғайриқонунӣ ва нигоҳ доштан дар ҳабс қисман қонеъ намуд.
7-уми октябри соли 2022 Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе даъвои Ёдгоров Ҳасанро дар бораи рӯёнидани зарари моддӣ ва маънавӣ бинобар дастгиркунии ғайриқонунӣ ва нигоҳ доштан дар ҳабс қисман қонеъ намуд.
Бо ҳалномаи суд ВКД ҶТ уҳдадор мегардад, ки аз ҳисоби худ ба фоидаи даъвогар дар ҳаҷми 5 000 (панҷ ҳазор) сомонӣ маблағи талофӣ барои расонидани зарари маънавӣ пардохт намояд.
Дар қисмати зарари моддӣ даъво рад карда шуда, он чунин асоснок карда шуд, ки мутобиқи талаботи қисми 1-и моддаи 1079-и Кодекси граждании ҶТ, даъвогар рӯёнидани зарарро аз шахси зараррасон талаб намояд.
Прокурор ҳам дар баромади худ мавқеи ВКД ҶТ-ро дастгирӣ намуда, хулосаи рад кардани даъворо ба суд пешниҳод намуд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 9-уми феврали соли 2022 шаҳрванд Ёдгоров Ҳасан ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо аризаи даъвогӣ ҳамчун даъвогар бо ҷавобгарии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвои рӯёнидани зарари маънавӣ барои ғайриқонунӣ дастгир кардан ва дар ҳабс нигоҳ доштан ба миқдори 400 000 ҳазор сомонӣ ва аз санаи 25-уми майи соли 2022 бо аризаи даъвогии иловагӣ оид ба рӯёнидани зарари моддӣ дар ҳаҷми 5949 сомонӣ муроҷиат намуда буд.
Баррасии даъвои мазкур дар Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе тӯли ҳашт моҳ бо баҳсу мунозираҳои мунтазами тарафҳои парвандаи мазкур давом кард.
Даъвогар ва намояндаи ӯ маблағи ахиран муқаррарнамудаи судро ба зарари ҷисмонӣ ва руҳие, ки Ёдгоров Ҳасан дар натиҷаи 6 моҳи ғайриқонунӣ дар ҳабс қарор доштанаш дида буд, номувофиқ шумурда, ба зинаи болоӣ шикояти кассатсионӣ пешниҳод карданиянд.