Ҳамкории ҳимоятгарон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Ҳамкории ҳимоятгарон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ

9-11 январи соли 2013 Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» барои ҳимоятгарон ва ҳуқуқшиносони ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзўи «Механизмҳои байнулмилалӣ ва миллии озодӣ аз шиканҷа» доир месозад. Дар ин чорабинӣ сарвари Фонди ҷамъиятии «Нотабене» Нигина Баҳриева ба ҳайси тренер фаъолият мекунад.

Семинар дар доираи лоиҳаи «Мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Шўъбаи Ташкилоти Байнулмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Чӣ тавре ки ба Notorture.tj ҳамоҳангсози лоиҳа Сергей Романов иттилоъ дод, мақсад аз баргузории ин давраи омўзишӣ саҳмгузорӣ дар мубориза бар зидди шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон тавассути баланд бардоштани иқтидори ҳуқуқшиносон ва адвокатҳо, ҳимояи ҳуқуқии ҷабрдидагони шиканҷа ва пешбарии стандартҳои озодӣ аз шиканҷа дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқӣ мебошад.

Дар ҷараёни семинар масоили фаъолият тибқи расмиёти махсуси Шӯрои ҳуқуқи инсон ва ирсоли шикоятҳо ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ, инчунин қонунгузории миллӣ ва санадҳои байнулмилалӣ оид ба пешгирии шиканҷа ва ҳимояи ҷабрдидагон баррасӣ мешаванд. Ба ҷуз ин, таҳлили марҳилаҳои асосии иштироки ҳимоятгарон дар баррасии парвандаҳои марбут ба ҳолатҳои шиканҷа, аз ҷумла, алгоритми амалҳои пайдарҳами адвокат ҷиҳати ҳимояи ҷабрдидагони шиканҷа (дастгиркунӣ, тафтишоти пешакӣ, суд), маслиҳатдиҳӣ ва гузаронидани мусоҳибаҳо бо ҷабрдидагони шиканҷа ба нақша гирифта шудааст.

Дар анҷоми семинар иштирокдорон масоили густариши ҳамкории адвокатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятиро дар самти пешгирии шиканҷа баррасӣ мекунанд.

Маълумот: Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» созмони ҳомии ҳуқуқ буда, аз гурўҳи адвокатҳои дорои иҷозатнома ва ҳуқуқшиносон иборат мебошад, ки манфиатҳои аҳли ҷомеаро ҳимоя мекунанд.

NoTorture.Tj