Эътилофи зидди шиканҷа дар минтақаи Кӯлоб

Чанде қабл тариқи ҳафтавораи ҷамъиятии Пайк ва дигар нашрияҳои маҳаллӣ оид ба фаъолияти муваққатӣ оғоз намудаи "Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маълумот дод будем. Зимнан ёдрас мешавем, ки ҳадаф аз фаъолияти Эътилоф дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ин ошноӣ пайдо намудан бо Эътилоф, ҳадаф ва вазифаҳои он дар ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ҳамзамон расонидани кӯмаки беғаразона ба нафарони дучори шиканҷа буд, ки то андозае мо дар муаррифии ин ниҳод миёни ҷомеъаи шаҳрвандӣ муваффақ ҳам шудем.

Ҳамасола 26-уми июн  дар сартосари ҷаҳон алалхусус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ "Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи шиканҷа" таҷлил гардида дар ин асно якқатор ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмиллаӣ ки дар ин самт фаъолият доранд маълумоти зарурии бадаст оврадаро ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои қудратӣ муаррифӣ мекунанд. Дар соли ҷорӣ низ Эътилоф мақсад дорад, ки аз ин рӯзи ҷаҳонӣ оид ба пешгирии шиканҷа ва беҷазоӣ таҷлил намояд ва баргузории якқатор чорабиниҳо алакай амалӣ гардида ҳамзамон қисмати дигари чорабиниҳо то ин рӯз баргузор мешаванд.

Ба фаъолияти пилотӣ яъне муваққатӣ пардохтани Эътилоф дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб то андозае огоҳии мардумро нисбат ба фаъолияти гуруҳи ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон зиёд намуд.

Эътилофи дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб давоми 5 моҳ фаъолият намуд ва дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Наҷоти кӯдакон” ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ вобаста ба масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муайян кардани сатҳи огоҳии мардум оид ба чунин навъи ҳуқуқвайронкунӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод ва Ҳамадонӣ ҷамъомадҳои дастаҷамъона баргузор намуд. Зимни вохӯрӣ бо раисони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб бо дастгирӣ аз сиёсати "Дарҳои кушод" санадҳои зарурӣ аз ҷумла мемарандумҳо ба имзо расида мақомотҳои маҳаллӣ омодагии худро дар амалишавии лоиҳа ва пешгирии шиканҷа ва беҷазоӣ изҳор доштанд. Ёдрас мешавем, ки ҳанӯз ҳам Эътилофи мазкур ҳадафу мақсадҳои худро дар якҷоягӣ бо кормандони ташкилоти ҷамъиятӣ, адвокатҳо , равоншиносон ва рӯзноманигорон ба роҳ монда дар сурати рух додани шиканҷа ва ё ба ҳамин монанд қонунвайронкуниҳо шаҳрвандон метавонанд ба мо муроҷиат намоянд.

Зимнан бояд ёдовар шуд, ки дар давраи пандемия ва хуруҷи бемории COVID-19 қисмати зиёди сокинони сайёра ба якқатор мушкилотҳо рӯ ба рӯ шуданд, ки яке аз ҳадафи роҳандозии лоиҳа дар минтақаи Кӯлоб дар ин давраи ҳассо муҳиму саривақтӣ буд. Сокинон ва шаҳрвандоне, ки ба шиканҷа рӯ ба рӯ мешаванд ҳанӯз ҳам имкон доранд, ки  ба мутахассисони ташкилот, аз ҷумла ба ҳуқуқшинос, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносони ботаҷриба муроҷиат намуда, дар самти мубориза бар зидди шиканҷа ҷиҳати ҳаллу фасли воқеаи рӯйдода маслиҳатҳои муфид гиранд.          

Бори дигар хотиррасон мекунем, ки  озодӣ аз шиканҷа яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарини инсон мебошад, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии дохиливу байналмилалӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон пешбинӣ шудааст. Шиканҷа - қасдан расонидани азобу уқубати ҷисмонӣ ё руҳист, ки аз ҷониби намояндагони мақомоти давлатӣ бо мақсади муайян истифода бурда мешавад. Чунин мақсадҳо метавонанд аз гирифтани маълумот ё нишондод дар содир намудани ҷиноят, тарсонидан, ҷазо додан барои ягон ҳаракат иборат бошанд. Намудҳои аз ҳама маъмули шиканҷаи ҷисмонӣ - ин латукӯб, истифодаи қувваи барқ, бо халтаи пластикӣ (селофанӣ) бӯғӣ кардан, муддати дароз хӯрок надодан ва нарасонидани ёрии тиббӣ мебошад. Зимнан дар баъзе ҳолатҳо ин амалҳо тасдиқи худро наёбанд, дар ҳолати дигар ҳатто наворҳои видеоӣ низ наметавонанд барои ба ҷазо кашидани шахсони содиркунандаи шиканҷа мусоидат намоянд. Бо мақсади пешбарӣ намудани сиёсати миллӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа ҳанӯз соли 2011 "Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон " ба фаъолият оғоз намуд ва дар ҳайати худ зиёда аз 80 нафар намояндагони ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносон баҳри мубориза бар зидди шиканҷа муттаҳид гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки давоми фаъолияти 5 моҳа дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб тариқи баргузории суҳбату вохурӣ бо фаъолони ҷамоату деҳоти шаҳру ноҳияҳои болозикр дар минтақаи Кӯлоб ҳадаф, мақсад ва фазифаҳои худро ба саҳми иштирокдорон расонидем. Аммо дар ин давра аз як ҷониб хушбахтона ва аз ҷониби дигар бо далелҳои номаълум касе ба мо оид ба дучор шудан бо шиканҷа ва ё дигар намуди беҷазоӣ муроҷиат накарданд. Дар яке аз мақолаҳои худ мо иброз доштем, ки то андозае мардум аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар саҳифаҳои интернетӣ хуб истифода менамоянд ва рупуш шудани чунин амалҳо дар ин минтақа ғайриимкон арзёбӣ мегардад. Ба ҳар сурат итминон дорем, ки мардум аз фаъолияти Эътилоф ба хубӣ огоҳӣ пайдо кардаанд ва дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо чунин амалҳо ҳатман аз хизматрасониҳои эътилоф метавонанд муроҷиат намоянд.

Эътилоф сомона (вебсайт)-и худро дорад, ки дар суроғаи https://notorturetj.org/ ҷойгир шудааст ва дар масъалаи шиканҷаву муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон, алалхусус дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб метавонанд ба мо тариқи телефони +992 918198718 муроҷиат намоянд.

NoTorture.Tj