Эътилоф ба қурбониёни эҳтимолӣ аз шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад

Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз чораҳои қонуниву дастрас оид ба ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷаву мносибати бераҳмона ва аъзои оилаи онҳо машғул аст.

Аз ҷумла, ҳуҷҷатгузории хабарҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона (МБ), расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва МБ ва ё аъзои оилаи онҳо, машварати ҳуқуқӣ ва намояндагӣ аз манфиатҳои қурбониёни шиканҷаву муносибати бераҳмона ва аъзои оилаи онҳо дар мақомоти давлатӣ ва суд, ҳамоҳангсозии расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба қурбонии шиканҷа ва ё хешовандони ӯ бо дигар ташкилотҳо, адвокатҳо, коршиносон, ВАО, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳоимияти давлатӣ дар мавриди пешбурди таъсиси механизми самараноки вокуниш ва тафтишоти босамари далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, истифодаи механизмҳои байналмилалии ҳимоя,- аз ҷумла омадааст дар буклет.

Таъкид карда шудааст, ки «асос барои машварати ҳуқуқӣ ва намояндагӣ дар мақомоти давлативу судӣ аризаи хаттии қурбонии эҳтимолии шиканҷа ва ё хешовандони ӯ ба ташкилоти узви ГКҲ ба шумор меравад. Муроҷиаткунанда бояд ариза оид ба расонидани кӯмакро бо хоҳиши худ, бидуни таъсироти беруна имзо намояд».

Ҳамзамон, гуруҳи мазкур муроҷиаткунандагонро роҳнамоӣ кардааст, то барои дарёфти кӯмаки ҳуқуқӣ бевосита ба қабулгоҳҳои ҳуқуқии ташкилотҳои узви ГКҲ - Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ», ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва ТҶ «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ», ки дар суроғаи ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои «Тоҷикматлубот» ҷойгиранд, муроҷиат намоянд.

Инчунин, барои тамос телефонҳои боварии Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ оварда шудааст:

- Дар минтақаҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ: +992 98 787 66 66

- Дар минтақаҳои вилояти Суғд: +992 98 787 33 33

- Дар шаҳри Душанбе ва НТМ: +992 98 708 76 76

- Инчунин, метавонед муроҷиати худро дар шакли мактуби электронӣ ба суроғаи notorture.tj@gmail.com  ирсол намоед,- гуфта шудааст дар буклет ва ишора ҳам гардидааст, ки ҳамаи хизматрасониҳо ройгонанд.

NoTorture.Tj