Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати судяи суди шаҳр Улуғбек Мустафоқулов мурофиаи судӣ нисбати маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев идома дорад, вале бо иваз шудани судя вазъ тағйир наёфта, ҷаласаи судӣ мисли пешин дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Хуҷанд пушти дарҳои пӯшида мегузарад ва ба ҳузури журналистон дар мурофиа роҳ намедиҳанд.
Мурофиаи судӣ нисбати махбусон рӯзи 25-уми июли соли ҷорӣ оғоз гардида, бинобар сабаби таъини судя М.Шарифов ба мансаби нав дар минтақаи дигари кишвар, баррасии он боздошта шуд. Ҳарчанд ҷаласаи судӣ кушода бошад ҳам, бо ҳар баҳонае журналистонро ба он роҳ намедиҳанд.
Нисбати маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев мутобиқи моддаҳои 21, қ. 1 (Ретсидиви ҷиноят), 332, қ. 2 (Кирдорҳое, ки шахси адокунандаи ҷазо дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ содир намудаааст) ва 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
Тошев ва Ризоев дар қатори як гурӯҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта пас аз марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд. Наздикони Ҳамза Ҳакимзода то ҳол мегӯянд, ки дар ҷисми ӯ осори возеҳи шиканҷа ва лату кӯб аён буд, аммо коршиносон сабаби марги Икромзодаро худро ба дор овехтан арзёбӣ намуданд.