Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Аз 18 то 21-уми сентябр коршиносони созмони байнулмилалии «Табибон барои ҳуқуқи инсон» аз ИМА ва Гурҷистон дар Душанбе барои табибони зинаи аввал, равоншиносон, коршиносони судиву тиббӣ ва адвокатҳо оид ба масоили ҳуҷҷатгузории дуруст ва пурсамари далелҳои шиканҷа аз ҷониби кормандони тиббӣ дар марҳилаи тафтиши ҷиноии боздоштшудагон ва маҳбусон тренинги омӯзишӣ баргузор мекунанд.
Чорабинӣ аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсони ҶТ» ва созмони байнулмилалии «Табибон барои ҳуқуқи инсон» бо дастгирии Шуъбаи Ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон доир мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» хабар доданд, иштирокчиёни тренинг бештар бо маводи амалӣ аз наздик ошно гардида, тарзу усулҳои асосии тафтиши пурсамар ва ҳуҷҷатгузории маълумот оид ба далелҳои истифодаи шиканҷаро меомӯзанд.
Ба гуфтаи ҳамоҳангсози лоиҳаи «Мусоидат ба ҷорисозии принсипҳои Истамбул дар фаъолияти коршиносони судиву тиббӣ» Парвина Наврӯзова, ба иллати мавҷуд набудани меъёрҳои танзимкунандаи тартиби ташкил ва баргузории ташхиси ғайридавлатии судиву тиббӣ ва ҳамчунин табибони варзидаи дорои таҷрибаи баҳодиҳӣ ба истифодаи шиканҷа, таъсиси хадамоти ғайридавлатии ташхиси судиву тиббӣ ғайриимкон аст.
«Дар ин робита мутахассисонро бо меъёрҳои Протоколи Истанбул оид ба муоинаи аввалияи шахсони боздоштшуда мебояд аз наздик ошно кард, то ки ба боздоштшудагон ва адвокатҳои онҳо барои интихоби табиб ё муассисаи тиббӣ ҷиҳати муоинаи тиббӣ ҳуқуқ дода шавад», - иброз дошт ӯ.
Директори Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судиву тиббӣ Яҳё Одинаев илова намуд: «Айни замон дар ҳамдастӣ бо ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷорисозии меъёрҳои Протколи Истанбул ба таҷрибаи судиву тиббӣ мавриди таҳия қарор дошта, ҳамчунин бозбинии тамоми асноди меъёриву ҳуқуқӣ ва мутобиқгардонии он ба меъёрҳои байнулмилалӣ дар назар аст».
Протоколи Истанбул дастури самараноки тафтиш кардану санадсозии далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву муҷозот мебошад. Дар он принсипҳои роҳбарикунандаи баҳогузории вазъи ҷабрдидаҳои эҳтимолии шиканҷаву муносиботи бераҳмона, ҳамчунин пешниҳоди натоиҷи чунин баҳогузорӣ аз ҷониби мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки барои тафтиши далелхои шиканҷа масъуланд, зикр ёфтаанд.
Протоколи Истанбул – ин натиҷаи заҳмати сесолаи кори таҳлилии 75 коршиноси соҳаи тиб ва ҳуқуқи инсон мебошад, ки аз 40 ташкилоту муассисаи 15 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекарданд. Соли 1999 санади мазкурро СММ ба мақсади ба мамлакатҳо додани дастури амалии санадсозии самараноки далелҳои шиканҷа қабул кардааст. Протоколи мазкур имкон медиҳад, ки далелҳои шиканҷа ва муносиботи бераҳмона ба хотири таъмини адолати судӣ ошкору ифшо карда шаванд.
Принсипҳои протокол (ҳамчун «Принсипҳои Истанбул» маъруф аст) таҳияи меъёрҳои ҳадди ақалро дар бар мегиранд, ки одатан аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб дар қазияҳои миллӣ ва байналмилалӣ барои баҳогузории собит кардани шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи ҷисмониву равонӣ истифода мешаванд.