Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ба кормандони муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон рӯзҳои 26-28 сентябр дар ҷараёни як давраи омӯзишӣ механизмҳои миллӣ ва байнулмилалии озодӣ аз шиканҷаву муносибати бераҳмона ва принсипҳои протоколи Истанбулро таълим медиҳанд.
Чорабинии мазкур дар бинои Маркази такмили ихтисоси назди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» дар ҳамбастагӣ бо Эътилофи ташкилотҳои чамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) гузаронида мешавад.
Чӣ тавре ки ба NoTorture.Tj Тоҷиддин Ҷалолов, сарвари Маркази ҳуқуқи кӯдак иттилоъ дод, ҳадафи аслии ин давраи омӯзишӣ такмили дониши кормандони муассисаҳои ислоҳӣ оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқҳои инсон ва кӯдак мебошад.
Дар чорабинии мазкур 15 нафар кормандони фаврӣ, тиббӣ ва мураббиёни муассисаҳои тафтишотӣ, ислоҳӣ ва тарбиявӣ, инчунин намояндагони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ иштирок доранд. Ба ҳайси тренерон мутахассисони ташкилотҳои ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак», «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон», «Апейрон» ва «Маркази ҳуқуқи инсон» фаъолият мебаранд.
Дар ҷараёни семинари серӯза санадҳои байнулмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон, меъёрҳои миллию байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, тафтишу санадсозии муассири далелҳои шиканҷа ва муносибату ҷазои бераҳмона тибқи принсипҳои протоколи Истанбул, меъёрҳои ахлоқии фаъолияти тиббӣ ва ҳуқуқӣ, далелҳои равонии истифодаи шиканҷа, инчунин пешгирии фишору шиканҷаи равонӣ мавриди таҳлилу баррасии иштирокдорону тренерон қарор мегиранд.
Ба ин тариқ, Эътилофи ташкилотҳои чамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати ҳуқуқии кормандони муассисаҳои ислоҳӣ ва пешгирии шиканҷаю муносибати бераҳмона кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Маълумот: Протоколи Истанбул дастур оид ба тафтишу санадсозии муассири далелҳои шиканҷа ва муносибату ҷазои бераҳмона мебошад. Дар он принсипҳои байнулмилалии роҳбарикунанда ҷихати баҳогузории вазъи ҷабрдидагони эҳтимолии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ҳамчунин пешниҳоди натоиҷи чунин баҳогузорӣ аз ҷониби додгоҳ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки барои тафтиши далелҳои шиканҷа масъуланд, зикр ёфтаанд.
Протоколи Истанбул натиҷаи кори таҳлилии сесолаи 75 коршиноси соҳаи тиб ва ҳуқуқи инсон мебошад, ки аз 40 созмону муассисаи 15 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекарданд. СММ дар соли 1999 бо мақсади ба кишварҳо додани дастури амалии санадсозии муассири далелҳои шиканҷа ин ҳуҷҷатро қабул кардааст. Протоколи мазкур имкон медиҳад, ки далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба хотири таъмини адолати судӣ ошкор карда шаванд.
Принсипҳои протокол (ҳамчун «Принсипҳои Истанбул» маъруфанд) таҳияи меъёрҳои ҳадди ақалро дар бар мегиранд, ки маъмулан аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб дар қазияҳои миллӣ ва байнулмилалӣ барои баҳогузориву собитсозии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи ҷисмониву равонӣ истифода мешаванд.